Сармашқи кори омӯзгорон

№44 - 45 (4627 - 4628) 27.03.2023

Дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон, ки 23 — юми декабри соли 2022 ироа гардид, соҳаҳои фарҳанг, тандурустӣ, саноат, энергетика, соҳибкорию сармоягузорӣ, кишоварзӣ, сайёҳӣ, муносибати дипломатӣ бо дигар давлатҳо, ҳифзи обу иқлим ва пиряхҳо, мубориза зидди терроризму ифротгароӣ ва беҳтар кардани сатҳу сифати зиндагии мардум мавриди баррасӣ қарор гирифт. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи бартараф кардани як қатор камбудиҳоро, ки барҳам додани онҳо ба рушди соҳаҳои гуногун ва зиндагии шоистаи мардум боис мегардад, мушаххас намуданд.

Воқеан, муҳтарам ­Эмомалӣ ­Раҳмон аз рӯзҳои аввали Роҳбари давлат интихоб шуданашон ба мардум сулҳ, ваҳдат ва истиқлолият оварданд, гурезаҳоро ба Ватан баргардонданд, заминро ба дасти деҳқон доданд, мактабу шифохонаҳои замонавӣ, пулу нақбҳо ва неругоҳҳо бунёд сохта, фарҳангу таърихи тоҷиконро ба ҷаҳониён муаррифӣ намуданд. Дар натиҷа, зиндагии мардум рӯз аз рӯз беҳтар шуд.

Барои он ки насли ҳозира ояндаи миллатро ба даст гирифта, зиндагии ҷомеаро боз ҳам ба самти нек бубарад, Пешвои миллат рушди соҳаи маориф ва баланд бардоштани ­савияи дониши хонандагонро дар мадди аввал гузошта ва ҳар сол зимни ироаи Паём ба ин масъала таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд. Пешвои миллат ин навбат низ дар Паём ба соҳаи маориф ҳамчун соҳаи ояндасоз таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда, бори дигар мактабро ба ҳайси боргоҳи илму дониш, саводу маърифат ва омӯзгорро шахси мафкурасозу тарбиятгари насли нав­рас номида, ба онҳо арҷу эҳтиром гузоштанро аз ҷумлаи ­масъалаҳои муҳимтарин шумурданд, ки ин ба мо — омӯзгорон илҳом ва неруи тоза бахшид.

Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд: «Агар мактаб ва омӯзгор набошад, сатҳи маърифатнокии мардум паст мегардад, миллат бесавод мемонад, ҷомеа ба ҷаҳолат гирифтор мешавад ва дар натиҷа оромиву сулҳу субот, амнияту осоиш ва муҳимтар аз ҳама, рушди давлат сахт халалдор мегардад. Вобаста ба ин, бори дигар таъкид менамоям, ки бунёди миллати мутамаддин аз маориф оғоз меёбад».

Солҳои охир ба маориф дар кишвари мо таваҷҷуҳи бештар зоҳир гардида, мактаб­ҳои замонавӣ бунёд шудаву бо аёнияти таълимӣ муҷаҳҳаз гардиданд. Бо дастури Сарвари давлат озмунҳои ҷумҳуриявӣ — «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Тоҷикистон — Ватани азизи ман», «Илм — фурӯғи маърифат», «Тоҷикон-оинаи таърихи миллат» роҳандозӣ шуданд, ки ҳамагӣ дар самти боло бурдани савияи дониши хонандагон такони ҷиддӣ бахшиданд. Хусусан, озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар ҷомеа такони ҷиддӣ бахшид. Тавассути оинаи нилгун намоиши раванди озмун ва қадр шудани ғолибони он бори дигар собит намуд, ки дониш ба инсон на танҳо ғолибият, балки обрӯву эҳтиром меорад. Хусусан, насли нав­рас ба китоб, ки сарчашмаи дониш арзёбӣ мегардад, рӯ овард. Тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд: «Мақсад аз амалӣ сохтани тамоми иқдомот дар самти рушди илму маориф баланд бардош­тани сатҳи саводнокиву маърифатнокии миллат, мунтазам беҳтар гардонидани сатҳу сифати таълим ва тарбияи кадрҳои ба талаботи замона ҷавобгӯй мебошад».

Зиндагии шоистаи омӯзгорон ҳам ҳамеша дар мадди назари Сарвари давлат аст. Қазоват намоед, ки музди меҳнати омӯзгорон соли гузашта 20 фоиз зиёд гардида буд. Имсол ҳам зимни ироаи Паём Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр карданд, ки дар қатори кормандони муассисаҳои тандурус­тӣ, соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ маоши кормандони соҳаи маориф низ 20 фоиз зиёд мешавад. Пешвои миллат таъкид намуданд: «Ғамхорӣ кардан ба илму маориф, яъне ҳалли масъалаҳои дар ин самт ҷойдошта — сармоягузорӣ ба хотири рушди неруи инсонӣ мебошад».

Маҳз ба ҳамин хотир, дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумат рушди бонизоми соҳаи маориф, мақому манзалати омӯзгор ва фароҳам овардани шароити мусоиду беҳтарро барои наврасону ҷавонон аз самтҳои афзалиятнок дониста, барои рушди ин соҳа чораҳои зарурӣ андешида истодаанд. Чунин ғамхориҳои Пешвои миллат нисбат ба мактабу маориф, мо — омӯзгоронро водор месозад, ки дар иҷрои вазифа мас­ъулияти бештар эҳсос ва муносибатамонро ба кор ­тағйир диҳем. Дар ин самт Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон роҳнамои мост.

Саймаҳмад СУЛТОНОВ,

омӯзгори МТМУ-и №17-и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ,

Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон