Садоқат ба касб муҳаббат ба Ватан аст

№ 08.12.2020

 Аз нисф зиёди аҳолии кишварро ҷавонон ва 30 фоизи онро кӯдакон ташкил медиҳанд. Ин сарвати бузург имкон медиҳад, ки ҷумҳурӣ ба қатори давлатҳои ояндадор ворид гардад. Вале он худ аз худ моро ба ҷое намерасонад, бинобар ин, бояд дар таълиму тарбияи кӯдакону наврасон ва ҷавонон саҳм гирифта, масъулияти бузургеро ба зимма дошта бошем. Зеро дар таълиму тарбияи насли наврас таҷрибаи ғанӣ дорем, ки аз гузаштагони шарафманд ба мерос мондааст.

Олим ва файласуфи барҷастаи тоҷик Абӯалӣ ибни Сино тарбияро аз нахустин лаҳзаҳои ба дунё омадани тифл  муҳим арзёбӣ намудааст, ки падару модар дар он масъулияти бузургро ба зимма доранд.

Яке аз санадҳои муҳими меъёрии ҳуқуқие, ки ҷанбаҳои гуногуни таълиму тарбияи кӯдаконро дар бар мегирад, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ба ҳисоб меравад. Ҳарчанд дар он уҳдадориҳои падару модар возеҳ ифода ёфта бошад ҳам, ҳанӯз муносибати саҳлангорона ба чашм  мерасад. Баъзе аз падару модарон маслиҳати мураббиён ва омӯзгоронро барои фарзандон чандон ба назар намегиранд, дар ҳоле ки бузургон оиларо «гаҳвораи адаб» ва тарбияи дурустро «беҳтарин мероси падару модарон барои фарзандон» хондаанд.

Баробари ҷоннок намудани тарбияи кӯдакону наврасон, дар оила, ки рукни ҷомеа маҳсуб меёбад,  бояд сохторҳои марбутаи давлатӣ ҷиҳати тақдири ворисони ояндаи миллат бетарафӣ нишон надиҳанд. Зимнан, беш аз ҳама оила ва муассисаҳои таълимии томактабӣ барои дар рӯҳияи баланди инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, адабу ахлоқ ва маърифатдӯстӣ ба камол расонидани  насли наврас масъул мебошанд.

Шоҳиди он ҳастем, ки муассисаҳои томактабӣ ва мактабу маорифи кишвар ҳамеша аз дастгирию ғамхории ҳаматарафаи Давлату Ҳукумати кишвар бархӯрдоранд. Бо вуҷуди мушкилоти иқтисодию иҷтимоӣ, буҳронҳои молиявии ҷаҳонӣ, дар кишвар кӯдакону наврасон ба ғамхорӣ фаро гирифта мешаванд.

Ҳамчун омӯзгор бо боварӣ гуфта метавонем, ки мушкилиҳои дар ҷомеа мавҷудбуда ислоҳшаванда мебошанд. Вале, вақте ки кӯдак аз тарбия дур мемонад, бахшиданӣ нест.

Ҷавобан ба ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки нисбат ба тақдири насли ояндасоз таваҷҷуҳи ҳамешагӣ доранд, мо — омӯзгорон вазифадор ҳастем, ки дар фаъолияти ҳаррӯза масъулияти баланд дошта бошем. Усулҳои нав ва пешқадами корро  мавриди истифода қарор диҳем. Эҷодкору навовар бошем.

Омӯзгор яке аз шаҳсутунҳои таълим ва тарбия ба ҳисоб меравад. Комёбии омӯзгор, пеш аз ҳама, дар шахсият будани ӯ вобаста аст. Муаллим ва мураббӣ аз нигоҳи хусусиятҳои шахсӣ ва касбӣ бояд комил бошанд, чунки пешаи омӯзгорӣ аз шахс масъулияти ҷиддиро талаб мекунад. Абӯалӣ ибни Сино  роҷеъ ба ин масъала таъкид кардааст: «Тарбияткунандаи кӯдак бояд оқил, бодиёнат, донандаи хуби масоили тарбияи нафс, бовиқору ҷиддӣ, хушахлоқу нармхӯ, зирак, ҷавонмард ва поксурату поктинат бошад».

Барои боз ҳам хубтар иҷро намудани пешаи омӯзгорӣ дар муассисаҳои таълимӣ  муаллимон бояд шогирдонро дар рӯҳияи муҳаббату садоқатмандӣ  ба Ватан ва дигар арзишҳои миллӣ тарбия намоянд.

 Муҳаббат МИРАЛИЕВА,

Фарида АЪЗАМОВА,

омӯзгорони ширхоргоҳ  — кӯдакистони № 138, ноҳияи Синои шаҳри Душанбе