Мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли уламои кишвар ва ҷомеаи шаҳрвандии мамлакат ва суханронии пурмуҳтавои Сардори давлат дар он фарогири мавзуъҳои доғи рӯз, аз ҷумла озодии виҷдон ва масъулияти кулли сокинони мамлакат дар таъмини фазои солими ҳамзистии тамоми халқу миллатҳо, тарбияи ахлоқии наврасону ҷавонон, зарурати рушди илму маориф ва дигар самтҳои иқтисодию иҷтимоии кишвар буд.
Роҳбари давлат бо далелҳои асосноки динию ҳуқуқӣ зарурати дар ҳама манотиқи ҷумҳурӣ ҷилавгирӣ намудан аз бесарусомониҳои низоми давлатдорӣ, эътибори ҷиддӣ додан ба риояи қонунҳо ва талаботи дини мубини ислом нисбати сарфакорӣ, адолатпешагӣ дар кору зиндагӣ, дастгирии ҳамешагии маъюбону шахсони камбизоат ва дар ботини ҳар шаҳрванд бедор намудани ҳисси ватанпарварию хештаншиносиро ба иштирокчиёни ин мулоқот бо эҳсосоти баланд ва дилсӯзӣ изҳор доштанд.
Ҳангоме ки Президенти мамлакат аз оёти Қуръони Карим ва ҳадисҳои Пайғамбар (с) ёдовар шуда, ба аҳли толор тавсия ва маслиҳатҳои худро медоданд, бори дигар дарк мекардам, ки даъвоҳои баъзе ашхоси беинсофу худобехабар, ки гӯё дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Давлату Ҳукумат нисбати аҳли уламо ва диндорон беҳурматӣ мешавад, беасосанд. Самимияти бепоёни Сарвари давлат нисбати арзишҳои динию дунявӣ ва уламои кишвар, баҳои баланди ӯ ба мавқеи Куръони Маҷид ва ҳадисҳои Пайғамбар (с) дар тарбияи ахлоқии мардум аз он шаҳодат медиҳад, ки роҳбарияти сиёсии кишвар ба дини мубини ислом арҷгузорӣ намуда, дар баробари ин зидди ҳама гуна унсурҳое мебошад, ки дини исломро барои амалӣ намудани ғаразҳои нопоки хеш сӯйиистифода кунанд.
То солҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, чуноне ки Президенти кишвар борҳо зикр менамоянд, бисёр шахсон ҳатто дар иҷрои суннатҳои динӣ (намозхонӣ, рӯзадорӣ ва ғайра) пинҳонкорӣ мекарданд.
Ман аз солҳои 70-уми асри гузашта дар мақомоти идоракунии давлатӣ фаъолият дорам ва хуб медонам, ки дар он давраҳо дари масҷидҳои ҷомеа қулф буд, ҳатто мӯйсафедон намозашонро озодона хонда наметавонистанд.
Намозгузориҳои дастҷамъонаи мардум дар рӯзи идҳои Фитр ва Қурбон, намози таровеҳ ва таҷлили идҳои мардумӣ, ки имрӯзҳо дар саросари мамлакат бе ягон монеа амалӣ гардида истодааст, он солҳо умуман ғайриимкон буд.
Магар онҳое, ки бо ғаразҳои шахсию бадбиниҳои сиёсӣ дар ин бобат Давлату Ҳукуматро зери тозиёнаи танқид мегиранд, аз таърихи на чандон дури давлатдориҳоямон, бехабар монданд?
Ҳангоми ин ва дигар мулоқотҳои Президенти ҷумҳурӣ бо мардум ҳамеша ҳис мешавад, ки Эмомалӣ Раҳмон ба ҳама таклифу пешниҳодҳои иштирокчиёни он эътибори ҷиддӣ дода, дар мавридҳои зарурӣ, ақидаҳои хешро бо меҳрубонию самимият, далелҳои асосноку раднашаванда баён менамояд ва танҳо бо чунин хислатҳои неку имондории бепоён ӯ ба дилу дидаи мардум ҷой гирифтааст.
Ин хислатҳои наҷиб, рафтору пиндори нек ва адолатпешагии Сардори давлатро агар тамоми соҳибмансабон хуб омӯзанд ва дар фаъолияти хеш амалӣ созанд, муаммоҳои мавҷудаи мардуми мо ҳар чӣ тезтар ҳалли худро меёбанд. Мутаассифона, баъзе мансабдорони сатҳҳои гуногуни ҳокимият ақидаи мутахассисонро ба инобат намегиранд, дар амалҳои хеш донистаю надониста, ба кибру ғурур роҳ медиҳанд, ки он боиси гуногунандешиҳо дар ҷамъият шуданаш мумкин аст.
Масалан, ба наздикӣ дар як ҷаласаи сатҳи ноҳиявӣ ширкат варзида, шоҳиди тундмизоҷӣ, худписандию танқидҳои таҳқиромези мансабдори воломақоме шудам ва худ ба худ, ҳамчун шахси дар мақомоти гуногуни давлатӣ солҳои зиёд фаъолиятдошта савол медодам, ки оё ҳалли масъалаҳои дар ин машварат муҳокимагардида бо роҳи маслиҳатомез, пурсишҳои беғаразона ва дастурҳои мушаххаси дӯстона, мумкин набуд? Магар ҳамаи муаммоҳои мавҷударо танҳо бо роҳи таҳқиру фишороварӣ, дар назди мардум беобру намудани ягон роҳбар ё мутахассис ҳал кардан зарур аст?
Барои чӣ Сарвари давлат бо чунин ваколатҳои зиёду ҷаҳонбинии ҳаматарафа, мухолифони собиқро хуб гӯш карда метавонанду баъзе мансабдорон вазифаҳои хизматии хешро танҳо бо кибру ғурур, ҳавобаландӣ ва дағалмуомилагӣ иҷро карданӣ мешаванд?
Дар ин маврид шоира Озод Аминзода хеле хуб гуфтааст:
Дил шикастанҳои ту рӯзе миёнат бишканад,
Ин ҳама болоравӣ рӯҳи равонат бишканад.
Эй дилозоро, саманди кибрро оҳиста рон,
Худпарастӣ пояи умри ҷавонат бишканад.
Мулоқоти навбатии Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли ҷомеаи кишвар, ки дар арафаи моҳи шарифи Рамазон баргузор гардид, баҳри тақвият бахшидан ба ваҳдати миллӣ, устувор гардонидани пояҳои давлатдории тоҷикон, барпо намудани ҷомеаи шаҳрвандӣ ва дар ин асос таъмин намудани шароити мусоид ба рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакат такони бузург хоҳад дод.
Карамулло ОДИЛОВ, Корманди шоистаи Тоҷикистон