Шифогари закӣ

№54 (4950) 30.04.2025

РАСМИ Н. ИБОДОВАбуалӣ ибни Сино тибро илми назариявӣ ва амалӣ меҳисобад. Аз нигоҳи ӯ ҳар яке аз ду бахши тиб ба ҷуз илм чизи дигаре нест, лекин якеи он илми аслҳост ва дигарӣ илм оид ба чӣ гуна амал намудан. Воқеан, барои табиб аз бар намудани илми назариявӣ зарур аст, то барои дар амал татбиқ намудани он омода шавад.

Неъматулло Ибодов солҳои донишҷӯӣ мекӯшид ҳар чӣ бештар омӯзад. Мустақилона адабиёти илмиро мутолиа менамуд ва дар чорабиниҳои илмию ҷамъиятии донишгоҳӣ фаъолона иштирок мекард. Аз соли 1988, пас аз хатми Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино, ба соҳаи тандурустӣ пайваст. Фаъолияти ӯ аз музофот (ноҳияҳои Ховалинг ва Восеъ) то пойтахти мамлакат масир дошта, дар ин замина, касбияташ сайқал ёфт. Корашро аз табиб-урологи беморхонаи марказии ноҳияи Ховалинг (солҳои 1988-1990) оғоз намуда, солҳои 1990-1993 табиб-урологи беморхонаи марказии ноҳияҳои Восеъ буд. Солҳои 1993-1995 ординатураи клиникиро дар кафедраи урологияи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон гузашта, дар баробари кори табобатӣ ба ҳайси ассистенти кафедраи урологияи донишгоҳ фаъолият мекард.

Аз соли 1995 то солҳои 2015 ба ҳайси табиби урологи шуъбаи урологии Беморхонаи клиникии ҷумҳуриявии ба номи А.М. Дяков, мудири амалиётхонаи шуъбаи урологӣ, мудири шуъбаи урологии Маркази миллии тиббии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва муовини директор оид ба корҳои табобатии Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии илмию клиникии урологӣ» рисолаташро дар сатҳи баланд ба ҷо овардааст. Аз моҳи августи соли 2015 инҷониб директори Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии илмию клиникии урологӣ» мебошад.

Саҳми Неъматулло Ибодов дар такомули ин муассиса бениҳоят бориз аст. Замони роҳбарии ӯ марҳилаи сифатан нави тараққиёти муассиса оғоз гаштаю дар тамоми самтҳо пешравиҳои назаррас рӯи кор омаданд. Дар ин замина, фаъолияти марказ дар ҳама самтҳо беҳтар гашт ва шароит баҳри қабул, бистаринамоӣ ва табобати беморон фароҳам шуд. Шароити кор барои табибон низ хеле беҳбуд ёфт.

Неъматулло Ибодов ҳаргиз ба пешаи табибӣ ва кори илмӣ муносибати дуюмдараҷа накардааст. Ҳимояи рисолаи номзадӣ дар соли 2012, ҳамасола бомуваффақият анҷом додани ҷарроҳиҳои мураккаб, дар маҷаллаҳои дохилӣ ва хориҷи кишвар ба чоп расонидани 83 мақолаи илмӣ ва дар соҳа соҳиби 6 пешниҳоди навоварӣ барои ихтироот будан далели пурмаҳсулии ӯст.

Мавсуф тӯли фаъолият ҷарроҳии зиёди мураккаби урологӣ, аз ҷумла барчидани сангҳои сершумор аз гурда, ҷарроҳиҳои тармимии роҳҳои пешобравро анҷом додааст. Дар силсилаи корҳои илмиаш низ масоили ба бемориҳои урологӣ рабт­дошта омӯзишу гурӯҳбандӣ ва усулҳои нави ба воситаи ҷарроҳӣ рафъ намудани онҳо пешниҳод шудаанд.

