Хабари андуҳбори марги ӯ маро ба ҳолати «шок» овард: сарам чархид, пеши дидагонам сиёҳӣ зад ва… лаҳзае пас ба худ омада, аз даргоҳи Худои мутаол мағфираташро таманно дошта, бо дарду алам гуфтам:
- Парвардигоро, дар доноиву қодир буданат заррае шак надорам, ба ҳамабиниву ҳаматавоният қойим ҳастам. Вале ҷавонмардеро, ки дар маҳфили донишварон шамъи фурӯзон буд, чаро ин қадар зуд аз мо рабудӣ?
Шаҷараи Раҳматулло Раҳмонзода бодавлату хоҷазода гузаштааст. Падараш Абдулазиз бо аҳли хонавода солҳои муҳоҷиршавӣ аз кӯҳистони Сари Хосор ба таҳдашт кӯч баст. Пирамард ва аҳли табори ӯ якумр бо меҳнати ҳалолу нони деҳқонӣ ба сар бурда, мардумро ба ободгариву созандагӣ ҳидоят мекарданд.
Ҳар гоҳе бо Раҳматулло вомехӯрдем, бо лабони пурханда, самимияти хос ва андаке ҷиддӣ мегуфт: «Чӣ ҳол дорӣ, бародари азизам? Хайрият, медидаем-ку, биё, рафтем ба кафедра…».
Раҳматулло мисли бародарони бузургсолаш Абдулло, Абдуҷаббор ва Абдуғаффор вақтҳои фориғ аз кор худро ба ҳалқаи пирони рӯзгор мезад. Рӯзнома ё маҷалла дар бағал ҷониби саҳро мерафт ва ҳини дамгирӣ, сари мазрае нишаста, маърифат меандӯхт. Ҳаёти худро бе китоб тасаввур намекард. Зеро лавҳу қалам дар равоқи хонадон ҷойгоҳи махсус дошт.
Бародарони ташнаи илму маърифат бо фотеҳаи падар ҳамгуни кабӯтарони навбол пасопеш озими шаҳри Душанбе шуданд. Яке дар хобгоҳ зиста, дигарон манзилеро иҷора гирифтанд. Толибилмони ҳамсолашон бо кӯлбори дониш аз мамолики Осиёи Марказӣ довталаб омада буданд. Қабули имтиҳонот шадид гузашта, ба як ҷой ҳафт-ҳашт кас рост меомад.
Чархи даввор сафеду сиёҳро ба ҷояш мегузорад. Ҳамсафи ҷавонони толибилм ҷигарбандони мӯйсафеди Абдулазизи Раҳмон имтиҳоноти қабулро муваффақона супорида, донишҷӯ гардиданд. Аз ин комгорӣ сари падар ба осмон расид.
Феҳристи таълифоти олими пурмаҳсул гувоҳ бар он аст, ки ҳароина паи ҷӯяндагӣ ва эҷоди пурбаракат қарор доштааст. Фазилату талоши олиҷанобаш дар шоҳроҳи илм омил ба қадрмандӣ ва нишони соҳибэҳтиромии ӯ миёни ҳампешагон буд.
Олими пурмаҳсули тоҷик Раҳматулло Раҳмонзода дар айни камолоти эҷодӣ моро падруд гуфт. Муболиға намешавад агар бигӯем, ки нотамомиҳои соҳаи тибро ӯ пурра мекард. Омаданҳои хосу ом ба қабулгоҳи номбурда аз ҳамин зовия об мехӯрд. Ӯ низ ба ҳар кадомин ончунон рафтор мекард, ки ба дардашон малҳам шавад ва миллати солим дар роҳи эъмори ҷомеаи навин баҳри созандагӣ ва барозандагӣ пайкор дошта бошад.
Раҳматулло Раҳмонзода — доктори илмҳои тиб, профессор, ноиби президенти Академияи илмҳои тиби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мудири кафедраи асабшиносӣ ва асосҳои ирсияти тиббии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, бо таълифи асарҳои «Асосҳои генетикаи (вирсияти) тиббӣ ва амрози асабия» (дастури амалӣ бо ҳаммуаллифии А. М. Пӯлодов, Душанбе, 2002), «Амрози сорӣ ва сорӣ-гармбодии силсилаи аъсоб» (бо ҳаммуаллифии А. М. Пӯлодов, Душанбе, «Сурушан», 2002), «Асабшиносӣ» (бо ҳаммуаллифии А. М. Пӯлодов, Душанбе, «Полиграф групп», 2011), «Алоим ва бемориҳои нейростоматологӣ» (бо ҳаммуаллифии Н. М. Наҷмиддинова, Душанбе, 2011), «Ҷадвалҳои маъмули асабшиносӣ» (Душанбе, 2013), «Протоколҳои клиникии бемориҳои силсилаи асаб» (бо мураттибии М. М. Асоев), «Курси лексияҳо аз асабшиносӣ»(бо ҳаммуаллифии М. М Асоев, М. М. Ҷалолова), «Сохти анатомӣ ва ихтилоли асабҳои мағзисарӣ»(бо ҳаммуаллифии М. Т. Ғаниева, Душанбе, 2015), «Издивоҷи хунӣ ва оқибатҳои он» (Душанбе, 2016), «Никоҳи хешутаборӣ ва солимии оила» (Душанбе, 2017) ва ғайра дар пешрафти илми асабшиносии тоҷик хидмати арзишманд кардааст.
Солҳо мегузаранд, насли пешин ҷояшро ба пасовандон медиҳад. Тахассусмандони соҳаи тиб асарҳои бо заҳмат иншонамудаи Раҳматулло Раҳмонзодаро варақ гардондаву баҳраи бепоён бардошта, мавзӯоти илмияшро пурра месозанд. Шояд нафаре пайдо шавад, ки аз рӯи фаъолияти илмии ин донишманди мумтоз рисолаи номзадӣ ё докторӣ дифоъ намояд.
Аҷали бераҳм шахсиятеро дар синни 56 аз миёни мо рабуд, ки рӯзгори ибратомӯз дошт. Ӯ зиндагиро китобӣ намедид, яъне шебу фарозашро бо камоли хирадмандӣ омӯхтаву дар муносибат бо атрофиён хоксор, чашмсер, ғамгусор, бекина, дардошнову таҳаммулпазир ва мардумписанд буд.
Ниёиш мекунам, ки хонаи охирати дӯсти арҷмандам пурнур бошаду фирдавси барин:
Вақти видои дӯст ба ҳангоми бозгашт,
Э кош, дида аз паси сар мешудӣ маро.
Сипеҳри Абуабдуллоҳи ҲАСАНЗОД