Тоҷикистон яке аз давлатҳои зеботарини олам аст. Дар он чор фасли сол бо рангомезиҳои хос ба дилҳо фараҳ мебахшад. Яъне, ҳар фасли сол аз дигараш зеботар аст. Хусусан, баҳор, пухтани меваҳои шаҳдбор, рехтани баргҳои заррини тирамоҳ ва тамошои барфҳои нуқрагини зимистон хеле ҳаловатбахш аст. Аз ин рӯ, табиати нотакрори Ватан диққати сайёҳонро ҷалб кардааст.
Беҳуда нест, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2019 — 2021 — ро «Солҳои рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон намуданд. Сарвари давлат зимни яке аз суханрониҳо аҳамияти соҳаро шарҳ дода, гуфтанд: «Сайёҳӣ яке аз соҳаҳои муҳими бо шуғл фаро гирифтани аҳолии қобилияти меҳнатӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, рушди дигар соҳаҳои хизматрасонӣ ва истеҳсолӣ, инчунин муаррификунандаи таъриху фарҳанг, табиат ва анъанаҳои миллӣ ба ҳисоб меравад».
Дар кишвар барои ҷалби сайёҳони хориҷӣ шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Бо вуҷуди бемории COVID — 19 тайи ҳафт моҳи соли сипаригашта ба мамлакат аз 137 кишвари ҷаҳон зиёда аз 500 ҳазор сайёҳ ташриф оварданд, ки нишондиҳандаи хуб аст.
Шароити мусоиди табиӣ, иқлими муътадил барои ба роҳ мондани хизматрасонии муосири сайёҳӣ ва инкишофи навъҳои гуногуни он имконияти хуб фароҳам овардааст.
Бо пешниҳоди Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби СММ Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои рушди устувор, барои солҳои 2018 — 2028» қабул гардид. Ба ин муносибат котиби генералии СММ Антонио Гутерриш ба Тоҷикистон омада, бо табиати зебои диёр ошно гашт ва ба он баҳои баланд дод.
Дарвоқеъ, табиати афсункори ҷумҳурӣ сол ба сол диққати сайёҳонро ҷалб сохта, соҳа рушду равнақ меёбад.
Муродалӣ ҲОШИМОВ,
саромӯзгори кафедраи химия ва биологияи тиббии ДДТХ