Чанде пеш дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия шашумин Конгресси байналмилалӣ дар мавзӯи «Бехатарӣ дар роҳҳо ба хотири бехатарии ҳаёт» баргузор гардид. Хабарнигорамон бо иштирокчии он, муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Зайнуддин Сафаров мусоҳиб шуд.
- Лутфан бигӯед, ки ҳадаф аз баргузории конгресс чӣ буд ва кадом масъалаҳо дар он матраҳ гардиданд?
- Ин чорабинӣ дар ду сол як бор бо иштироки намояндагони Шӯрои Федератсияи Маҷлиси федеролӣ, Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия ва Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои ИДМ баргузор мешавад. Дар конгресси навбатӣ намояндагони 25 давлат, аз ҷумла кишварҳои ИДМ, Олмон, Британияи Кабир, Австралия, Шветсия, Зеландияи Нав, Полша ва ғайра ширкат варзиданд. Ҳадаф аз баргузории он пешгирии ҳодисаҳои нохуш дар роҳҳо мебошад. Мавзӯи асосии конгресс иштироки фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ дар таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳҳо ва ҳамкории самараноки аҳолӣ бо мақомот дар ин самт буд. Масъулони чорабинӣ, инчунин технологияи зиддисадамавӣ, усулҳои нави таълими қоидаҳои бехатарӣ зимни ҳаракат дар роҳҳо, таҷҳизоту техникаи муосири расонидани ёрии фавриро ба тамошо гузоштанд.
- Муҳтавои маърӯзаи шумо аз чӣ иборат буд?
- Дар хусуси сиёсати ободкоронаи Ҳукумати ҷумҳурӣ бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ёдовар шудам, ки даҳ соли охир дар ҷумҳурӣ як қатор иншооти муҳими коммуникатсионӣ, аз қабили нақбҳои «Истиқлол», «Шаҳристон», «Дӯстӣ», «Шар-шар», «Хатлон», инчунин 30 галереяи автомобилии дарозиашон зиёда аз 60 километр ба истифода дода шуд ва 268 пули автомобилӣ сохта, зиёда аз 3000 километр роҳ таҷдид гардид.
Вобаста ба баланд шудани сифати таълиму имтиҳонгирии мактабҳои ронандагӣ таъкид намудам, ки алҳол дар ҷумҳурӣ ба хотири шаффофият камераҳои назоратӣ насб шудаанд.
Дар Тоҷикистон соли 1995 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳаракат дар роҳ» қабул шуд. 13 майи соли 2003 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Комиссияи ҳукуматӣ оид ба таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ таъсис ёфт, ки амалишавии қонуни зикршударо назорат мекунад.
- Вазъи садаманокӣ дар роҳҳои ҷумҳурӣ чӣ гуна аст?
- Алҳол дар мақомоти Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ қариб 1 миллион нақлиёти автомобилӣ ба қайд гирифта шудааст. Ҳар сол дар парки нақлиёти автомобилии мамлакат 60-70 ҳазор нақлиёт зиёд мешавад.
Бо мақсади назорати самараноки бехатарии ҳаракат дар роҳҳо соли 2013 дар шаҳри Душанбе Маркази автоматикунонидашудаи назорати ҳаракат дар роҳ — «Шаҳри бехатар» ба истифода дода шуд, ки он қариб 1000 камераи назоратиро дар бар мегирад. Баъди ба истифода додани он ҳодисаҳои роҳу нақлиётӣ кам шуд.
Дар 8 моҳи соли равон дар роҳҳои автомобилгарди ҷумҳурӣ 928 садама рӯй додааст, ки дар онҳо 311 нафар фавтида, 970 нафар ҷароҳат бардоштаанд. Дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта ҳодисаҳои нохуши роҳ 8,4 фоиз (85 адад), фавтидагон 1 фоиз (3 нафар) ва маҷрӯҳшавӣ 10,8 фоиз (117 нафар) кам гардидааст.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки аз ҳар 19000 нафар сокини ҷумҳурӣ соле 1 нафар дар ҳодисаҳои нохуши роҳ мефавтад. Дар муқоиса бо бисёр кишварҳо талафот аз ҳодисаҳои нохуши роҳ дар ҷумҳурии мо кам аст, вале ба ин нигоҳ накарда, Ҳукумати ҷумҳурӣ таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳҳоро зери назорати махсус гирифтааст. Алҳол дар мамлакат «Барномаи мукаммалсозии бехатарии ҳаракат дар роҳҳои автомобилгарди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2014-2016» амалӣ шуда истодааст. Бо амалишавии он бовар аст ҳодисаҳои нохуши нақлиётӣ боз камтар мегарданд.
- Бармегардем ба мавзӯи конгресс. Иштирокчиёни он барои пешгирии ҳодисаҳои нохуш чӣ пешниҳодҳои ҷолиб карданд?
- Намояндаи Британияи Кабир изҳор дошт, ки тайи 15 соли охир садама дар ин кишвар ду маротиба кам гардидааст. Сабаб он аст, ки давлат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ бо аҳолӣ ҳамкории зич доранд. Аз боғчаи кӯдакон то донишгоҳ ба ин масъала машғуланд.
Муовини раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси федеролии Федератсияи Россия Юрий Воробёв изҳор намуд, ки мушкилоти асосӣ на дар қонуну қарорҳо, балки дар тарбияву шуурнокии ҷомеа аст. Аз ин рӯ, дар амалишавии қонуну қоидаҳо нақши ҷомеаи шаҳрвандӣ бузург мебошад. Кормандони Бозрасии давлатии автомобилӣ, ронандагон ва пиёдагардон бояд баҳри бехатарии ҳаракат дар роҳҳо ба ҳамдигар кумак расонанд.
Ҷонишини раиси Созмони байниминтақавии «Кумитаи ҳифзи дорандагони автомобил» Александр Холодов пешниҳод намуд, ки масъулияти мактабҳои ронандагӣ ва имтиҳонгирандагон бештар карда шавад. Масалан, агар дастпарвари онҳо тайи 2-3 соли аввали гирифтани шаҳодатномаи ронандагӣ гунаҳгори ҳодисаи нохуш гардад, аз бойгонӣ сабти навори имтиҳонсупориашро бардоштан лозим меояд.
Ҳамчунин, пешниҳодҳо буданд, ки навори вайронкунандагони қоидаи ҳаракат дар роҳҳо, чӣ ронандагон ва чӣ пиёдагардонро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҷой диҳанд. Ин ҳам як намуди тарбия аст.
Дар поёни чорабинӣ иштирокчиён Эъломия қабул намуданд, ки дар он тавсияҳои муфид пешниҳод гардидаанд.
Мусоҳиб С. СУННАТӢ, «Садои мардум»