«Раҳовард» бозгӯйи диловариҳост

№145 (3782) 07.12.2017

РаховардҲусейни Назрулло рӯзноманигор ва адиби пуркорест, ки солиёни дароз бори қаламро бар дӯш дорад. То имрӯз китобҳои ӯ «Афғонис­тон: Оташ дар хонаи ҳамсоя», «Баракати Истиқлол», «Истаравшан — 2500», «Истаравшан дар партави Истиқлол», «Роҳи муқаддас», «Шикасти афғон» ба дасти хонандагон расидааст.

Ӯ дар тасвири чеҳраҳои мардони номдор ва заҳматқарини ҷумҳурӣ, инъикоси рӯзгори мардуми гуногунпеша, бунёдкорӣ ва таъриху фарҳанги кишвар маҳорати хос дорад. Публитсистикаи адиб хеле қавӣ буда, тавассути ин жанр ҷанбаҳои мухталифро воқеъбинонаву пуртаъсир бозгӯйӣ кардааст.

Чанде пеш нашриёти «Бухоро» китоби нави Ҳусейни Наз­руллоро бо номи «Раҳовард» чоп кард, ки се қиссаи мустанад: «Роҳи муқаддас», «Замини Акбар» ва «Чашми хирад»-ро дар бар мегирад.

Қаҳрамони «Қиссаи роҳи муқаддас» Маҳкамҷон Йӯлдошев яке аз маорифпарварони нимаи аввали асри гузашта мебошад, ки зиндагиашро сарфи илму маърифат намудааст. Вай ҳамчунин нахустин сарвари Пажӯҳишгоҳи илмию тадқиқотии ҶШС Ӯзбекистон аст.

Дар қиссаи «Замини Акбар» нависанда хонандаро бо зиндагӣ ва қаҳрамониву диловарии фотеҳи Мирзочӯл Акбар Ҳоҷимуродов ошно месозад. «Чашмаи хирад» бошад, аз кору рӯзгори пизишки варзидаи чашм Раҳматҷон Абдуллоев қисса мекунад.

Пешгуфтори китобро Шоири халқии Тоҷикистон Гулназар навиштааст. Номбурда ба кори нависанда баҳо дода, аз ҷумла, таъкид мекунад: «Муаллиф хостааст, ки ҳақиқати зиндагии дирӯзаю имрӯза, ҷонфидоиҳо баҳри фардои нек, эҳсоси масъулият ҷиҳати адои кори хайр, ифтихор аз давлату миллат ва боварӣ ба фардои дурахшонро нишон диҳад ва бешубҳа ба ин муваффақ ҳам гаштааст».

 

ВОРИС,

«Садои мардум»