Дар арафаи ҷашни Наврӯз баргузор шудани мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли илму маориф, зиёиёни эҷодкор, мутахассисони соҳаҳо башорати таваҷҷуҳи хосаи роҳбарияти олии кишвар ба ин соҳаҳои муҳим аст.
Дар робита ба ин, суҳбате доштем бо сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд, доктори илмҳои таърих, профессор Осим Каримзода.
- Ҳамчун иштирокчии мулоқот чӣ бардошт доред ?
- Маро саодати иштирок дар мулоқоти самимӣ насиб гардид ва аз он бардошти зиёд дорам. Аз суханони пурмуҳтаво, саршор аз муҳаббат ва асолати миллии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон як ҷаҳон маънӣ бардоштем. Бахусус, Сарвари давлат ҷиҳати такомули соҳаи афзалиятноки ҷомеа — маориф дилсӯзонаю ҳадафмандона сухан ронда, таъкид карданд, ки дар сиёсати давлатии кишвар соҳаи илм ва маориф дар мадди аввал меистад. Равона гардидани маблағи зиёди буҷаи давлат ба соҳаи мазкур гувоҳи ин гуфтаҳост. Таҷрибаи давлатдории кишварҳои мутараққӣ собит намуд, ки афзалият додан ба ин соҳаи муҳим кишварро дар ҳама ҷода пешрав мегардонад. Махсусан, тақвияти тафаккури техникии аҳолӣ барои пешрафти илмҳои бунёдӣ ва техникию технологӣ фазои мусоид фароҳам меорад.
- Чӣ кор бояд кард, то завқи насли наврас, хоса ҷавонон ба илмҳои дақиқу равияҳои техникӣ афзун гардад?
- Тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд, аз лиҳози молиявӣ ҳавасманд гардонидани устодоне, ки шогирдони онҳо ғолиби озмунҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ мешаванд, ҳамчунин, аз ҷиҳати молиявӣ қадршиносӣ намудани шогирдон — ғолибони озмунҳои сатҳҳои гуногун таҳрикбахши ин раванд хоҳад гардид.
Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз намудани олимоне, ки ихтироотаашон дар истеҳсолоти ватанӣ ҷорӣ мешаванд, ба вусъати ихтироъкорию навоварӣ мусоидат мекунад. Эътироф бояд кард, ки то ба 3 ҳазор расидани гирандагони стипендияи президентӣ, зиёд намудани музди меҳнати омӯзгорони фанҳои табиӣ, дақиқ ва риёзии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва дигар имтиёзҳо барои омӯзгорони чунин муассисаҳо боиси баланд гардидани сатҳ ва сифати таълими ин фанҳо гардид.
- Ҷиҳати татбиқи вазифаҳое, ки Сарвари давлат зимни мулоқот дар назди аҳли маориф гузоштанд, чӣ тадбир андешиданиед?
- Барномаҳои тарҳрезинамуда дар партави суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саъю талоши доимиро тақозо мекунад, зеро онҳо барои рушди соҳаи маориф, баланд бардоштани сатҳ ва сифати таълиму тарбия хеле саривақтию муҳиманд. Мебояд сарҷамъона бо фаҳмиши амиқи моҳияти масъалагузорӣ фаъолиятро роҳандозӣ намоем. Дар ин ҷода ҳидояти созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раҳнамои фаъолият аст.
Мусоҳиб
Мирзоаъзам МАҚСУДОВ, «Садои мардум»