Ҳамовозӣ ба Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олии ҷумҳурии Тоҷикистон

Роҳнамо дар ҷодаи рушд

№44 (4464) 09.04.2022

Вожаи «паём» аслан ба маънои хабар, пайғом, рисолат ва мужда мебошад. Дар истилоҳи давлатдории миллиамон бошад, «Паём» ба маънои суханронии барномавии Роҳбари давлат аст. Яъне, дар Паём гузориш дар бораи корҳои анҷомшуда ва нақшаҳои давлат дар самтҳои сиёсати дохиливу хориҷии Тоҷикистон баён мешавад.

Дар асоси чанд нукта, ки зикр хоҳад шуд, Паёми Пешвои миллатро дастур­амали рӯимизӣ ва ҳуҷҷати таърихии давлатдории миллӣ шуморидан мумкин аст. Аввалан, Паём аҳамияти маълумотӣ ва ҳисоботӣ дорад. Ба воситаи он Роҳбари давлат ҳисоботи фаъолияти худ ва Ҳукумати кишварро дар назди мардум ироа мекунад. Дар ин ҳисобот маълумоти муфассал дар бораи татбиқи барномаҳои давлат ва ҳам дурнамои рушди онро дида метавонем.

Сабаби ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа шудани Паём дар он аст, ки тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо Маҷлиси Олӣ ва Президент аз номи халқ баромад карда метавонанд. Ҳамчунин, дар асоси Конститутсияи ҷумҳурӣ Президент ва Маҷлиси Олӣ дар назди мардум шахсони ҳуқуқии ҳисоботдиҳанда мебошанд. Аз ин рӯ, дар ҳузури ҳар ду палата ироа шудани Паём натиҷагирии иҷро гардидани бандҳои барномаи президентӣ аст. Бинобар ин, Паём ба Парламент, ин Паём ба мардум мебошад. Даъвати меҳмонон барои гӯш кардани Паём бори дигар дар амал исбот кардани шаффофияти фаъолияти давлатдории миллии Тоҷикистон аст. Ҳамчунин, ин амал ба шакли демократӣ идора шудани давлатро нишон медиҳад.

Нуктаи дигар ин аст, ки Паём яке аз аломатҳои Истиқлолияти давлатӣ дош­тани кишвар аст. Вақте ки Президенти як давлат ба минбар омада, самтҳои асосии сиёсати дохиливу хориҷиро мушаххас баён карда, мустақилона дар самтҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, амнияту мудофиа, иҷтимоӣ ва фарҳангии дохиливу хориҷӣ тасмим мегирад, соҳиб­истиқлол будани давлатро ифода мекунад.

Тибқи моддаи 69-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президент ҳуқуқ дорад, ки самтҳои асосии сиёсати дохиливу хориҷии кишварро муайян намояд. Дар ин асос Президенти мамлакат самтҳои асосии сиёсати дохиливу хориҷии кишварро мушаххас мекунад. Ироаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон инъикоскунандаи шакли амалии Истиқлолияти давлатист, зеро Паём эъломия­и сиёсии истиқлолиятро нишон медиҳад.

Бо дарназардошти ин, бояд гуфт, ки ироаи Паём, моҳияти ҷашнӣ гирифтан ва дар ҳолати тантанавӣ бо иштироки аҳли ҷомеа ироа шудани он амри табиӣ аст. Зеро аз назари корӣ барои идораҳо дастур буда, аз назари давлатдорӣ тантанаи давлатдории соҳибис­тиқлоли миллӣ ва тантанаи ормонҳои ҳазорсолаи тоҷик барои мустақил будани ҳудуди миллист.

Паём санади муҳими минтақавӣ ва байналмилалӣ аст, зеро дар он самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистон доир ба вазъи минтақаву ҷаҳон, раванд­ҳои асосии ҷаҳонӣ ва мас­ъалаҳои минтақавӣ дар меҳвари дидгоҳи Тоҷикистон муайян мешаванд. Аз ин рӯ, ҷомеаи ҷаҳонӣ, кишварҳои ҳамсоя, шарик ва дӯст ба Паём таваҷҷуҳ мекунанд, ки дар самтҳои зикршуда Тоҷикистон чӣ андеша дорад ва самти ҳаракати онҳо кадом мешавад. Бо ҳамин сабаб корпусҳои дипломатии мус­тақари Тоҷикистон матни Паёмро таҳлил намуда, ба кишварҳояшон барои корбарӣ ирсол мекунанд.

Мавриди зикр аст, ки дар Паём хати консепсуалии давлат эълон карда мешавад. Роҳбари давлат барномаҳои асосӣ ва ҳадафҳои стратегии Тоҷикистонро эълон карда, арзишҳои онро ба ҷомеа мерасонад. Тариқи Паём марҳилаҳои рушди давлат эҳсос ва ё омӯхта мешаванд. Масалан, барои коршиносон ва рӯзноманигорон сарчашмаи асосии омӯзиши самтҳои рӯзмарраи Тоҷикис­тон аст, зеро хати умумии консепсуалии давлат ва ҳадафҳои муҳими стратегии он дар паёмҳо ишора ва эълон мешаванд. Мисол, чор ҳадафи стратегии Тоҷикистон марҳила ба марҳила дар паёмҳо эълон шуданд.

Инчунин, самтҳои барномавии фаъолияти ниҳодҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ муайян гардида, чорчӯби кори онҳо рехта мешавад. Аз ин рӯ, муассисаҳои давлативу ҷамъиятӣ фаъолиятро бо Паём мутобиқ карда, онро ­дастурамали роҳнамои корӣ қарор медиҳанд.

Дар Паём асосан нуҳ бахши ҳамешагӣ — сархати воридотӣ муқаддимавӣ, бахши корӣ – ҷамъбасти марҳилаи ҳисоботӣ, бахши рушди иқтисодии кишвар, бахши ҳадафҳои стратегӣ, бахши самтҳои иҷтимоӣ, бахши сиёсати дохилии кишвар, бахши масъалаҳои ҳуқуқӣ ва амниятӣ, бахши сиёсати хориҷӣ ва робитаҳои байналхалқӣ ва ҳидоятҳои ҷамъбастии Паём мавҷуд аст.

Аз ин рӯ, таҷрибаи муфид аст, ки барои татбиқи бандҳои Паём нақшаи чорабиниҳо қабул мешаванд ва дар асоси он вазорату идораҳо фаъолиятро роҳандозӣ мекунанд.

Дилафрӯз АБДУРАҲИМОВА,

саромӯзгори кафедраи педагогика ва психология­и ДДЗТ ба номи Сотим Улуғзода