Роҳи илм ҳамвор набуд, нест ва набояд бошад

№65 (3859) 26.05.2018

Аз қадим маълум аст, ки роҳи илм тахту ҳамвор набуда, пуршебу фароз мебошад. Таърих ва зиндагиномаи садҳо мутафаккир, олиму шоир ва эҷодкор дурустии ин нуктаро собит намудааст. Соли 1872 Карл Маркс дар муқаддимаи нашри франсузии асари «Капитал» навишта буд: «Дар илм шоҳроҳи васеъ нест ва фақат он кас ба қуллаҳои дурахшони он расида метавонад, ки аз душвориҳо натарсида, бо пайраҳаҳои сангини он хазида мебарояд». Ин ҳақиқати бебаҳс аст ва онҳое, ки ин роҳро тай кардаанд, хеле хуб медонанд.

Халқи тоҷик яке аз халқҳои қадима ва тамаддунсози Осиёи Марказӣ ба ҳисоб рафта, садҳо орифу шоир, олиму мутафаккир ва сиёсатмадорро ба камол расонидааст. Осори гаронбаҳои илмию адабии онҳо далели равшани гуфтаи боло мебошад. Асрҳои ­гузашта олимону мутафаккирон танҳо дар натиҷаи таҳсилоти пайваста (таҳсилоти ибтидоӣ ғолибан дар муҳити хонавода, сабақомӯзӣ дар назди устодони зарбардаст, таҳсил дар мадорис) заҳмату бедорхобӣ, сафару пажӯҳиш асарҳои мондагор мерос гузошта, нобиға гардиданд ва корномаи онҳо аз насл ба насл гузашта, вирди забони мардум мебошад.

Дар ҳақиқат, замони шӯравӣ барои миллати мо дар масъалаи тайёр кардани кадрҳои соҳибихтисос барои соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ҷаҳише аст. Хусусан, дар тайёр кардани кадрҳои илмӣ, илмӣ – омӯзгории тахассуси олӣ таҷриба ва механизми суфтаву озмудашуда роҳандозӣ гардид. Ба интихоби олимон диққати ҷиддӣ дода мешуд ва танҳо донишҷӯёни болаёқату аълохон барои идомаи таҳсил ва пажӯҳиши илмӣ ба аспирантура роҳхат мегирифтанд. Ба интихоби мавзӯи рисолаҳои илмӣ низ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир мегардид. Асосан, ба он ихтисос ва равияҳои илм диққат дода мешуд, ки талаботи ҷомеа ва эҳтиёҷи хоҷагии халқ бештар буд. Мутаассифона, баъди пош хӯрдани давлати абарқудрати Иттиҳоди Шӯравӣ он механизми муназзам дарҳам шикаст ва алоқаву робитаҳои байни институтҳои илмӣ — таҳқиқотӣ, марказҳо ва ҳавзаҳои илмӣ қатъ гардиданд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ба гирдоби фалокатбори ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуд. Тамоми соҳаи ҳаёти сиёсӣ — ҷамъиятӣ, иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва илмӣ-фарҳангӣ ба буҳрони шадид дучор гардид. Аксар мутахассисони русзабон, олимону донишмандони соҳибмактаб, фарҳангиён, эҷодкорон ва ғайра ҷумҳуриро тарк карданд. Як навъ фирори мағзҳо ба вуҷуд омад, ки барои ҳаёти иҷтимоӣ, илмӣ — фарҳангии ҷумҳурӣ оқибатҳои манфӣ ба бор овард.

Бо талошу заҳматҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон авзои мураккаби сиёсӣ — иҷтимоӣ батадриҷ ба эътидол оварда шуда, сулҳу субот устувор гардида, пояҳои давлатдории миллӣ ­мустаҳкам гардиданд. Дар ин замина, тадриҷан, шароит ва имконият барои рушди илму маориф аз нав фароҳам омад, садҳо муассисаи таҳсилоти умумӣ сохта, теъдоди муассисаҳои олии таълимӣ сол аз сол зиёд шуд. Мусаллам аст, ки давлате ба рушди илму маориф таваҷҷуҳ намекунад, бақо надорад. Беҳуда Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон илму маорифро яке аз соҳаҳои афзалиятноки сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон нанамудаанд.

Тавре ки дар боло ишора гардид, замони шӯравӣ раванди тайёр кардани кадрҳои илмӣ, илмӣ — омӯзгории тахассуси олӣ аз Маскав идора мегардид. Бо барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ аксар ҷумҳуриҳои собиқи шӯравӣ дар ин ҷода мустақилият эълон карда, комиссияҳои олии аттестатсионӣ таъсис доданд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2014, Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд КОА) таъсис ёфт, вале робитаашро аз КОА назди Вазорати маориф ва илми Федератсияи Россия пурра наканд. Алҳол дар радифи шӯроҳои диссертатсионии КОА назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон боз дар КОА назди Вазорати маориф ва илми Федератсияи Россия 22 шӯрои диссертатсионӣ амал мекунад.

