Ҳамчун омӯзгори собиқадор, дорандаи тахассуси олии касбӣ ва ғолиби озмуни «Омӯзгори беҳтарини соли 2014» нисбат ба тақдири соҳа ва бурду бохти он бетараф буда наметавонам. Зеро беҳтарин давраи умрро ба таълиму тарбияи насли наврас – ворисони оянда бахшидаам. Эътироф бояд кард, ки яке аз дастовардҳои Иттиҳоди Шӯравӣ баҳогузории дуруст ба соҳаҳои маориф ва илм буд. Аз ин ҷост, ки Ҳукумати Советӣ тавонист, ки дар як муддати кӯтоҳ дар саводноккунии миллатҳои асрҳо дар ҷаҳолату қафомондагӣ қарордошта ба дастовардҳои бузург ноил гардад. Нақш ва қадру манзалати муаллим дар он айём хеле баланд буд.
Мутаассифона, бо пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ва муноқишаҳои дохилиҷумҳурӣ бархе аз дастовардҳо ба боди фано рафтанд. Мавқеи омӯзгор дар ҷомеа танг гардида, ташаббус ба дасти ифротгароёни хурофотзада афтод ва бо чӣ анҷомид, ба ҳама маълум аст.
Ба бахти миллати тоҷик таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин раванди номатлуб пешгирӣ шуд.
Дар аҳди шӯравӣ низ мушкилиҳо кам набуданд ва на дар ҳама гӯшаю канори мамлакат ғамхорӣ ва таваҷҷуҳ ба соҳа қаноатбахш буд. Дар баъзе ҳолатҳо ин омил дидаю дониста сарфи назар мешуд. Дар он замон низ қисме аз биноҳои таълимии мактабҳо ба талабот ҷавобгӯ набуданд. Аз эҳтимол дур нест, ки аз он «биноҳои таърихӣ» як қисмашон то ҳол ҳастанд.
Муҳимтар аз ҳама, бо шарофати соҳибистиқлолӣ ва дастгирию таваҷҷуҳи ҳамешагии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муддати кӯтоҳ биноҳои замонавӣ ва бо технологияи муосир муҷаҳҳаз сохта, ба истифода дода шуданд, ки дар ҳафтод соли шӯравӣ мислашро касе ёд надорад. Дар баробари ин, шумораи литсею коллеҷҳо, донишгоҳу донишкадаҳо дар ҷумҳурӣ бамаротиб афзуд.
Бояд иқрор шуд, ки бо иллати ҷой доштани баъзе аз зуҳуроти номатлуб, ки баҳри ҷавобгӯйи талаботи замони муосир тайёр намудани кадрҳо барои соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ монеа мегарданд, амалӣ намудани ислоҳоти ҷиддӣ зарур аст. Фақат омӯзгори ҳирфаӣ, мусаллаҳ бо донишҳои замонавӣ қодир аст, ки шогирдони сазоворро ба воя расонад. Дар баробари зина ба зина беҳтар намудани шароити иҷтимоии омӯзгорон, баланд бардоштани маош, додани қарз ва роҳхатҳои имтиёзнок, ташкили суҳбату вохӯриҳо бо адибон, варзишгарон, собиқадорони истеҳсолот ба манфиати кор хоҳад буд. Илова бар ин, поккории соҳа аз шахсони тасодуфӣ низ зарур ва ногузир аст.
Дар маҷмӯъ, бояд самараи фаъолияти омӯзгорон ба боварию ғамхориҳое, ки роҳбарияти Давлату Ҳукумати кишвар нисбат ба онҳо зоҳир менамояд, ҷавобгӯ бошад. Соҳаи маориф ҳам аз лиҳози моҳият тавлидкунандаи мутахассисон ба ҳисоб меравад ва натиҷаҳои он барои аз байн бурдани мушкилоти ҷомеа мусоидат карда метавонад. Умуман, рушди соҳаи маориф кафолати пешрафти давлат аст.
Абдуллобек Ҳотамов, омӯзгори МТМУ № 44-и ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе