Даъвати баҳорӣ - 2025

Риояи қонун ҳам фарҳанг аст

№34 (4930) 19.03.2025

162564025560e54d3fd550e8.18023093Қабули қонуни нав ва ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои амалкунанда дар сиёсати давлатӣ мавқеи ниҳоят муҳим дорад. Қонунгузорӣ расмиёти махсуси давлатӣ ва ҳуқуқэҷодкунӣ рукни муҳим ва марказии давлатсозист. Қонунҳое, ки эҷод мешаванд ва баъд аз расмиёт қувваи юридикӣ пайдо менамоянд, бояд бисёр мукаммалу арзишманд ва пухтаю суфта бошанду солҳои зиёд барои давлат ва ҷомеа хизмат карда тавонанд. Қонунҳо ҳам умр доранд ва муддати зиёд ба давлату ҷомеа хизмат кардани он аз таҷрибаю масъулиятшиносии мақоми қонунбарор, сатҳу сифати қонун гувоҳӣ медиҳад.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» аз 10 боб ва 62 модда иборат буда, бо мақсади мутобиқ намудани он ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», инчунин, пурра ба танзим даровардани муносибатҳои хизмати ҳарбӣ, аз ҷумла даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ, таҳия гардидааст.

Қонуни нав дар заминаи меъёрҳои қонуни амалкунанда, омӯзиши таҷрибаи пешқадами ҷаҳон ва бо дарназардошти хусусияти миллию таърихии миллати тоҷик таҳия гардидааст. Қонун тартиби нави хизмати ҳарбиро дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ пешбинӣ намудааст. Айни ҳол шаҳрвандони дар ҳайати эҳтиётӣ қарордошта бинобар синну соли ниҳоии дар ҳайати эҳтиётӣ будан кам шуда истодаанд. Ин омил ҳангоми сафарбарӣ ё ҳолати ҷангӣ пуррагардонии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо мақсади таъмини амнияти кишвар то андозае ба мушкил мувоҷеҳ менамуд. Бинобар ин, татбиқ намудани чунин намуди хизмати ҳарбӣ ба зиёд гардидани шаҳрвандони ҳайати эҳтиётӣ ва ҷалби бештари ҷавонон мусоидат намуда, саркашии онҳо аз иҷрои вазифаи конститутсионӣ бартараф мегардад. Тартиб ва андозаи маблағи хизмати ҳарбии мазкурро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.

Зимнан, дар қонуни мазкур ҷиҳати басанда будани афсарони ҳайати эҳтиётӣ ва ба танзим даровардани фаъолияти кафедраҳои ҳарбии назди муассисаҳои таълимии давлатии таҳсилоти олӣ, ба хатмкунандагони кафедраҳои ҳарбӣ додани рутбаи ҳарбии афсарӣ пас аз адои 12 моҳи хизмати ҳарбии ҳатмии муҳлатнок пешбинӣ шудааст. Ҳар шахсе, ки бо пардохти маблағ аз хизмат озод шуд, сарбози захиравӣ ба шумор меравад.

 Қонуни мазкур муҳлатҳои зерини хизмати ҳарбиро муқаррар менамояд: хизмати ҳарбии ҳатмии муҳлатнок дар вазифаи сарбозон ва сержантҳо — 24 моҳ ва барои шахсони дорои таҳсилоти олии касбӣ — 12 моҳ, хизмат дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ дар вазифаи сарбозон ва сержантҳо — 1 моҳ, аз рӯи даъват дар вазифаҳои афсарон — 24 моҳ, бо тартиби ихтиёрӣ дар вазифаҳои сержант, прапоршик ва барои хизматчиёни ҳарбии ҷинси зан — 3 сол, хизмат бо тартиби ихтиёрӣ дар вазифаҳои афсарон — 5 сол, хизмат барои афсароне, ки муассисаҳои таълимии ҳарбии таҳсилоти олии касбиро хатм намудаанд — 10 сол ва барои афсарони хатмкардаи чунин муассисаҳои сохтори амнияти миллӣ ва хадамоти махсус на камтар аз — 15 сол.

Бояд зикр намуд, ки дар шароити ҳозира то 18 моҳ ё 12 моҳ кам кардани муҳлати хизмати ҳарбии ҳатмии муҳлатнок аз лиҳози нигоҳ доштани сатҳи баланди омодабошии ҷангӣ ва омилҳои иқтисодӣ ба мақсад мувофиқ намебошад. Дар кишварҳое, ки муҳлати хизмати ҳарбиашон 12 ё 18 моҳ аст, хизмати ҳарбии шартномавӣ ҷорӣ гардида, сатҳи омодабошии ҷангӣ аз ҳисоби ҳамин ҷузъу томҳо, ки зиёда аз 50 фоизи шумораи умумиро ташкил медиҳанд, нигоҳ дошта мешавад. Инчунин, то 18 моҳ кам кардани муҳлати хизмати ҳарбӣ, бо назардошти хусусияти таъминоти ақибгоҳӣ (муҳлатҳои истифодабарии сарулибос ва дигар амволи шайъӣ), хароҷотро то 30 фоиз зиёд менамояд.

Ба масъалаҳои ҳифзи иҷтимоии шаҳрвандон ҳангоми иҷрои уҳдадориҳои ҳарбӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, чорабиниҳои бақайдгирии ҳарбӣ ва омӯзиши пешаздаъватӣ, иштирок дар ҷамъомадҳои ҳарбӣ, муоинаи тиббӣ, ташхис ва табобат, тайёрии ҳатмӣ ба хизмати ҳарбӣ, гирифтани ихтисоси бақайдгирии ҳарбӣ ва машғул шудан бо намудҳои варзиши ҳарбию амалӣ тибқи роҳхати комиссариатҳои ҳарбӣ ройгон аз ҳисоби буҷетҳои дахлдор амалӣ мешаванд. Инчунин, нигоҳ доштани ҷои кор ва омӯзиш бо пардохти музди миёнаи меҳнат ва ҷуброни хароҷот вобаста ба сафар дар давраи иштирок дар ин чорабиниҳо, бо тартиби пешбининамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, кафолат дода мешавад.

Қонун доираи шаҳрвандонеро, ки аз даъват ба хизмати ҳарбӣ озод мебошанд, муайян намудааст. Шаҳрвандоне, ки бинобар вазъи саломатӣ ғайриқобили хизмати ҳарбӣ дониста шудаанд, дар дигар давлат хизмати ҳарбиро ё ба он баробаркардашударо, инчунин, хизмати ҳарбиро дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ адо кардаанд, бо ҳукми суд аз озодӣ маҳрум шудаанд, ба хизмати ҳарбӣ даъват намешаванд.

Шаҳрвандоне, ки падар (модар), баро­дарашон (хоҳарашон) ҳангоми адои хизмати ҳарбӣ вафот кардаанд ё маъюби гурӯҳҳои 1 ва 2 гардидаанд, онҳое, ки дар оила писари ё писархонди ягона мебошанд, инчунин, шахсони дорои унвони номзади илм, доктори фалсафа, доктор аз рӯи ихтисос, доктори илм ва доктори ҳабилитат мебошанд, ҳуқуқ доранд аз даъват ба хизмати ҳарбӣ озод шаванд. Ҳамчунин, муҳлати даъват ба хизмати ҳарбии шаҳрвандоне, ки муваққатан ғайриқобили хизмати ҳарбӣ дониста шудаанд, ба нигоҳубини узви оилаи ба кумак эҳтиёҷдошта машғул мебошанд, дар ҳолати набудани шахсони дигар, ки тибқи қонун уҳдадоранд ба нигоҳубин машғул шаванд, онҳое, ки дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ таҳсил менамоянд, ба тарбияи кӯдаки аз модар маҳруммондаашон машғул мебошанд ва шахсоне, ки нисбат ба онҳо парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст, то бартараф гардидани шартҳои зикргардида ба таъхир гузошта мешавад.

Даъватшавандае, ки модараш ба ғайр аз ӯ ду фарзанди ноболиғро танҳо тарбия менамояд, вакилони Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, донишҷӯёне, ки бори аввал дар шуъбаҳои рӯзонаи муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ аз рӯи дараҷаи бакалавр ё мутахассис таҳсил менамоянд, омӯзгороне, ки дорои маълумоти олии омӯзгорӣ буда, дар муассисаҳои таҳсилоти умумии деҳот ва онҳое, ки таҳсилоти олии тиббӣ дошта, дар муассисаҳои таҳсилӣ ё тиббии деҳот кор мекунанд, шаҳрвандоне, ки ду ва зиёда фарзанд доранд, барои ба таъхир гузоштани муҳлати даъват ба хизмати ҳарбӣ ҳуқуқ доранд.

Матни Савганди ҳарбӣ, ки қаб­лан дар Оинномаи хизмати дохилии Қувваҳои Мусаллаҳ дарҷ гардида буд, дар таҳрири нав тасдиқ карда шуд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ҳавасманд гардонидани шаҳрвандон барои хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ва ҷолибияти хизмати ҳарбӣ пайваста чораҳо меандешад. Аз ҷумла, ба шахсоне, ки баъди хизмати ҳарбӣ хоҳиши таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ доранд, зимни супоридани тест дар Маркази миллии тестӣ холҳои иловагӣ дода мешаванд. Инчунин, марказҳои шуғли аҳолии шаҳру ноҳияҳо вазифадоранд, ки онҳоро бо ҷои кор ва кумакпулӣ таъмин намоянд.

Бино ба талаботи қонун минбаъд дар мақомоти судӣ, прокуратура, гумрук, назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва хадамоти иҷро шахсоне ба кор қабул мешаванд, ки хизмати ҳатмии ҳарбии муҳлатнокро адо намудаанд. Зарурати ҷорӣ намудани чунин меъёр ба ғайр аз асосҳои дар боло овардашуда боз дар он аст, ки тибқи нақшаҳои мудофиаи давлат ва сафарбарӣ, мақомоти зикршуда дар давраи таҳдиди хатари ҷанг ё ҳолати ҷанг доир ба ташкил ва таъмини мудофиаи давлат ва гузаронидани чорабиниҳои сафарбарӣ вазифаҳои мушаххас дошта, бояд кормандони онҳо дорои дониши умумии ҳарбӣ ва маҳорату малакаи ҷангӣ бошанд.

Ҷомеаро идора намудани қонунҳо имрӯз ба аксиома табдил ёфтааст. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» маҳз барои бартараф намудани як зумра мушкилот равона шудааст.

Зубайдулло ДАВЛАТОВ,

ходими калони илмии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