Пешниҳод

Рӯзи мардонагиву ҷасорат

№24-25 (3325-3326) 20.02.2015

Ҳар сол 23 феврал чун рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукӯҳу шаҳомати  хоса ҷашн гирифта мешавад. Агарчӣ солҳои пеш ин чорабинӣ танҳо чун ҷашни сарбозону афсарон қайд карда мешуд, вале солҳои охир 23 феврал ба рӯзи мардонагиву шуҷоат, ҷасорат, меҳандӯстӣ табдил ёфта, миёни тамоми табақаҳои аҳолӣ, аз ҷумла мактаббачагон низ ҷашн гирифта мешавад.

Дар ин рӯз мардум на танҳо аскарону афсарон, балки кулли мардони кишварро табрик мегӯянд. Дилдодаҳо бо дӯстдоштагони худ, донишҷӯйдухтарон ба ҷавонони ҳамсабақи худ, коргарзанон ба мардони ҳамкори худ ва толибагон ба ҳамсинфони худ ҳатман туҳфаеро тақдим карда, онҳоро табрик мегӯянд. Ҳатто мо — устодони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ эҳсос мекунем, ки 23 феврал дигар як ҷашни маъмулӣ нест ва он ба рӯзи махсус барои мардони ватандӯсту ватанпарвари кишвар  табдил ёфтааст.

Бо дарназардошти махсусиятҳои ин ҷашни бузург таклиф мекунам, ки дар оянда ҳар сол 23 феврал дар мактабҳои миёна дарсҳои махсуси ҳарбӣ – ватандӯстӣ ба роҳ монда шуда, ба мактаббачагон аз аҳамияти ҳифзи Ватан, шуҷоату мардонагӣ ва ватандӯстиву ватанпарварӣ дарс гуфта шавад. Бигзор дар ин рӯз на танҳо омӯзгорон, балки афсарони Вазорати мудофиаи кишвар низ дар дарсҳо ширкат варзида, ба шогирдон дарси мардонагӣ омӯзанд, дар бораи хизмат ба Ватан ва аз рӯзгори қаҳрамонони Ватан ҳикояҳо кунанд. Барои ҷалби онҳо ба сафи артиш ташвиқот бурда, дар дили хонандагон рӯҳияи ватанпарастӣ ва миллатдӯстиро бедор намоянд. Барои пайдо кардани таҷриба оид ба пурзӯр намудани тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии  ҷавонон дар мактабҳо вохӯриҳо гузаронида шаванд. Бурдани толибилмони синфҳои болоӣ ба қисми ҳарбӣ, нишон додани базаи таълимӣ, машқҳои аскарон низ аз аҳамият холӣ нахоҳад буд.

Гузаронидани дарсҳои махсус дар ин рӯз барои баланд бардоштани тарбияи маънавию ахлоқӣ мусоидат намуда, хонандагонро аз таъсири таблиғоти ифротгароёна дур месозад. Дар чунин дарсҳо арзишҳои ахлоқию маънавӣ, шеърҳои ватандӯстонаи шоирони адабиёти классику муосири тоҷикро низ ба шогирдон бояд омӯзонем. Бахусус омӯзонидани ашъоре, ки арзишҳои муқаддаси гузаштагони моро бозгӯйӣ мекунанд ва дорои хусусияти методологии таълиму тарбия дар замони мо шуда метавонанд, ба манфиати кор аст.

Метавонем бо овардани мисолҳо аз қаҳрамониҳо, лашкаркашиҳо ва давлатсозии шоҳоне, ба мисли Исмоили Сомонӣ, адолатпарварии Анӯшервони одил рӯҳияи ватанпарастӣ ва мардонагии шогирдонро баланд бардорем. Мо метавонем дар чунин дарсҳо дили шогирдонро ба ояндаи дурахшон гарм намуда, ба онҳо нишон диҳем, ки Давлат ва Ҳукумати кишвар ба туфайли фарзандони қаҳрамонаш  чӣ гуна зиндагии сазоворро барояшон муҳайё кардааст.

Рӯзу шуҷоату мардонагиро ба ҳама родмардони кишвар табрик мегӯям.

Зебуннисо Раҳмонова, омӯзгори синфҳои ибтидоии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии  №84-и ноҳияи Сино