География ҳазорсолаҳо муқаддам, баробари ба вуҷуд омадани ҳаёт, пайдо шудааст. Асосгузори илми география олими Юнони Қадим Эротасфен мебошад. Ӯ масоҳати заминро аз рӯи меридианаҳо муайян намуд. Дар ибтидои асрҳои миёна сатҳи донишҳои географӣ нисбатан паст рафт.
Ҷангу шӯришҳо ба инкишофи илм монеа шуданд, вале аз тарафи сайёҳони машҳур кашфиётҳои географӣ пай дар пай пайдо шуданд. Дар ин бобат сайёҳони араб пешсаф буданд. Саҳми олимони тоҷик Абӯзубайди Балхӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Абурайҳони Берунӣ, Абдураззоқи Самарқандӣ ва дигарон дар рушди илми география бориз аст. Абӯзубайди Балхӣ 20 харита тартиб додааст, ки ҳамчун атласи исломӣ ба табъ расидаанд. Лозим ба ёдоварист, ки харитаи олам аз тарафи олими Юнон Балтимус (Фталамей) тартиб дода шудааст, ки ба инкишофи илми баҳрнавардӣ, инкишофи савдо ва кашфиётҳои бузурги географиву сайёҳӣ таҳрик бахшид. Сарфи назар аз хатоҳо харитаи Балтимусро сайёҳон ва баҳрнавардон 14 аср истифода бурдаанд. Дар асри XVI аз тарафи олими немис Мартин Беҳайма аввалин маротиба глобус сохта шуд. Дар харитаи Балтимус ва глобуси Мартин Беҳайма Австралия, Антарктида, Америкаи Шимолӣ ва Ҷанубӣ вуҷуд надоштанд.
Аввалин экспедитсияҳоро испаниҳо ва португалиҳо ташкил карданд. Дар кашфи минтақаҳои нав сайёҳони норманӣ нақши асосӣ бозидаанд. Онҳо дар қаламрави ҳозираи Норвегия, Шветсия ва Дания ба сар мебурданд. Касби асосиашон чорводорӣ ва моҳидорӣ буд. Русҳо онҳоро «варияг» мегуфтанд. Аз хунукии иқлим дар ватани норманиҳо ғалла кам ҳосил медод. Бинобар ин, онҳо дар бозорҳои Аврупо пӯст, пашм ва равғани моҳиро ба ғалла иваз мекарданд. Бояд зикр кард, ки пеш аз Колумб дар Америка норманиҳо ва арабҳо қадам гузоштаанд. Айни замон «норманӣ» ном халқ вуҷуд надорад. Онҳо асосан ба Скандивания рафта, бо дигар миллатҳо омехта шудаанд. Соли 1498 Х. Колумб бо мақсади ҷустуҷӯи роҳи баҳрии сӯи Ҳиндустон бо се киштӣ аз Испания баромада, бо воситаи уқёнуси Атлантика ба Ғарб раҳсипор шуд.
Колумб тахмини Абӯрайҳони Беруниро, ки: «дар ғарб бояд як қитъаи дигар вуҷуд дошта бошад», тасдиқ намуд. Аммо номбурда, аз он ки қитъаи навро кашф кардааст, хабар надошт. Колумб муайян кард, ки дар гурӯҳи галаҷазираҳои Багам 700 ҷазираи хурду калон мавҷуд аст. Баъди 5 соли экспедитсия барои ёфтани роҳи баҳрии Ҳиндустон ҳукумати Португалия экспедитсия ташкил қард. Сарварии онро ба маллоҳи машҳури португалӣ Васко да Гамма супурданд.
Ӯ соҳилҳои ғарбии Америкаро давр зада, аз уқёнуси Атлантика ба уқёнуси Ҳинд баромад. Қайд кардан зарур аст, ки сайёҳи тоҷик Абдураззоқи Самарқандӣ аз Васко да Гаммаи португалӣ 56 сол пештар ба Ҳиндустон ба воситаи халиҷи Ҳурмуз ворид шуда буд.
Аввалин экспедитсияи сайёҳии даври олам баъди кашфи қитъаи Америка муяссар гардид. Сайёҳи машҳури олам Фернан Магелан соли 1519 бо панҷ киштӣ ба нахустин сафари гирди олам баромад. Киштиҳо Атлантикаро гузашта, ба воситаи гулӯгоҳи Америкаи Ҷанубӣ ба уқёнуси Ором ворид шуданд. Аз рӯи маълумоти баъзе аз адабиёти географӣ номи уқёнуси Оромро Магелан гузоштааст. Магеланро соли 1521 дар яке аз ҷазираҳои Филиппин ба қатл расондаанд. Соли 1522 аз панҷ киштии зикршуда як киштӣ ба Испания баргашт.
Аввалин экспедитсияро ба Австралия ва Антарктида Абел Тасман сарварӣ кард. Номбурда соли 1642 соҳилҳои шимолӣ ва ғарбии Австралияро кашф кард, аз ин рӯ, дар қисми ҷанубии он ҷазираеро бо номи ӯ гузоштаанд.
Материки Антарктидаро русҳо бо сарварии Ф. Ф. Беленгавзен ва М. П. Лазеров моҳи январи соли 1820 мушоҳида кардаанд. Лекин марбут донистани ин сана ба кашфи Антарктида мантиқан дуруст нест. Кашфкунандаи Антарктида сайёҳи машҳури Норвегия Раул Амундсем (соли 1911) ва олими англис Роберт Скот (пас аз ду моҳи сафари Амундсем) мебошанд. Вақте Роберт Скот бо машаққати зиёд ба маркази Антарктида мерасад, аллакай дар он ҷо парчами Норвегия парафшон буд. Дар вақти баргашт онҳо аз хунукӣ ҳалок мешаванд.
Боиси ифтихор аст, ки дар қитъаи Антарктида олим ва сайёҳи тоҷик А. Қаюмов низ тадқиқот бурдааст.
Дар маҷмӯъ экспедитсияи сершумори асрҳои XXVII — XIX ва аввали асри ХХ илми географияро бо маълумоти нав дар бораи табиат ва аҳолии Замин ғанӣ гардонд.
Муродалӣ ҲОШИМОВ,
омӯзгори калони ДДТХ