Саодати афрод ва пешрафти миллат бо ваҳдат идома пайдо мекунад

№79 (4499) 25.06.2022

Руктори ДТТ (2)Мусаллам аст, ки мусолиҳаи миллӣ дар ҷои хушку холӣ ба миён намеояд, замина зарур аст, ки ибтидои фаъолияти қувваҳои муросогар бошад. Ташаккули чунин замина ба сифати шарти пешакии раванди мусолиҳаи миллӣ амал менамояд. Дар бисёр ҳолатҳо ба сифати замина ё шарти пешакии раванди мусолиҳаи миллӣ қатъ гардонидани амалиётҳои ҷангӣ ё дар муддати муайян оташбас эълон намудан аст. Яъне, расидан ба мусолиҳаи миллӣ раванди мураккаби сиёсӣ буда, чандин марҳиларо дар бар мегирад. Аз ҷумла, муколамаи ҷонибҳо дар шакли бевосита ва ё бавоситаи миёнаравҳо, компромиссияи сиёсӣ, барномаҳои мушаххаси фаъолият ва амсоли ин, ба тасвиб расонидани санадҳои сиёсию ҳуқуқӣ нақш мебозанд. Рафти омодагӣ ба муколама низ кори чандон осон нест, он аз ҷонибҳо масъулият ва амали зиёдро талаб менамояд. Хусусан, аз қувваҳои сиёсие, ки дар сари қудратанд, амалҳои гуногунро интизор бояд дошт. Неруҳои ҳоким барои он ки ҷонибҳои дигарро ба муколама моил намоянд, силсилачорабиниҳоро ба амал мебароранд, аз ҷумла эълон доштани низоми бисёрҳизбӣ ва риояи он, бекор намудани сензураи сиёсӣ, таъмини риояи ҳуқуқҳои асосии инсон, озодии сухан, матбуот, гирдиҳамоиҳо, маҷлисҳо, қонунигардонидани иттиҳодияҳо ва ҳизбҳои сиёсию ҳаракатҳои мардумӣ, авф ва озод кардани маҳбусони сиёсӣ, имконияти баробар ба ҳама шакли моликият ва амсоли он. Қобили зикр аст, ки барои расидан ба ваҳдати миллӣ Ҳукумати кишвар дар шахси Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳама кори дар боло зикршударо анҷом доданд, то раванди ба мусолиҳаи миллӣ расидан ба амал бароварда шавад.

Зимни ҳама гуна муносибат ҳайатҳои ҳар ду ҷониб тавонистанд, ки хушунату навмедиро аз миён бардоранд, то эътимоду боварӣ ба даст ояд ва нуқтаи назарҳо ба ҳам мувофиқат кунанд. Дар он лаҳзаҳо манфиатҳои умумишаҳрвандию умумимиллӣ, бақои давлати соҳиб­истиқлол, муқаддасоти Ватан ба ҳама самти мавҷудияташ дар қаъри тафаккури ҷонибҳо қарор дошт. Ҳар ду ҷониб дарк карданд, ки натиҷаи ихтилоф метавонад давлати Тоҷикистонро аз байн барад. Дарки ин нукта ба ҳам омадани назарҳо ва сабаби ба имзорасии Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикис­тон гардид. Он 27 июни соли 1997 ба тасвиб расида, раванди ба ҳам омадани ҷонибҳо ва сулҳи деринтизори тоҷиконро ба миён овард.

Дар раванди ташаккул ва инкишофи мусолиҳаи миллӣ ва ба воқеият табдил ёфтани он мақоми пешбарро сарварони сиёсӣ ва неруҳои ҳоким касб менамоянд, маҳз ақлу заковат, донишу маҳорат ва истифодаи самараноки таҷрибаи мамлакатҳои гуногун ба Роҳбари давлат имконият медиҳад, ки ­масъулиятро ба дӯш гирифта, қарори ягонаю дурустро қабул намоянд. Чунин сифатҳо боиси он гардиданд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун ватандори асил аз кишвари соҳибистиқлол дифоъ намоянд. Бо ҳамин Тоҷикистон як давраи мушкилу фоҷиа­борро сипарӣ намуд. Дар баробари ба эътидол овардани вазъияти сиёсии мамлакат, роҳбарияти олии кишвар кӯшиши зиёд ба харҷ дода, масъалаҳои гуногуни инкишофи ҳаёти ҷамъиятиро мавриди амал қарор доданд. Масъалаи муҳими Истиқлолияти давлатӣ қабули Конститутсияи ҷумҳурӣ ва тағйиру иловаҳо ба он ба таври раъйпурсии умумихалқӣ мебошад. Ин ҳуҷҷати муҳим заминаи боэътимоди сиёсию ҳуқуқӣ дар раванди инкишофи таърихии мамлакат гардид. Он имконият ва шароити заруриро барои ташаккули институтҳо ва равандҳое, ки хоси ҷомеаи демократианд, муҳайё намуд. Бояд гуфт, ки яке аз муҳимтарин омилҳои таҳкими ваҳдати миллӣ худро ба сифати як ҷузъи миллат амиқан дарк кардан, манфиатҳои олии давлатӣ ва миллиро аз манфиатҳои шахсӣ боло гузоштан, таъмини ягонагии миллиро вазифаи шахсӣ дониста, дар роҳи ҳимояи манфиатҳои умумимил­лӣ саъю кӯшиши пайваста нишон додан аст. Мутаассифона, ҳоло ҳам ин сифатҳо дар шуури баъзе аз аъзои ҷомеа ба қад­ри зарурӣ мавҷуд набуда, қатъи назар аз он ки ақидаҳои носолими чунин шахсонро ҷомеа қабул надорад, вале онҳо бо ­суистифода аз фазои озоди демократии мамлакат, ба амалҳои зиддиқонунӣ даст мезананд.

Ҳодиса­ҳои охири рухдода дар Бадахшон далели онанд, ки ҳанӯз бархӯрдҳои геосиёсии қудратҳо дар Осиёи Марказӣ идома дошта, ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои хеш аз тавтеаҳои зиёд кор гирифта мешавад. Воқеияти рухдода нишон дод, ки ҳоло ҳам душманони миллати тоҷик дар либоси экстремизму терроризм ва дар шакли ниҳоду ташкилотҳо, ҷараёнҳои гуногуни сиёсӣ, мазҳабӣ, динӣ дар байни мардум тухми иғво кошта, сулҳу суботи кишварро халалдор карданӣ ҳастанд. Ин зарурат бори дигар ҳушдор медиҳад, ки дар чунин шароити тақдирсоз бояд ба ақлу хирад такя намуда, зиракии сиёсӣ нишон дода, ба ҳеҷ ваҷҳ ба доми бадхоҳону душманони халқу кишвар афтодани шаҳрвандони алоҳидаро роҳ надиҳем.

Аз ин хотир, баҳри ҳифзи ваҳдати миллӣ, Истиқлолияти давлатӣ, таҳким ва рушди ҳокимияти сиёсӣ чунин зуҳуроти номатлубро, ки душмани ваҳдати миллист, дар ҳама соҳаи ҳаёти ҷомеа бояд рафъ кард. Фаромӯш насозем, ки саодату комгории миллат, пешрафту рушд ва шодиву нишоти ҳар фарди кишвар танҳо тавассути ин арзиши олии миллӣ — яъне, сулҳ ва ваҳдату ҳамбастагии миллӣ метавонад идома пайдо намояд.

Илҳом АМОНЗОДА,

узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,

 ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон