Сабақҳои дирӯзу мушкилоти имрӯзи матбуоти даврии тоҷик

№35 (4618) 10.03.2023

МАТБУОТ копияПайдоиши рӯзномаву маҷаллаҳо дар кишварҳои гуногун ба се омили асосӣ: сиёсӣ, тиҷоратӣ, равшанфикрӣ ва ё маорифпарварӣ алоқаманд аст. Барои халқҳои Осиёи Миёна, аз ҷумла тоҷикон, омили сиёсӣ бетаъсир набошад ҳам, омили маорифпарварӣ бартарӣ доштааст. Дар охири садаи ХIХ ва оғози садаи ХХ бо ғасби қисме аз шаҳру водиҳои Осиёи Миёна аз тарафи Ҳукумати подшоҳии рус равияи маорифпарварӣ, ки аз Аҳмади Дониш (1826 – 1897) шурӯъ гардида буд, қувват гирифт. Равшанфикрону маорифпарварон дарёфтанд, ки яке аз сабабҳои тараққиёту пешрафти кишварҳои Аврупо ва қафомонии мамолики Шарқ, аз ҷумла Осиёи Миёна, ба илму маориф алоқаманд аст.

Маҳз ҳамин равияи маорифпарварӣ боис гардид, ки дар оғози садаи ХХ бо ҳиммати ҷавонони бедор – Садриддин Саидмуродхоҷа Айнӣ, Абдулвоҳиди Мунзим, Ҳомидхоҷаи Меҳрӣ ва Аҳмадҷони Ҳамдӣ дар Бухоро аввалин мактаби усули нав роҳандозӣ шуд. Бо кӯшишу ҳиммати Мирзомуҳиддин, Мирзосироҷи Ҳаким ва дастгирии консулгарии Россияи подшоҳӣ дар Бухоро нахустрӯзномаи тоҷикии Осиёи Миёна «Бухорои шариф» (1912) рӯйи чоп омад. Ин ҳодисаҳои фарҳангӣ қадами ибтидоие буд дар роҳи ташаккули афкору маърифати иҷтимоӣ ва худшиносии тоҷикон.

Ҳамин тавр, зери таъсири ин ва дигар омилҳо 11-уми марти соли 1912 (4 рабеъул­охири 1330-и ҳиҷрӣ) дар матбааи хусусии тоҷири яҳудитабор Л. Н. Левин, дар шаҳраки Когон шумораи аввалини «Бухорои шариф» ба табъ расид. Ҳарчанд ин нахус­трӯзномаи тоҷикӣ то 2 — юми январи соли 1913 ба табъ расид, аммо дар таъриху фарҳанги тоҷикон, инкишофи минбаъдаи матбуоти даврӣ нақши муҳим гузошт.

Дастандаркорони «Бухорои шариф» пешрафти тамоми соҳаҳои иҷтимоиро ба мактабу маориф марбут дониста, бунёди ҷомеаи инсонпарварро дар аморати Бухоро ва Туркистон, асосан, тавассути ислоҳи дақиқи соҳаи маориф тасаввур мекарданд. Анъанаи неку арзишманди «Бухорои шариф» дар нашрияҳои дигари аввали садаи ХХ, аз ҷумла маҷаллаи хусусии «Оина», нахустҳафтаномаи даврони шӯравии тоҷик – «Шуълаи инқилоб», нахустрӯзномаҳои «Овози тоҷик» ва «Бедории тоҷик» идома ёфт. Ин ва дигар нашрияҳо маҳз дар хусуси мактабу маориф сухан ба миён оварда, мардумро барои бештар баҳра бардоштан аз илму маърифати замона ва равшан­фикронро ба иншо ва таҳияи дастуру воситаҳои таълимии ба талаботи замон мувофиқ даъват намудаанд, ки дар даврони соҳибистиқ­лолии кишварамон аҳамияти дучанд касб кардааст.

Таърихи матбуоти даврии тоҷик­ро, дар умум ба се давраи асосӣ ҷудо намудан мумкин аст. Давраи аввал то Инқилоби октябри соли 1917 аст, ки аз «Бухорои шариф» то нашрияҳои Беҳбудӣ – «Самарқанд» ва «Оина» давом мекунад. Давраи дуюм ба замони Иттиҳоди Шӯравӣ рост меояд, ки бо нашри аввалин нашрияҳои ҳизбии тоҷикӣ – «Шуълаи инқилоб» (1919-1921), «Овози тоҷик» (1924) ва «Иди тоҷик» (1925) ибтидо гирифта, то аз байн рафтани ИҶШС идома ёфтааст.

Марҳилаи нав аз нимаи дуюми даҳсолаи 1980-ум шурӯъ шуда, пас аз Истиқлолияти давлатии Тоҷикис­тон ҳукми қонунӣ пайдо кард.

Матбуоти даврӣ дар марҳилаҳои гуногуни инкишофи ҷомеа на танҳо вусъат пайдо карда, дар тарғиби ғояҳои давру замон пешқадам шуд, балки ба ҷузъи таркибии ҳаёти иҷтимоии мардум мубаддал гардид. Рӯзномаву маҷаллаҳо воқеиятро инъикос мекарданд, ҳақиқатро талқин менамуданд, бо бадиҳо мубориза бурда, корафтодагонро дастгирӣ мекарданд. Ба ин минвол нашрияҳои даврӣ ҳамчун оина зиндагии мардумро ба худашон намо медоданд. Идораи нашрияҳои даврӣ даргоҳи умеду ормонҳои мардум буданд. Матбуоти даврӣ, ҳамчунин, дар пайдоиш ва ташаккули фаъолияти рӯзноманигории воситаҳои электронии ахбори омма мусоидат кард. Ҳамаи ин обрӯ ва эътибори матбуотро дар ҷомеа баланд бардошт.

Имрӯз низ матбуоти даврӣ аз аносири ҷудонашаванда ва муҳими давлати соҳиб­ихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаи Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, ки дар инъикоси воқеоти рӯз, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву худогоҳии мардум, тарғиби ғояҳои пешқадами замон, ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон ва ташаккули афкори созандаву бун­ёдкор нақши бориз дорад.

Аз ин лиҳоз мавқеъ пайдо кардани шабакаҳои иҷтимоӣ дар фазои иттилоотӣ ҳарчанд барои воситаҳои ахбори оммаи чопӣ мушкилот ба вуҷуд оварда бошад ҳам, зарурати будани он ҳанӯз эҳсос мешавад. Пӯшида нест, ки хонандагони воқеии нашрияҳои даврӣ (шакли чопӣ) сол ба сол кам гардида, аксарияти хонандагон аудиторияи ниҳодианд, ки ба ин ё он зарурат ба рӯзномаву маҷаллаҳо обуна шудаанд. Бинобар ин, теъдоди нашри рӯзномаву маҷаллаҳо ҳанӯз бозгӯи нуфузу эътибори онҳо дар фазои иттилоотӣ нест. Агар аз ин нуқта ба вазъи матбуоти даврии кишвар назар афканем, мушкилот ночиз аст. Ҳамаи нашрияҳои даврии расмии ҷумҳуриявию вилоятӣ, шаҳриву ноҳиявӣ, ҳамчунин, соҳавӣ ва муассисавӣ, ки аудиторияашон ниҳодӣ аст, имкон доранд аз ҳисоби обуна ҳастии худро таъмин намоянд. Дар айни замон аксарияти нашрияҳои шаҳриву ноҳиявии мо гӯё барои таърих хидмат мекунанд, ба иборае мундариҷаи онҳо ба афкори мардум камтар таъсир мерасонад, балки доир ба таърихи имрӯзи маҳал ба пажӯҳандагони оянда ҳамчун сарчашма хидмат мекунанд. Пас мушкилот на дар нашр, балки дар муҳтаво ва муносибат ба воқеиятҳои иҷтимоӣ аст.

