4 марти соли равон дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон (ДДТТ) «Рӯзи дарҳои кушода» доир гардид, ки дар он устодону донишҷӯёни муассиса ва муаллимону хатмкунандагони мактаби таҳсилоти миёнаи умумии пойтахт ширкат варзиданд. Роҳбарият ва устодони донишгоҳ барои шиносоии ҳар чӣ бештари хатмкунандагони мактабҳо бо шароити таълиму тарбия дар донишгоҳ ва факултетҳои он рӯзномаи «Тоҷир» ва буклету варақаҳои тарғиботии касбу ҳунарҳои гуногунро, ки дар он ҷо омӯзонида мешаванд, омода намуда буданд. Оид ба шароити истироҳати донишҷӯён дар хобгоҳ навори видеоӣ низ пешниҳод гардид.
Тавре иттилоъ ёфтем, ДДТТ дар рейтинги макотиби таҳсилоти олии мамлакат, ки Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф аз рӯи 34 нишондод муайян намудааст, дар байни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ мақоми 5-умро соҳиб гардидааст. Соҳиби ҷоизаҳои «Сифати аврупоӣ» ва «Муассисаи беҳтарини Аврупо», ҳамчунин, аккредитатсияи байналмилалӣ мебошад.
- Чунонки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд: «Ҷавонони мо давомдиҳандагони кору фаъолияти насли калонсол, неруи тавоно ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, хулоса, ояндаи давлат буда, фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти онҳо минбаъд низ ҳамчун яке аз масъалаҳои муҳимтарини сиёсати Ҳукумат боқӣ мемонад», — гуфт яке аз масъулони чорабинӣ Раҷабалӣ Шарифзода.
Номбурда афзуд, ки барои таҳсилу омӯзиш ва истироҳати шогирдону устодон дар донишгоҳ ва воҳидҳои сохтории он — Донишкадаи иқтисод ва савдо дар шаҳри Хуҷанд, Донишкадаи илмию таҳқиқотии бозори истеъмолӣ ва хизматрасонӣ, литсей, 4 факултети омӯзиши рӯзона, факултети таҳсилоти фосилавӣ, шуъбаи тайёрӣ, 10 маркази тестӣ бо 600 компютер, марказҳои компютерӣ, омӯзиши забонҳои хориҷӣ, бозомӯзӣ ва такмили ихтисос, молшиносӣ ва муоинаи молҳо, хизматрасонӣ ва дастурхондорӣ, озмоишгоҳҳои маҳсулоти хӯроки омма ва молшиносиву муоинаи мол, парки технологӣ, корхонаи дӯзандагӣ, китобхона, маҷмааи варзишӣ, ошхона, меҳмонхона, нуқтаи машваратӣ оид ба интихоби ихтисосҳо ва ғайра тамоми шароит фароҳам аст.
- Мо хатмкунандагони мактабҳоро бо дастовардҳои донишгоҳ шинос намудем ва итминон дорем, ки дар интихоби касбу кор ба онҳо кумак хоҳад кард, — гуфт ӯ.
- Аз шиносоӣ бо дастовардҳои ДДТТ хушам омад, — гуфт Маҳина Абдураҳимова, хатмкунандаи МТМУ №18.
- Пас аз хатми мактаб ман ҳатман ҳуҷҷатҳоямро ба ин донишгоҳ месупорам, — изҳор кард ҳамсинфи Маҳина — Шукурзода Меҳрона.
Н. НИЗОМӢ, «Садои мардум»