РАМЗИ ШАҲОМАТУ ИФТИХОРИ МИЛЛАТ

№143 (4883) 22.11.2024

Барои шумора«Парчами давлатӣ баёнгари ҳаққи мавҷудияти миллати соҳибдавлати тоҷик бо тамоми ғановату асолати таърихиву фарҳангӣ ва ҳуқуқии он аст».

Эмомалӣ Раҳмон

Парчами давлатии мо, ки бо тобиши рангҳои сурх ҳамчун рамзи озодиву истиқлол, сафед — сулҳу оромӣ, сабз — ободию хуррамӣ ва тоҷи соҳибдавлатӣ бо ҳафт ситораи дурахшон инъикоси тамаддуни оламгир, фарҳанги деринбунёди давлатдорӣ, масири пуршарафи ватанхоҳӣ ва қаҳрамониҳои фарзандони ҷонфидои миллат, шоҳкориҳои илму фан ва шаҳрсозию тинати ободкорию созандагии мардуми мо мебошад, таҳти сиёсати хирадбунёду сулҳҷӯёнаи Пешвои муаззаму маҳбуби миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар марҳилаи навини давлатдории миллӣ моро ба дастовардҳои нодири сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ ташвиқ намуд.

Иттиҳоди муташаккили одамонро, ки майл ва ормони бунёди давлати миллӣ доранд, лозим аст нахуст, ҳудуди муайян дошта бошанд, ҳокимияти оммавиро таъсис диҳанд ва ниҳоят, соҳибихтиёр гарданд. Ҳарчанд соҳиби рамзҳои миллӣ будан шарти асосии мавҷудияти давлат нест, вале ин рукн дар таҳкими истиқлолият ва пешбурди робитаҳои сиёсӣ, ҳамчунин, ҳамоҳангии иқтисодию фарҳангӣ миёни мамлакатҳо нақши муассир дорад. Аксарияти давлатҳо дар заминаи иттиҳоди одамони соҳибфарҳанг, ҳомилони ғановати таърихи миллати хеш ба миён омадаанд ва низоми арзишҳои фарҳангию таърихӣ барои ташаккули низоми идоракунии ин кишварҳо мусоидат намудааст. Аз ин рӯ, дар аксари давлатҳо тамоюли пос доштани арзишҳо ва муқаддасоти миллӣ мушоҳида мешавад. Дар бештари мавридҳо ба хотири арҷгузорӣ ба арзишҳои фарҳангӣ ва афзудани ифтихори миллӣ дар рамзҳои давлатӣ чунин омилҳоро инъикос менамоянд. Мувофиқан тамоми давлатҳои муосир соҳиби рамзҳои миллии худ мебошанд ва парчами миллӣ яке аз рукнҳои асосии он ба ҳисоб меравад. Дар масири таърих соҳиби парчам будан яке аз аломатҳои асосии соҳибдавлатӣ будааст, зеро тасхир ва ё сарнагун шудани ҳукумате танҳо замоне эълон мегашт, ки парчами он таслим мешуд.

Парчам дар таърихи давлатдории мо ҳанӯз аз даврони хеле қадим яке аз рамзҳои асосӣ ба шумор рафта, ниёгони мо дар саромади ин тамаддун қарор доштаанд. Чунончӣ, олим ва мутафаккири тоҷик, Шоири халқии Тоҷикис­тон, устод Назри Яздонӣ дар китоби ниҳоят арзишманди хеш «Ҳикмати озодагон» бар асоси нақли «Шоҳнома»-и бегазанди Фирдавсии Тӯсӣ парчами аҷдоди мо — Дирафши ковиёниро яке аз ҳуҷҷатҳои дақиқу бешакку шубҳаи саҳми тоҷикон дар тамаддуни сиёсии умумиинсонӣ, рамзи истиқлолияти давлат, шаҳомату ҷалоли миллат, рамзи ваҳдатсозӣ, майдондорӣ дар арсаи ҷангу ободкорӣ ба қалам дода, таъкид мекунад, ки нишонаҳои дақиқи ин ифтихороти бостонӣ дар ҳамаи парчамҳои давлатҳои соҳибистиқлол имрӯз ҳам устувору ҷовидонист: 1) найза, байрақи ҳар давлате дар сари чӯбе ё маводи дигаре ­пайваста мешавад, ки ҳатман рамзи ҳамон найзаи Кова аст; 2) дар сари ҳар байрақе ҳатман нишоне ҳаст, ки бар ҳар гунае бошад, ишора ба пайкони найза дорад; 3) матои байрақ ба ҳар рангу навъе, ки бошад, ишора ба пешдомани чармини Кова аст, ки ба қасди қиём бар зидди зулму бедод ва адолатхоҳӣ афрохта шудааст. Минбаъд ҳамчун рамзи пирӯзӣ, расидан ба истиқлолу озодии мутлақ ҳамеша бардошта аст, ҳамеша таҳти нигаҳбонии махсус ва ифтихорбарангез қарор дорад.

Дар идома фишурдаи саргузашти Коваву Заҳҳок ва пирӯзии Фаридун оварда шуда, аз ҷумла таъкид мешавад, ки Дирафши ковиёнӣ такони ҳалкунанда бар он шуд, ки Фаридун ба он шаҳомату маъниҳои шоҳона афзуда, гирди он халқро ҷамъ кард ва Заҳҳокро шикаст дод. Яъне, Фаридун парчами Коваро ҳамчун рамзи қиёму ваҳдат пазируфт, ба он маъниҳои амиқи шоҳонаю сиёсӣ афзуд: аз матои беҳтарин, ки дар он замон матои румӣ будааст, бар сари найза байрақ дуруст кард, онро бо рангҳои сурху зарду бунафш ороиш дод, дар мобайни парчам тасвири нишони ориёниро (тасвире ба шакли гули дувоздаҳбарга – ишора ба дувоздаҳ бурҷи кайҳон, дар мобайни гул доирае гардон ба маънии ҷовидонагӣ ва дар ҳаракати ҷовидона будани кайҳон), дар чор гӯшаи парчам чор тасвире ба маънии чор шамшери ба чор сӯи сарҳади давлат омодаи дифоъро ҷой дод. Ба он парчам баъди зафарҳои муҳим ва ба муносибати ба тахт нишастани шоҳи нав­батӣ дурру гавҳарҳои қиматбаҳо дӯхта мешуд. Ин сангҳои қиматбаҳо вазифаи ҷангӣ ҳам доштанд, яъне дар набардҳо дар торикии шаб лашкарро раҳнамоӣ, даъват ва муттаҳид мекарданд.

Ҳамин тавр, мутафаккири тоҷик ин арзиши умумибашариро аз Фаридун (1634 -1564 т.м.) мерос дониста, дар маданияти сиёсию ҳуқуқии башар ба монанди ­Эъломияи Куруши Кабир (559-530) саҳми тамаддуни тоҷикон меҳисобад.

Аз рӯйи сарчашмаҳои таърихӣ, Дирафши ковиёнӣ аз давраи Фаридун то суқути сулолаи Сосониён маҳфуз буда, зимни ҳуҷуми арабҳо аз байн рафтааст.

Маҳз, поси хотири ҳамин хотираи таърихӣ, ҳамин мероси фарҳанги давлатдорию парчамафрозиҳост, ки дар партави сиёсати фарҳангӣ, эҳёсозии хотираи таърихии миллат, ташаббусҳои ҳувиятсозу мактаби давлатдории Сарвари хирадоину меросбари руҳи соҳибдавлатии аҷдодони тамаддунофар, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2006 зимни қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» (аз 28.06.2006, №192) тарҳу фалсафаи Дирафши ковиёнӣ дар Ливои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҷассам шуд.

Мутобиқи моддаи 2-юми қонуни мазкур, дар маркази ливо ҳамчун рамзи пойдорӣ ва бардавомии давлатдории миллӣ тасвири «Дирафши Ковиён» пешбинӣ шудааст. Дар қисми болоии он найза ҳамчун рамзи ирода ва қудрати ҳифзи Ватан тасвир ёфта, қисмати чаҳоргонаи дирафш чаҳор қисмати гетӣ буда, рамзи равобити некӣ, дӯстӣ ва ҳамкорӣ бо кишварҳо ва халқҳои ҷаҳон аст. Дар дохили дирафш чаҳор шохаи марғула дар даври Хуршед ҳамчун рамзи ҳамеша дар ҳаракат будани вақту замон, гардиши Замин ва дигар аносири коинот дар атрофи Хуршед инъикос ёфта, баёнгари бахт, ваҳдат, саодат ва пешрафти кишвар мебошад. Дар маркази дирафш шери болдор ҳамчун рамзи қудрат, нерумандӣ ва шукӯҳи давлат дар рӯйи осмони кабуд ва болои тасвири шери болдор тоҷ ва ҳафт ситора ҳамчун асоси Нишони давлатии кишвар инъикос ёфтаанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон нақш ва аҳамияти рамзҳои давлатӣ, аз ҷумла Парчами давлатиро ба назар гирифта, мақоми онро дар Конститутсия муайян намудааст, ки аз анъанаи солҳои гузашта дарак медиҳад. Моддаи 3 Конститутсияи соли 1994 дар низоми рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчами давлатиро низ муқаррар намуд.