Дар ҷаҳони муосир дарди гурда аз бемориҳои паҳншуда мебошад. Ба ақидаи Неъматулло Ибодов бемории мазкур дар аксар маврид ноаён зуҳур мекунад. Аз ин сабаб муайян сохтани дараҷа ва намуди он душвор аст. Новобаста ба назарияҳои зиёд оиди марҳилаҳои алоҳидаи пайдошавии санги гурда то ҳол сабабҳои пайдошавии он пурра исбот нашудааст.

- Шахсони гирифтори бемории гурда ҳангоми сари вақт табобат нагирифтан ба фишорбаландӣ гирифтор мешаванд ва он ба дил, гардиши хуни майнаи сар таъсир расонда, боиси осеб дидани асаб низ мегардад. Дар баъзе ҳолат ин беморӣ ба норасоии гурда оварда мерасонад, ки дар натиҷа чунин ашхос ба пайванд кардани гурда ниёз пайдо мекунанд, — мегӯяд ӯ.

Ҳамчун фарди боистеъдод ва шефтаи касби хеш Неъматулло Ибодов тавонист мактаби худро ташкил ва ҷавононро ба он ҷалб намояд. Ифтихорманд аст, ки қисми зиёди шогирдонаш ба сифати мутахассисони болаёқат дар ташхис ва муолиҷаи беморон комёбанд.

Муҳаммад Закариёи Розӣ таҷрибаро дар ташхис ва табобати бемор шарти аввалиндараҷа ҳисобида, таъкид менамояд, ки ҳар табиб бояд корҳои табибони пешинро амиқ омӯзад ва дар мавриди зарурӣ моҳирона истифода бурда тавонад. Бо мадди назар доштани ин нукта Неъматулло Ибодов дар қадршиносии заҳмати устодон низ намунаи ибрат буда, эҳтирому самимияташ ба табиби муътабар Аслиддин Осимӣ шаҳодати ин гуфтаҳост.

Неъматулло Ибодов аз набзи ҷомеа огоҳ аст ва ҷаҳонбинии фарох дорад. Дар ҳуҷраи корӣ ӯро ҳамеша бо азму иродаи қавӣ, нигоҳи пурумед ба зиндагӣ, ҷавондилу руҳбаланд дармеёбед. Бо шоир шои­рона, бо сиёсатмадор ҳамчун донандаи асрори сиёсат, бо олим олимона ва бо мардуми одӣ оммафаҳм суҳбат мекунад.

- Ба шарофати таваҷҷуҳи хоса ва дастгирии мунтазами Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи тандурустӣ бо тамоми дастгоҳҳои муосири ташхису табобат таъмин аст. Яъне, мо имрӯз имконияти васеи ташхис ва табобати ҳама гуна бемориҳоро дорем. Бисёр хуб мешуд, агар ҳар як шаҳрванд лоақл соле як маротиба аз назорати тиббӣ гузарад. Тавре маълум аст, пешгирии беморӣ аз табобати он осонтар мебошад, — афзуд ҳамсуҳбатам.

Вобаста ба рисолати табиб Абуалӣ ибни Сино фармудааст: «Чизҳоеро, ки бояд пизишк тасаввур намуда, бо бурҳон исбот намояд ин бемориҳо, сабабҳои ҷузъӣ ва нишонаҳои онҳо, чӣ гуна бартараф намудани беморӣ ва нигоҳ доштани тандурустӣ бувад. Пизишкро лозим аст ба ҳар чӣ аз инҳо, ки пинҳонӣ вуҷуд дорад, аз роҳи тафсил додан ва муайян сохтани андозаю вақти он бурҳон биоварад».

Барои бурҳон овардан ва беморро шифои комилу оҷил бахшидан табибро донишу маҳорат, таҷрибаи ғанӣ лозим аст, ки Неъматулло Ибодов ин сифатҳоро дорост.

Далер АБДУЛЛО,

 «Садои мардум»