Рушду нумӯи Ватан ба ташаббускорӣ вобаста аст

№19 (4759) 09.02.2024

Хеле муддат буд, ки ба дараи овозадори Камаров нарафта будам. Зимни сафари навбатӣ дигаргуниҳои зиёд ба назар расид. Деҳаҳо хеле обод гардида, бунёди хонаҳои замонавӣ симои ин минтақаро тағйир додааст. Назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7-и деҳаи Шулмак бо омӯзгорони варзида Абдураҳмони Забир ва Нурулло Сайшарифов вохӯрдам, ки дар бораи деҳа ва дастовардҳои мардуми он ҳарф заданд.

Нурулло Сайшарифов чунин ибрози назар кард:

- Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷумҳурии азизамон корҳои сохтмонӣ ва навсозӣ бомаром идома дорад. Мактаби созандагию мардонагии Президенти азизамон дар умқи дилҳо меҳри ватандориро илқо намуд. Ин аст, ки фарзандони баруманду саховатпешаи Ватан ҳар яке бо қадри тавоноӣ дар ободии деҳаву шаҳру вилояти худ саҳм мегузоранд. Мисоли инро дар деҳоти ба номи Боқӣ Раҳимзода, хусусан дар деҳаи Шулмак, метавон мушоҳида намуд. Набояд фаромӯш кард, ки ободии кишвар аз маҳалла, кӯча ва деҳа оғоз меёбад. Агар дастаҷамъона амал намоем, метавонем кишварамонро ба Боғи Ирам табдил диҳем.

Аҳли деҳаи мазкур бо роҳбарии собиқ раис Саймаҳмад Замонов, раиси имрӯза Абдуҷаббор Самиев, директори мактаб Исмоил Раҷабов, раиси ҷамоати деҳот Ҳасан Ҳасанов ва шахсони рӯзгордида нақшаи шукуфоии деҳаро тарҳрезӣ намуданд.

Яке аз натиҷаҳо ин аст, ки дар деҳаи Шулмак омӯзгори куҳансол Қосимҷон Қодиров ва фарзандони саховатмандаш дар назди муассисаи таълимии куҳна муассисаи таълимии ҷавобгӯ ба талаботи замони нав, иборат аз ду ошёна, 8 синфхонаи таълимӣ ва 3 утоқи корӣ сохта, бо таҷҳизоти замони муосир таъмин намуданд.

Ҷавонони деҳа бо роҳбарии Аслиддин Шафиев, Зиёратшо Искандаров, Ҷамолиддин Исоев ва Шукрулло Убайдов иншооти варзишӣ-тарбиявии болопӯшида сохтанд. Ин бино барои бозии волейбол, футбол, баскетбол, гӯштин ва варзиши сабук мувофиқ аст.

Бо ташаббуси Камолиддин Исоев «Маркази саломатӣ»-и нав бо 7 ҳуҷраи қабулу кории духтурону беморон қомат афрохт.

Эъмори «Гӯшаи деҳқон» иборат аз 2 таҳхона ва 2 болохона бо ибтикори Мусо Олимов, мағозаи фурӯши ашёи хониш ва лавозимоти мактабӣ бо саҳми раиси деҳа Абдуҷаббор Самиев ва ду пул бо ташаббуси омӯзгорон Маҳмадназар Кабутов ва Алиакбар Маҳмад­ризоев идомаи мантиқии ин раванд маҳсуб мешавад.

Ин ҷаҳду талош аз он дарак медиҳад, ки рушду нумӯи кишвар ба ташаббускорӣ вобаста аст. Бинобар ин, бояд Ватанро дӯст дорему ба қадри озодиву истиқлолияти миллӣ расиданро ҳеҷ гоҳ фаромӯш накунем.

Диловари МИРЗО,

«Садои мардум»