Тарҳи кунунии Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон каме муқаддамтар — дар Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардида буд. 24 ноябри соли 1992 дар рафти кори иҷлосия ба Конститутсияи амалкунанда тағйирот дароварда шуда, Низомномаи Парчами давлатӣ тасдиқ гардид. Таҳкими минбаъдаи мақоми Парчами давлатӣ дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 12 майи соли 2007 сурат гирифтааст. Дар дебочаи қонун омадааст, ки эҳтироми волои Парчами давлатӣ ифтихори миллии ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Қонуни мазкур тарзи барафрохтан ва ҷойгиркунии тасвири Парчами давлатиро дар моддаи 5 ба таври муфассал муқаррар карда, таъмини ­риояи ин муқаррарот ба зиммаи роҳбарони мақомоти давлатии кишвар вогузор шудааст.

Мувофиқан, дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои риоя накардани тартиби барафрохтани Парчами давлатӣ ҷавобгарии маъмурӣ пешбинӣ шудааст. Моддаи 4831 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои риоя накардани талаботи қонунгузорӣ дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми набудани аломати ҷиноят ҷавобгарии маъмуриро муқаррар намудааст, ки ҳадди ҷазои он барои шахсони воқеӣ ҷарима ба андозаи аз ду то панҷ, ба шахсони мансабдор аз даҳ то бист ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз бист то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳоро ташкил медиҳад.

Шахсони воқеӣ барои таҳқири рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла Парчами давлатӣ, мувофиқи қонунгузории ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. Ҷавобгариро барои таҳқири Парчами давлатӣ моддаи 342 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳқири рамзҳои давлатӣ) муқаррар намудааст, ки ҳадди ҷазои он ҷарима ба андозаи то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳдуд кардан аз озодӣ ба муҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати то як солро ташкил медиҳад.

Азбаски Парчами давлатӣ яке аз рамзҳои муҳими истиқлолияти миллӣ ва давлатдории муосири мо, таҷассумгари асосҳои таърихӣ ва рамзҳои давлатдории гузаштаи тоҷикон, инчунин, ифодакунандаи мақсаду маром ва орзую ормонҳои тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад, моҳи ноябри соли 2009 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузории хеш доир ба муқаррар намудани Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонуни дахлдорро ба Маҷлиси Олии кишвар пешниҳод намуд. Тавассути ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» аз 19 ноябри соли 2009 ҳар сол рӯзи 24 ноябр ҳамчун Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон дар тамоми қаламрави кишвар бо шукӯҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта мешавад.

Парчами давлатии мо, воқеан, ҳамчун рукни муҳими давлатдории миллӣ, рамзи истиқлолу озодӣ, унсури муҳими иттиҳоду сарҷамъии мардум ва манбаи илҳоми наслҳо хидмат намуда, партавафшонии мутантани он аз фарози манораи 165-мет­рии пойтахти кишвар, аз минбарҳои бонуфузи минтақавию байналмилалӣ, мусобиқоти варзишии сатҳҳои гуногун ва ҳамзамон, дар марказҳои вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва шаҳракҳои ҷумҳурӣ кафолати осоишу суботи меҳан, рӯзгори рангину босаодати мардум ва таҳрикдиҳандаи ҳар фарди ватандӯст баҳри ободию ­шукуфоии рӯзафзуни Ватани азизу маҳбуб ­мебошад.

Ба қавли Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло, рангҳои сурху сафеду сабзи Парчами давлатӣ рангҳои ишқу умеду шукуфоиянд, ранг­ҳои нишоту некию ҳимматанд, он рангҳои дурахшони зиндагиянд, ки аз онҳо мешавад ҳама рангҳои дигарро бунёд ниҳод. Парчами мо нишонаи муҳаббати мо ба башар, ба инсоният аст, ишора ва даъватест ба осоиштагӣ ва амонии тамоми сайёра. Парчами мо нишони руҳи бешикаст ва иродаи мустаҳками миллати мост, ки аз асрҳо, обу оташи маргбори замонаҳо, овардҳои хунини замонаҳо гузаштаю пойдор мондааст:

Эй, танида аз матои сад ҳазорон ҷисму ҷон!

Эй, фурӯғи ашку хуну ҳикмати озодагон!

Бо ҳазоронсола таърих аз пасат саф мекашем!

Мо туро чун ганҷи ҷони хеш дар каф мекашем!

Дар ҳамовозӣ бо ин таровишҳои қалби пуртуғёни шоири ватансаро таманнои онро мекунем, ки Парчами давлатии Тоҷикистони азиз ҳамчун рамзи бақои миллат, якпорчагии давлат, ваҳдату ҳамдилӣ, нангу номуси ватандорӣ ва муҳаббату садоқат ба Ватани аҷдодӣ то абад партавафшон ва роҳнамои наслҳои миллати сарафрозу соҳибтамаддун ба сӯйи қуллаҳои мақсуд бошад!

РАҲМОН

Дилшод Сафарбек,

раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният,

ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ,

доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор