Якуми апрели соли равон раиси ноҳияи Айнӣ Неъматулло Раҳматуллозода дар шаҳри Душанбе бо ҷавонони ноҳия, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии пойтахти кишвар таҳсил менамоянд, мулоқот кард. Номбурда бо ёдоварӣ аз дастовардҳои 25 соли соҳибистиқлолии кишвар ва эълони шудани соли 2017-Соли ҷавонон, гуфт, ки донишҷӯён бо истифода аз шароити фароҳам бояд тамоми неруву имконияташонро ба донишомӯзӣ ва азхуд кардани касбу ҳунар сарф намоянд. Дар мулоқот донишҷӯён таклифу дархостҳояшонро ба раиси ноҳия пешниҳод намуданд. Неъматулло Раҳматуллозода гуфт, ки нафарони дархосту пешниҳоддошта на танҳо имрӯз, балки дилхоҳ вақт метавонад онҳоро ба Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ пешниҳод намоянд.
Шариф АТОБУЛЛОЕВ,
«Садои мардум»