Субҳи 22-юми июни соли 1941 Германияи фашистӣ аҳдшиканона ба хоки Иттиҳоди Шуравӣ ҳуҷум кард. Мехост дар ду моҳ бо қувваи беш 5,5 миллион аскар, 190 дивизия, 3712 танк, 4950 тайёраи ҷангӣ, 47260 тӯп ва минамиёт қӯшунҳои шуравиро шикаст диҳад, вале муттаҳидӣ ва дӯстиву бародарии халқҳои шуравӣ нияти нопоки онҳоро барбод дод. Ин ҷанги хонумонсӯз, ки дар таърихи башарият даҳшатноктарин эътироф шудааст, беш аз 1418 шабонарӯз идома ёфта, ҷони 26 миллион шаҳрвандони собиқ Иттиҳоди Шуравиро рабуд. Дар он солҳо 1710 шаҳру шаҳрак, 70 ҳазор русто, 6 миллион бино, 32 ҳазор корхонаи саноатӣ, 40 ҳазор шифохонаву муассисаҳои тиббӣ, 84 ҳазор муассисаи таълимӣ ва пажӯҳишгоҳ дар қаламрави Иттиҳоди Шуравӣ нобуд шуд. 4100 истгоҳи роҳи оҳан ва 65 ҳазор километр роҳи оҳан, 14 ҳазор пули қаторагузар валангор шуд. 63 миллион сар ҳайвони калону хурди шохдор ба Германия фиристода шуд.
Дар радифи шаҳрвандони 15 кишвари собиқ Иттиҳоди Шуравӣ 300 ҳазор сокинони Тоҷикистон ихтиёран ба фронт рафта, барои ғалаба зидди фашизм мубориза бурданд. Аз ин шумора беш аз 100 ҳазор нафар ҷони худро аз даст доданд. Дар ақибгоҳ меҳнаткашони Тоҷикистон бо корнамоиҳои худ дар таъмини ғалаба саҳми муносиб гузоштанд. Он солҳо кор дар корхонаҳои саноатӣ, хусусан комбинати абрешими Ленинобод (ҳоло Суғд), фабрикаи бофандагии «Красний ткач» ва дигар коргоҳҳо бо шиори «Ҳама чиз барои фронт, ҳама чиз барои Ғалаба» фаъолият доштанд. Сокинони ватандӯст имконияти худро барои дастгирии Армияи Шуравӣ ва аскарон дареғ намедоштанд.
Ҳарчанд ҷанг фарсахҳо аз Тоҷикистон дур буд, вале ҷавонмардони ин сарзамин бо ғурури баланди миллӣ довталабона ба ҷанг рафта, дар корзор бо корнамоиҳои беназири худ бори дигар ба ҷаҳониён насли Рустами Достон буданашонро нишон доданд. Боиси ифтихор аст, ки барои ҷасорат ва шуҷоат зидди фашизм 56 ҳазор тоҷикистониён бо ордену медал сарфароз шуда, 54 нафар Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ гашта, 15 нафар ба гирифтани се дараҷаи ордени «Шараф» комёб шуданд. Неъмат Қарабоев, Ҳодӣ Кенҷаев, Тӯйчӣ Эрҷигитов, Сафар Амиршоев, Исмат Шарифов, Исмоил Ҳамзаалиев, Эргаш Шарифов, Чӯтак Урозов, В. И. Бояркин аз ҳамон зумра мебошанд. Ҷонфидоиҳои ин мардони далер ҳеҷ гоҳ аз хотираи таърих ва мардум зудуда нахоҳад шуд.
Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «Омӯхтани таҷрибаи зиндагӣ ва корнамоиву фаъолияти собиқадорони ҷангу меҳнат ва истифодаи маслиҳату рӯзгори ибратомӯзи онҳо ба наслҳои имрӯзу фардои Ватани азизамон дар роҳи ҳифзи истиқлолу озодӣ, ҳимояи марзу буми он ва манфиатҳои милливу давлатӣ дастури зиндаи амал ва сабақи зиндагӣ ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, мо бояд саҳифаҳои дурахшони қаҳрамониву диловарии гузаштагони худро ба таври зарурӣ омӯзем ва онро ҳамчун асоси ғояи ватандӯстиву садоқат ба Ватан ба таври доимӣ ташвиқ намоем».
Ҳоло дар баробари ятимону маъюбон ва оилаҳои камбизоату бесаробон иштирокчиёни ҷангу меҳнат низ аз ғамхорӣ бархӯрдоранд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин масъала таваҷҷуҳи зиёд доранд ва таъкид менамоянд, ки огоҳ будан аз рӯзгор ва таъмини зиндагии босаодати онҳо вазифаи ҷонии ҳар як роҳбар ва афроди ҳимматбаланд мебошад.
Ҷашн гирифтани Рӯзи Ғалаба ва пос доштани номи онҳое, ки ба хотири рӯзгори орому осуда ҷонбозӣ намудаанд, қарзи ҳар яки мо мебошад. Ба таъкиди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, 9-уми май рӯзи шодию нишот ва санаи ёдбуди онҳоест, ки барои озодии халқҳо ҷони худро нисор кардаанд.
Мо назди рӯҳи шаҳидони роҳи озодии Ватан, қаҳрамонии падарон, ки баҳри пирӯзии некӣ бар бадӣ ва таъмини хушбахтию оромии аҳли башар ҷон нисор кардаанд, сари таъзим фуруд меорем. Хотираи онҳоро пос медорему эҳтироми собиқадорони ҷанг ва оилаҳои шаҳидони ҷангро ҳамеша ба ҷо меорем.
Х. Сафарзода,
дотсенти кафедраи фанҳои бехатарӣ аз сӯхтори Коллеҷи оташнишонӣ-техникии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ноҳияи Данғара,
Қ. Раҳматзода,
омӯзгори коллеҷи мазкур,
лейтенанти хизмати дохилӣ