Барои рӯзноманигорони воситаҳои ахбори оммаи чопӣ муносибати таҳлилӣ ва интиқодӣ манфиатовартар аст. Бо таъмини ҷомеа бо иттилооти сареи дорои аҳамияти иҷтимоӣ вазифаи рӯзноманигор ва ё воситаҳои ахбори омма ба охир намерасад. Фаҳмонидани моҳияти иттилоот ва ба ин васила таъсири мусбат расондан ба дарку маърифати аудитория паҳлуи дигари рисолати рӯзноманигорон аст. Дар низоми воситаҳои ахбори омма чунин имконро бештар матбуоти даврӣ дорад. Агар чунин аст, пас матбуоти даврӣ рисолаташ баландтар шудааст. Саҳифаҳои нашрияҳои даврӣ бояд ҷойи суҳбат, музокира, баҳс ва таҳлилу баррасии воқеиятҳои муҳими иҷтимоӣ қарор гиранд, дар ба шакл даровардани афкори солим ва дарку маърифати иҷтимоию сиёсии шаҳрвандон мусоидат кунанд. Имрӯз, ки фазои сиёсиву иҷтимоии ҷаҳон ба буҳрони шадид рӯ ба рӯ шуда, ҳизбу ҳаракатҳои гуногуни моҷароҷӯву исёнгар қувват мегиранд, таҳоҷуми иттилоотӣ бештар ба назар мерасад. Дар ин маврид, ҳифзи арзишҳои миллӣ зарурати бештар ва нақши таҳлиливу тафсилии матбуоти даврӣ аҳамияти дучанд пайдо мекунад.

Матбуоти даврӣ дар муқоиса бо воситаҳои электронии ахбори омма дар таҳлилу баррасии ­воқеии ин гуна равияҳо, таҳоҷум, бегонапарастиҳо ва гирифтани пеши роҳи онҳо имкони зиёдтар дорад, зеро сухани он ҳосили ­фикри соҳибназарон буда, бо факту далел ­асоснок мешавад. Аз тарафи дигар, низоми сертаркибаи матбуоти даврӣ имкон фароҳам меорад, ки доираи мавзӯъҳои рӯзномаву маҷаллаҳо васеъ, усули инъикос ва баррасии масъалаҳои иҷтимоӣ ва диду назарҳои муаллифон гуногун гардад.

Масъалаи дигаре, ки имрӯз дар фазои илмиву амалии рӯзноманигорӣ пайдо шудааст, тақдири матбуоти даврӣ дар шароити рушду инкишофи бемайлони техника ва технологияи коммуникатсионию иттилоотӣ аст. Табиист, ки ҳар як мавҷудот пайдо мешавад, шакл мегирад, рушд мекунад, таҳаввул меёбад ва маҳв мешавад. Тавре ишора намудем, имрӯз бо рушди техника ва технологияи замонавӣ, бахусус хусусияти оммавӣ пайдо кардани интернет, шакл гирифтани сомонаҳои шабакавӣ байни муҳаққиқон ва коршиносони соҳа андешаи будан ва ё аз байн рафтани матбуоти анъанавиро ба миён овардааст. Албатта, рушди воситаҳои электронии ахбори омма ва доман паҳн кардани шабакаҳои иҷтимоӣ мавқеи матбуоти давриро дар фазои иттилоотӣ то андозае танг мекунад, аммо онро ба нестӣ расонда наметавонад. Хусусан дар ҳолате, ки матбуот таъиноташро дигар карда, аз воқеанигории рӯзноманигорӣ ба андешаназарии публитсистӣ майл кунад.

Ба ин маънӣ рӯзномаҳои анъа­навиро мебояд таъинот ва рисолаташонро дигар кунанд, ба талаботи замон ва рӯҳи ҷомеа мувофиқ шаванд. Агар маводи нашрияҳои даврӣ айнан дар сомонаҳо ҷой дода шавад, таваҷҷуҳи хонанда барои дастрасии рӯзнома кам мешавад. Дар сомона пурра гузоштани маводи шумораҳои нашрия низ манфиатбор нест. Дар аввал метавонем маводи шумораҳоро дар шакли хулосаи тарғибӣ ҷой диҳем. Агар хонанда таваҷҷуҳ зоҳир кард, ӯ аз паси дарёфти матни асосӣ мешавад. Дар ин ҳолат рӯзномаро пайдо мекунад, онро мехонад.

Аз тарафи дигар, рӯзноманигорони нашрияҳои давриро мебояд ба маънидод кардани воқеаҳо, нишон додани пасманзараи онҳо, дарёфти роҳҳои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ бештар таваҷҷуҳ зоҳир намоянд.

Ин ҳолат ва имконият зарурати ҳалли паҳлуи дигари ­қазияи касбиро ба миён меорад, ки он ба тарбияи рӯзноманигорон алоқаманд аст. Масъалаи асосӣ дар куҷо пахш кардан не, балки чӣ пахш кардану чӣ гуна таъсир расондан аст. Яъне, дар бораи воқеиятҳои иҷтимоӣ кӣ менависад ва навиштаи ӯ то кадом дараҷа ба ҷомеа таъсири мусбат расонда метавонад. Дар воситаҳои ахбори оммаи имрӯза ин ҷиҳат муҳимтар аст ва он ба тарбияи рӯзноманигорон иртибот дорад.

Аксари муҳаққиқон журналистикаро санъат медонанд, ки нодуруст нест. Яъне, барои журналисти хуб шудан қобилияту маҳорати хосса нақши муҳим мебозад. Аммо қобилияту маҳорати журналист танҳо бо суханварӣ ва ё навишта тавонистан маҳдуд намешавад. Ӯ бояд мустақилона мавзӯъро пайдо кунад, бо сарчашмаҳои гуногуни дастрасии иттилоот муроҷиату муошират карда тавонад, маводи ҷамъовардаашро ба низом дароварда, ба мақсад мувофиқ созад, дар заминаи факту далелҳо мавзӯъ ва ё масъаларо матраҳ кунад, дар баррасии масъала мавқеи нашрия ва диду назари хонандаро ба эътибор гирад. Дар иҷрои ин вазифаҳо касбият, дониш, сатҳи тафаккур, ҷаҳонбинӣ ва масъулиятшиносӣ мададгор мешавад. Эҳтироми касб, содиқ будану бо муҳаббат кор кардан ба камолоти касбияти рӯзноманигор таъсир мерасонад.

Рушди технологияи иттилоотӣ тақозо менамояд, ки рӯзноманигорон аз имкониятҳои техникӣ самаранок истифода баранд. Ин технология ҳам ба сифати фаъо­лияти кормандон, хосса аҳли эҷод ва ҳам ба шароити кори онҳо, мусоидат мекунад. Дар ин раванд яке аз қазияҳое, ки барои рӯзноманигорон, аз ҷумла кормандони матбуоти даврӣ ба миён омадааст, донистани технологияи замонавии касбӣ ва истифодаи самараноки он аст. Асри рушди илму техника аз рӯзноманигорон дар баробари маърифати соҳаҳои гуногуни ҳаёти иҷтимоӣ дарки техникиро низ талаб мекунад. Рӯзноманигори имрӯз фаъолияти универсалӣ дорад, ӯро дар баробари донишу ҷаҳонбинии амиқи иҷтимоиву сиёсӣ мебояд аз қонунмандиҳои журналистикаи чандрасонаӣ хуб баҳраманд бошад, дар раванди кор аз онҳо самаранок истифода намуда, дар такя ба омилҳои техникиву технологӣ мустақилона амалҳои гуногуни касбиро иҷро карда тавонад.

Ҳамин тавр, пас аз 111 сол дар бораи «Бухорои шариф» меандешем ва андешаамон нек аст. Чаро? Зеро масъулини ин нашрия «муносиби ҳоли мардум сухан гуфта, салоҳи амри умумро дар назар доштаанд». Дар ба вуҷуд омадани ин нашрия омилҳои гуногуни худиву бегона (хориҷӣ) таъсир расонда бошанд ҳам, дастандаркорони он дар раванди фаъолият ин авомилро ба ҳам омезиш дода, ба он рӯҳи миллӣ бахшидаанд. Агар чунин рӯҳия, усул ва шеваро нашрияҳои даврии мо низ маслаки асосӣ қарор диҳанд, на танҳо дар рақобати касбӣ бо воситаҳои дигари ахбори омма пешқадам мешаванд, балки дар фазои иттилоотии кишвар рисолати худро ба шакл медароранд, ки он таҳлилгароиву маърифатбахшӣ хоҳад буд.

Мурод Муродӣ,

профессори ДМТ