Баъди таъсиси КОА назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, таҳияву тасдиқи як қатор асноди меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи фаъолияту раванди таъсиси шӯроҳои диссертатсионӣ оғоз гардид ва дар ибтидо он ба як мусобиқа шабоҳат дошт. Ин буд, ки дар як муддати кӯтоҳ шумораи дархостҳо барои ­таъсиси шӯроҳои диссертатсионӣ ба 122 расид. Дар ибтидо бастаи ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои таъсиси шӯроҳои диссертатсионӣ ниҳоят дар сатҳи паст, пурғалат ва бидуни риояи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ пешниҳод мешуданд. Бо дарназардошти ин ҳолати нигаронкунанда КОА назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷбур гардид, ки бо проректорони илм, котибони шӯрои илмии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, роҳбарону котибони илмии муассисаҳои илмӣ — таҳқиқотӣ семинару машваратҳои корӣ гузаронида, талаботи Низомномаи намунавии шӯрои диссертатсиониро шарҳу тавзеҳ диҳад. Хусусан, таъсиси шӯроҳои диссертатсионӣ дар самти илмҳои геология, педагогика, иқтисодиёт, физикаю математика душвории зиёдро ба миён овард. Бинобар ин, КОА зарур донист, ки бо мутахассисони варзидаву маъруф алоҳида ҷаласаҳои корӣ гузаронад. Аз чӣ бошад, ки майлу хоҳиш ва саъю талоши олимон барои ишғоли вазифаи раиси шӯрои диссертатсионӣ бештар мушоҳида шуда, барои ба мақсад ноил гаштан баъзан аз роҳу равишҳои носавоб низ кор мегирифтанд. Дар ин гуна ҳолатҳо КОА танҳо риояи қатъии санадҳои меъёрии ҳуқуқиро талаб намуда, баъзе аз дархостҳоро то се — чор маротиба ва аз он ҳам бештар барои такмилу бозбинӣ ба муассисаҳо гардонид. Ҳамин тариқ, тавонистем, ки то ҳадде равандро муътадил гардонида, мақсадро роҳандозӣ намоем. Дар натиҷа, аз теъдоди зиёди дархостҳо танҳо 42 — то қонеъ карда шуд.

Алҳол дар ҷумҳурӣ 67 шӯрои диссертатсионӣ амал мекунад, ки аз рӯйи 190 ихтисос метавонанд барои ҳимоя диссертатсия қабул намоянд. Аз ин теъдод 42 шӯрои диссертатсионӣ ба КОА назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 22 шӯро ба КОА Федератсияи Россия ва 3 шӯрои дигар ба КОА Ҷумҳурии Қирғизистон тааллуқ доранд. Барои қиёс соли 1992 дар Ҷумҳурии Қирғизистон 40 шӯрои диссертатсионӣ аз рӯйи 78 ихтисос амал мекард. Ин далел гувоҳи он аст, ки КОА назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ибтидо корро дуруст оғоз кард ва минбаъд низ талаботро боз ҳам ҷиддитар менамояд.

Бояд иқрор шуд, ки идома ёфтани ҳолат, аз як тараф, сеҳокимиятро қувват бахшида, танзиму идораи ҷараёнро душвор гардонд, аз ҷониби дигар, яқинан ба коста шудани сифати кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогии тахассуси олӣ ва диссертатсияҳои ҳимояшаванда оварда расонд.

Мавқеи Комиссияи олии аттестатсионӣ дар ин маврид возеҳу рӯшан аст: бояд дар раванди ­таъсиси шӯроҳои диссертатсионӣ ба шитобкорӣ роҳ надиҳем ва муб­рамияти онҳо ва теъдоди барои кишвар зарурии мутахассисони дорои тахассуси олӣ дар ин ё он соҳаро ҳатман ба назар гирем. Ҳолатҳое низ буданд, ки дархост оид ба таъсиси баъзе аз шӯроҳои диссертатсионӣ, ки дар ҷумҳурӣ ба он чандон ниёзмандӣ вуҷуд надошт, аз тарафи Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рад карда шуд. Вале баъди ­гузашти чанд муддат аз тарафи КОА Федератсияи Россия ё Ҷумҳурии Қирғизис­тон таъсис дода шуданд. Вақти он расидааст, ки ба ин дуҳокимиятиву сеҳокимиятӣ хотима бахшем ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеашонро рӯшан намоянд. Дар ин лаҳзаҳои барои муҳити илмӣ — академии кишвар басо мураккабу ҳассос, ки боиси ба миён омадани андешаҳои гуногун ва баҳсу мунозираҳои доманадор гашта, манфиатҷӯии баъзе афроду гурӯҳҳо боло гирифтааст, бояд танҳо аз мавқеи истиқлолияти воқеии илмию фарҳангӣ, манфиатҳои милливу давлатӣ ва тақдири ояндаи илми ватанӣ баромад намуда, мақоми Комиссияи олии аттестатсионии ҷумҳуриро баландтару мустаҳкам намоем. Танҳо КОА миллӣ метавонад пуштибони манфиатҳои миллию давлатӣ, ҳимоятгар ва тарғибгари кадрҳои илмӣ, илмӣ-омӯзгории тахассуси олӣ ва диссертатсияҳои ҳимояшаванда бошад. Бинобар ин, пеш аз ҳама, зарур аст, ки КОА назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо барномаи зидди асардуздӣ (антиплагиат), техникаи пуриқтидори компютерӣ ва дигар таҷҳизоти техникии муосир ҷиҳозонида шавад. Дар акси ҳол, хатари боз ҳам зиёд шудани асардуздӣ (плагиат) боқӣ мемонад. КОА Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ҳамеша ҷонибдори он аст, ки шӯроҳои диссертатсионӣ бо истифодаи коршиносони ҷумҳуриҳои ҳамсоя танҳо аз рӯйи ихтисосҳои нодире, ки мутахассисони худӣ намерасанд, таъсис дода шаванд. Дар ҳама ҳолат, мисли дигар кишварҳои пасошӯравӣ таъсиси шӯроҳои диссертатсионии муассисаҳои таҳсилоти олӣ, илмӣ-таҳқиқотӣ бояд бо Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа шавад.

