Сарфи назар кардани иншо оё пайомади ногувор надорад?

№70 (3864) 07.06.2018

итоговое-сочинение-2016-подготовка

Имсол ба феҳристи имтиҳонҳои дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар имтиҳони хаттӣ –эссеро дохил карданд, ки ҷойгузини имтиҳони анъанавӣ — иншо мебошад.

Масъулини Вазорати маъориф ва илми ҷумҳурӣ, забоншиносон, омӯзгорони фанни забону адабиёти тоҷик ба он назаранд, ки истиснои кори хаттӣ дар имтиҳонҳои дохилшавӣ хонандагонро як дараҷа фориғбол кард. «Имтиҳони иншо нест», — гуфта ба имло эътибор надода, ҳатто дар навиштани номи худ хато мекунанд. Ин ҳолат боиси суст гардидани қобилияти фикрбаёнкунӣ, маъмул шудани хатоҳои имлоӣ, услубӣ, сарфи назар намудани аломатҳои китобатӣ гардид. Дар ҳолати риоя накардани қоидаи имло ва аломатҳои китобатӣ таъсири сухан заиф, матлаб печида ва муносибати маъноӣ гум мешавад.

 Перомуни он ки  «Иншо бартарӣ дорад ё эссе?» чанде аз омӯзгорон ба тариқи зер ибрози назар карданд:

Мироншои Фаридун – омӯзгори «Литсей барои хонандагони болаёқат» дар шаҳри Душанбе:

- Эссе кори хаттиест байни нақли хаттӣ ва иншо. Он бештар дар макотиби таҳсилоти умумии кишварҳои Ғарб роиҷ аст. Фарқи эссе аз иншо дар он аст, ки муъҷаз ва таъсирнок навишта шуда, ҳаҷми он набояд аз ду варақи чопӣ зиёд бошад. Эссе аз хонанда малакаи баланди эҷодиро талаб мекунад. Дар қисмати асосӣ мавзӯъ таҳлил шуда, мақсади эссенавис муфассал баён гардида, изҳори андеша, тахайюл ва маҳорату ҷаҳонбинии муаллиф ошкор мешавад. Дар хулоса бошад, муаллиф назари худро доир ба интихоби мавзӯъ, ҳалли он ба таври кӯтоҳ – дар якчанд сатр ифода мекунад. Тафтиши эссе аз рӯйи талабот ва меъёрҳои муайянкардаи Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ ба роҳ монда мешавад.

Ба эссе аз рӯйи чор меъёр – мувофиқати пурраи мазмун ба мавзӯи интихобнамуда, мукаммал ва боэътимод будани далелҳои баён, риояи комили мантиқ, тартиби бонизоми баён ва хулоса хол гузошта мешавад.

Шермад Тоҳиров – устоди Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ:

- Ба феҳристи имтиҳонҳои қабул дар клас­тери сеюм ворид кардани кори хаттӣ иқдоми наҷибест. Инро касе роҳандозӣ кардааст, ки беолоишии забони тоҷикиро мехоҳад.

«Ятим» мондани иншо иштибоҳи бесобиқа буд. Натиҷаи ин корро ҳар рӯз мебинем. Якумр иншо тафтиш кардему диктант. Хонанда масъулият ҳис мекард. Ҳусни хат дошту саводи ҷавобгӯйи талабот.

Мо ҳаққи маънавии як истилоҳи маъмулро тобиши дигари маъноӣ додан надорем. Эссе мафҳуми дигар буда, бештар ҳамчун жанри адабӣ маъмул аст.

Иншо  рӯи саҳифа овардани мазмуну муҳтавои дар асари бадеӣ инъикосёфта асту ҷанбаи эҷодӣ дорад. Муаллиф то ҷое тавон дорад, мазмуну мундариҷаи асари бадеиро бозгӯйӣ кунад, на ин ки фикрашро дар бораи асар баён намояд. Ин кори муҳаққиқу мунаққид аст.

Ин талабот дар эссе вуҷуд надорад. Довталаб он қадар қудрате надорад, ки мазмуни як асари бадеӣ ва хулосаашро дар бораи асар дар ду варақ баён кунад.

Мутаассифона, аксар корҳои муҳимро саҳл мепиндорему бидуни таҳлил «кашфиёт»-и ашхоси аз ихтисос дурро роҳандозӣ мекунем. Онҳо барои ҳамқадами замон шудан «ғамхорию дилсӯзӣ»-и хешро ончунон зоҳир мекунанд, ки аксар маврид бар зарари кор аст. Иншо қобилияти баёни хаттии фикрро қавӣ мегардонад, тавассути иншонависӣ имло ва аломатҳои китобатӣ дар зеҳни хонанда нақш мебандад.

Як сабаби бехато чоп шудани рӯзномаҳои русӣ риояи имло ва истифодаи дурусти аломатҳои китобатӣ мебошад, ки аз таъсири иншонависӣ дар мактабҳои русӣ гувоҳӣ медиҳад.

Нозукмо Ганҷова – омӯзгори фанни забон ва адабиёти  тоҷики муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 7-и ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе:

- Хуб мешуд дар ҳама кластер кори хаттӣ дар кадом шакле набошад (иншо, диктант, эссе) ҷорӣ шавад. Барои ҳар як фарди тоҷик ба забони модарӣ бехато навиштан мояи ифтихор аст. Андеша бобати он ки барои кластерҳои дигар иншо лозим нест, иштибоҳ аст, чунки онҳо ҳам маърӯза менависанд, баромад мекунанд, билохира бояд рисолаи номзадию докторӣ нависанд. Барои ин бояд, «мардикор» гиранд ё ба касе муҳтоҷ шаванд!?

Эҳтиром ба забони модарӣ – эҳтиром ба модар аст. Бояд ба хонандагон завқи бехатою пурмазмун навиштанро талқин намоем, то он «беморӣ»-ро, ки имрӯз дар забони матбуоти даврӣ ва китобҳои таълимӣ «хурӯҷ» кардааст, табобат намоем.

Абдухолиқ Мирзодода,

«Садои мардум»