Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро сокинони Ватани маҳбубамон гарму ҷӯшон пазируфтанд.
Паёми Пешвои миллат масъалаҳои ниҳоят муҳим – боло бурдани сатҳи некуаҳволии мардум, устувории дӯстиву ваҳдат, рушди маорифу илм ва тандурустӣ, мубориза ба муқобили терроризм ва дигар ҷанбаҳои ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии мамлакатамонро дар бар мегирад. Пешвои миллат дар зимн қавитар намудани пояҳои ахлоқии ҷомеаро аз ҷумлаи вазифаҳои муҳим донистанд, зеро имрӯз дар натиҷаи роҳ ёфтани идеологияи бегона ва иртиҷоӣ ба ҷомеаи мо, махсусан, таъсири он ба ҷавонон, хавфи ноустувор гардидани пояҳои ахлоқи миллӣ ба миён омадааст. Пешвои миллат ба такрор таъкид мекунанд, ки мо бояд ватандӯст бошему сарзамини аҷдодиамонро пайваста ободу зебо намоем, ифтихори миллиамон баланд бошад. Ин омилҳо, аз ҷониби дигар, ба ҳифзи Истиқлолияти давлатиамон мусоидат мекунанд. Дар иҷрои аксар дастуру нишондодҳое, ки дар Паём таъкид шудаанд, аҳли маориф нақши муҳим доранд. Дар Паём омадааст, ки «аз устодону омӯзгорон ва падару модарон талаб карда мешавад, ки диққати наврасон ва хонандагону донишҷӯёнро барои аз бар намудани донишҳои муосир ҷалб намоянд, ба сатҳи азхудкунии фанҳои дақиқ бештар таваҷҷуҳ зоҳир кунанд, забонҳои хориҷӣ ва омӯзиши технологияҳои иттилоотию коммуникатсиониро ба роҳ монанд ва ба касбомӯзии шогирдону фарзандон эътибори ҷиддӣ дода, онҳоро дар рӯҳияи донишомӯзиву меҳнатдӯстӣ тарбия намоянд». Ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ таваҷҷуҳ намудани Сарвари давлат бесабаб нест. Дар ҷаҳони муосир донистани забонҳои хориҷӣ барои ҷавонон хеле муҳим аст ва ин барои тақвияти робитаҳои хориҷӣ, дастрасӣ ба донишҳои замонавӣ, равнақи ҳамкориҳо бо давлатҳои ҷаҳон ва амсоли ин нақши муҳим мебозад. Вале бояд иқрор шуд, ки дар масъалаи таълими забонҳои хориҷӣ соҳаи маорифи мамлакат ба як қатор мушкилот рӯбарӯст, ки масъалаи таъмини муассисаҳои таълимӣ бо омӯзгорони варзидаи забонҳои хориҷӣ, нашри китобу дастурҳои босифату луғатномаҳо аз ҷумлаи онҳост. Чунин норасоиҳоро дар самтҳои дигари таълиму тарбия низ метавон ба мушоҳида гирифт. Бо вуҷуди ин, дар иртибот бо дастурҳои Пешвои миллат баҳри рафъи ин норасоиҳо қотеона ҷидду ҷаҳд намудан вазифаи мо- омӯзгорон мебошад.
Дилором Саъдуллоева, директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №65-и шаҳри Душанбе