Таҷриба ва амалияи фаъолияти шӯроҳои диссертатсионӣ возеҳ нишон дод, ки муассисаҳои олии таълимӣ ва илмӣ — таҳқиқотӣ дар таъсиси баъзе аз шӯроҳои диссертатсионӣ ба шитобкорӣ роҳ дода, зарурати воқеии онҳоро ҳаматарафа наомӯхтаанд. Вагарна чаро аз таъсиси баъзе шӯроҳои диссертатсионӣ 5 — 7 моҳ ва ҳатто як сол сипарӣ шуда бошад ҳам, дар онҳо ҳанӯз ягон ҳимоя доир нагардидааст. Шӯроҳои диссертатсионие ҳастанд, ки дар онҳо ихтилофу низои байни аъзо ҷой дошта, муҳити носолиму ғайрикорӣ ҳукмфармост. Дар ин гуна ҳолатҳо КОА ҳаргиз бетараф буда наметавонад ва нисбат ба онҳо, албатта, чораандешӣ хоҳад кард.

Баъди фошкориҳои «Диссернет» — ниҳоди ҷамъиятии Федератсияи Россия, дар ҷомеаи илмӣ-академии кишвар сару садоҳо баланд шуд ва муқобилону тарафдорони зиёдро ба вуҷуд овард. Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки яке аз вазифаҳои асосии он аттестатсияи кадрҳои илмӣ, илмӣ — омӯзгории тахассуси олӣ мебошад, ҳама гуна плагиат, яъне аз муаллифони дигар нусхабардории айнан ва бе нишон додани сарчашмаи иқтибосро маҳкум намуда, то ҷое ки имконият дорад, пеши роҳи онро мегирад. Ҳамчунин, аз мавқеи онҳое, ки аз фошкориҳои пойгоҳи «Диссернет» табли шодӣ зада, дар ин замина Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро сиёҳ карданианд, ҳаргиз пуштибонӣ намекунад.

Илм аз худ кардани андешаи муаллифи дигарро ҳаргиз намепазирад ва барои ин кирдор тибқи қонунгузорӣ дар кишварҳои мутамаддин аз ҷумла, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ муҷозот таъин карда шудааст. Бояд ҳатман тадбир андешем, ки шахсони тасодуфӣ ба илм роҳ наёбанд ва пеши роҳи ҳама гуна омили тавлидкунандаи коррупсия гирифта шавад.

Аламовар ва боиси изтироб аст, ки имрӯзҳо як навъ фабрикаи «истеҳсол»-и диссертатсияҳо дар муҳити илмӣ — академии кишвар фаъол аст ва иттилои «Диссернет» то андозае ба он далолат ҳам мекунад. Бархе аз олимон тиҷорати илмро пеша карда, ба навиштану таҳриру фурӯши диссертатсияҳо машғул мебошанд. Ҷойи таассуф ва боиси нигаронист, ки баъзе аз раисони шӯроҳои диссертатсионӣ аз он истиқбол менамоянд, ки ин хиёнат ба илм буда, бояд аз он ҷилавгирӣ намоем. Он рӯз дур нест, ки ин қабил ашхос, албатта, ошкор гардида, шармандаву шармсор мегарданд. Ин, албатта, кори осон набуда, Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар танҳоӣ аз уҳдаи он баромада наметавонад. Бинобар ин, дар ин кори мушкилу барои ояндаи миллат сарнавиштсоз бояд ҳама — аз шаҳрвандони қаторӣ то олимони кишвар масъулият дошта бошем ва дар як ҷабҳаи муқовимат ­муттаҳид шавем.

А. РОЗИҚЗОДА,

раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон