«Бо итминони комил метавон гуфт, ки мероси таърихиву адабии гузаштагонамон ба бисёре аз саволҳое, ки ҳар рӯз мо ба онҳо рӯ ба рӯ мешавем, посухи сазовор медиҳад. Аз ин рӯ, дар даврони давлатсозии миллӣ мо бояд гаштаву баргашта ба таҷрибаи таърихии халқамон, аз ҷумла осори таърихиву адабии гузаштагонамон муроҷиат намоем ва аз ин мероси гаронбаҳо самаранок истифода кунем», изҳор дошта буд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар мулоқот бо зиёиёни мамлакат, 19 марти соли ҷорӣ.
Бо такя ба ин дастури Сарвари давлат чанде пеш «мухтасари Қонунномаи Сосониён» ба зерунвонии «Мотиконе ҳазар дотестон — ҳазор амсоли додгоҳӣ (Ҳуқуқи бостон)» бо эҳтимоми доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Холиқзода Абдураҳим Ғафор рӯи нашр омад. Ҳамчуноне дар пешгуфтори он омадааст: «Китоби мазкур сарчашмаи нодири илми таърихи ҳуқуқи мардуми форсу тоҷик буда, роҷеъ ба қарорҳои додгоҳӣ ва ақидаҳои ҳуқуқии ҳуқуқшиносони бостони тоҷик аз даврони авастоӣ то интиҳои даврони сосонӣ маълумот пешниҳод мекунад. Мотиконе ҳазарта датестон қарорҳои мубадон ва андешаҳои ҳуқуқшиносонро роҷеъ ба масъалаҳои муҳими ҳуқуқшиносии соҳаҳои мухталифи ҳуқуқ муайян менамояд. Дар он меъёрҳои зиёди ҳуқуқи гражданӣ, ҷиноятӣ, оилавӣ, мурофиаи гражданӣ ва ҷиноятӣ, ки дар замони давлатдории қадимии тоҷикон аз ибтидои ҳазораи 1 то асри 7 милодӣ мавриди истифода қарор доштанд, гирдоварӣ шудааст».
Ҳамчуноне муаллифи китоб оид ба табиати ҳуқуқии Мотиконе ҳазарта датестон менигорад, шиносоӣ бо ин сарчашмаи нодири илми ҳуқуқшиносӣ, ки аз забони ҳуқуқдонҳои машҳури тоҷику форс дар замонҳои хеле дури таърихӣ сурат гирифтааст, аҷиб ва диққатҷалбкунанда аст. Тарзи навишти меъёр, усули ҷойгиркунии мақсад, сифати талаботи ҳуқуқӣ ва забони он хеле ҳайратовар ва дар сатҳи баланди маърифати ҳуқуқӣ қарор дорад.
Масалан, дар фасли аввал дар бисту ду ҳолати пешбинишуда, ки ба шоҳидон бахшида шудааст, рафтори шоҳид дар мурофиа, тарзи гувоҳӣ додан, ҳолати тарафи даъво, ки нисбат ба шоҳидӣ ва мол пайдо мешавад, пурра шарҳ дода шудааст. Ҳарчанд диққати асосӣ ба шаҳодати гувоҳ, яъне шоҳид дода шуда бошад ҳам, мазмуни баъзе аз шаҳодатҳо ва ё инкоркуниҳо ба субъектони тарафҳои даъво дахл дорад.
Пас аз баёни бисту ду навъи шаҳодати гувоҳон (шоҳидон) барои равшан шудани ҳолати муҳокимаи судӣ ба навъҳои далелҳо ва исботкуниҳо пардохта, қавлҳои ҳуқуқдонони гуногунро дар мавриди ҳар як мутазаккир мешавад. Масалан, дар фасли аввали банди 2 дар сурати ба ихтиёри худ ҳозир шуда, гуноҳи худро дар одамкушӣ ба дӯш гирифтан агар далел ва шоҳиде вуҷуд надошта бошад, Мотикон гуноҳи шахсро эътироф мекунад, вале татбиқи ҷазоро иҷозат намедиҳад, то дарёфти далелҳои исботкунандаи гуноҳи ӯ.
Мотикон ва усулҳои ҳуқуқии он воқеан ҳам аз назари илми таърихи ҳуқуқ равшангари бузургии ниёгони халқи мо дар масири таърих ва пешгомии фарҳангии идорӣ ва ҳуқуқии аҷдодони мост. Усулҳои танзими масъалаҳои нодири ҳуқуқӣ, кашфи ҳақиқат дар парвандаҳои мубрами оиладорӣ, баҳсҳои молумулкӣ, муноқишаҳои иҷтимоӣ, ҳимояи ҳаққи инсонҳо, тартиби дуруст ва объективонаи коргузории додгоҳӣ, таъмини объективии баррасии парвандаҳо, эҳтироми мақом ва манзалати додгоҳ ҳамчун мақоми барканории бадиҳо, таъмини қонунии иштирокчиёни мурофиа дар мурофиаҳои судӣ гувоҳи фарҳанги ҳуқуқии пешрафта ва низоми идории такмилёфтаи ниёгони миллат аст, таъкид менамояд муаллиф роҷеъ ба қиммати сарчашма аз назари худшиносӣ ва пешгомии ниёгон. «Дар ин замина васфи Мотикон ва дигар сарчашмаҳо на танҳо шарт ва зарур аст, балки мояи ифтихор ва худшиносии миллист, ки дар эҳёи нуктаҳои созандаи миллат неру мебахшад» хулоса намудааст доктори илмҳои ҳуқуқ Холиқзода Абдураҳим Ғафор.
Абдумаҷид МУРОДОВ, «Садои мардум»