Садриддин Ҳасанзода солҳост, ки дар ҷодаи журналистика заҳмати зиёд мекашад. Бештари навиштаҳои ӯ натиҷаи мушоҳидаҳояш мебошанд. Охирин маҷмӯаи очеркҳои публитсистии ӯ чанде пеш таҳти унвони «Саҳрои бекаронаи таърих», ки иборат аз се ҷилд аст, чоп ва дар маҷлисгоҳи Вазорати фарҳанг рӯнамоӣ шуд. Вазири фарҳанг Шамсиддин Орумбекзода нашри онро хеле муҳим ва омӯзанда арзёбӣ кард.
Маҷмӯа бо илҳом аз асарҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён» ва «Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни Ориён» эҷод гашта, ҳамчунин шарҳи баъзе аз бахшҳои асари аллома Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон» ба шумор меравад ва бо забони оммафаҳм навишта шуда, барои тарбияи хештаншиносӣ, ватандӯстии насли ҷавон ва эҳтироми онҳо ба фарҳанги ниёкон басо муфид аст.
«Саҳрои бекаронаи таърих»-ро навъе аз пажӯҳиш ва хулосабарории журналистӣ низ номидан мумкин аст. Он зери назари академики АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ, робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода, таҳрири муҳаққиқ Абдуқодири Рустам ва тақризи олимони варзида – директори Институти фалсафа ва сиёсатшиносии АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммад Абдураҳмон, докторони илмҳои филология Б. Камолиддинов, С. Сабзаев, доктори илми таърих Абӯбакр Зубайдов, номзади илми филология Д. Раҳимӣ, фарҳангшинос Ҷ. Асрориён ва бо тавсияи Шӯрои илмии Пажӯҳишгоҳи илмӣ — тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот дар нашрияи «Балоғат» ба чоп расидааст.
Дар очеркҳои бадеӣ-публитсистии дафтари аввал муаллиф ба суолҳои «Одамизод кай ба арсаи ҳаёт омад? Кай соҳибшуур гашт ва дар куҷо зист? Олоту василаи таъмини рӯзгораш кадомҳоянд? Мактаби нахустини зоти одам дар куҷост?» ҷавоб ҷустааст.
Дар дафтари дуюм бобати саҳми ориён — мусулмонон дар рушди бунёди кохи фарҳанги башарӣ, аввалин дини яктопарастӣ, китоби муқаддаси «Авасто», китобҳои дигари ҳиндуэрониён «Ригведо», «Упаншидоҳо», сабабҳои пайдоиши гуногундинӣ, баҳси ҳазорсолаҳо дар мавзӯи «Мурғ аввал пайдо шуд ё тухм?», «Бобои Одам кӣ буд?» ва амсоли инҳо сухан меравад.
Дафтари сеюм «Аз гулу гӯшаҳои ориёнием» номгузорӣ шуда, ба таърихи пайдоиши ҷашну маросими хуҷастаи ниёкон, фитнаҳои ғосибон дар аҳди шӯравӣ барои саркӯб кардани фарзандони фарзонаи миллат ва ғайра бахшида шудааст.
ВОРИС, «Садои мардум»