2024 - «Соли маърифати ҳуқуқӣ»

Шиносномаи давлат

№41 (4781) 03.04.2024

(Идома аз шумораи №35 (4775),

18 марти соли 2024)

Таркиби Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 1994) аз дебочаи мухтасар оғоз ёфта, дар он як навъ бо оҳанги тантананок аз номи халқи ҷумҳурӣ ҳолату ҳадафҳо ва арзишҳое эълон шудаанд, ки ноил гаштан ба онҳо моҳияти давлатдориро устувор ва равшан мегардонад. Дебоча таъйиноти сафарбарсозии халқро ба афзун гардонидани дастовардҳо дар сохтмони давлатӣ ва таъмини соҳибихтиёрии халқу миллат низ дорад. Ҳолатҳои дебоча ба мазмуни меъёрҳои Конститутсия таъсири бунёдӣ доранд. Боби аввали Конститутсия ҳадафи муайянсозии сохтори конститутсионӣ, моҳият, шакли сохтори давлат ва шакли идораи он, таркиби сохтори ҷамъиятӣ ва гуногунандешии сиёсӣ, рамзҳои давлатӣ, соҳибихтиёрии халқ ва давлат, ҷойи Конститутсия дар низоми қонунгузорӣ ва таносуб бо санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ, сиёсати сулҳҷӯёнаи хориҷии Тоҷикистон, асоси иқтисодӣ, гуногуншаклии моликият ва объектҳои моликияти истисноии давлатро муайян ва танзим кардааст.

Вазъи ҳуқуқии инсон ва шаҳрванд, асосҳои ҳифзи ҳуқуқу озодиҳо, мафҳуми шаҳрвандӣ, тартиби соҳиб шудан ва қатъи шаҳрвандӣ, таҳти ҳимояи давлат қарор доштани шаҳрванд, ҳуқуқу озодиҳои фардӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва кафолати онҳо, вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд дар боби дуюми Конститутсия танзим ёфтааст. Бобҳои 3-9 масъалаҳои низоми мақомоти давлатӣ, усулҳо, тартиби ташкил ва фаъолияти Маҷлиси Олӣ, Президент, Ҳукумат, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, суд ва прокуратураро равшан ва танзим кардаанд. Боби даҳум тартиби тағйироту иловаҳо дохил кардан ба Конститутсия, тағйирнопазирии баъзе ҳолат ва арзишҳои давлатро муайян кардааст. Қисми муқаррароти интиқолии Конститутсия хислати равшаниандозӣ ба баъзе масъалаҳои сатҳи конститутсионӣ дошта, дар таркиби Конститутсия мавқеи мустақил дорад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз лаҳзаи қабули Конститутсияи соли 1994 шакли идоракунии президентӣ дорад, зеро ки матни он тибқи лоиҳаи идораи президентӣ тартиб додашуда, қабул гардидааст, аммо бевосита дар матни он то соли 2016 қайд наёфта буд. Ба матни моддаи якуми дар раъйпурсии соли 2016 маъқулдонисташуда қисми дуюм илова карда шуд, ки мувофиқи он шакли идораи Ҷумҳурии Тоҷикистон президентӣ мебошад. Дар боби чоруми Конститутсия ва баъзе моддаҳои бобҳои дигар вазъи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим ёфтааст. Салоҳияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар идора ва ҳалли масъалаҳои роҳбарии ҷумҳурӣ хеле фарогир буда, дар низоми ҳокимиятдорӣ ва сарварии давлат нақши олӣ дорад. Дар робита бо ин омил дар матни аввалаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1994, тағйиру иловаҳои ба он минбаъд се маротиба воридкардашуда вазъи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хеле мукаммал гардид. Хусусан, тағйиру иловаҳои ба Конститутсия 22 майи соли 2016 воридкардашуда, қонунҳои конститутсионӣ дар бораи бо унвони ифтихории ҳуқуқии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат сарфароз гардонидани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон асоси хислати махсуси конститутсионӣ пайдо кардани унвони мазкур гардид. Ба моддаи 65 сархати панҷуми зерин «Маҳдудияти дар қисми чоруми ҳамин модда пешбинигардида нисбат ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат татбиқ намегардад» илова гардид, ки дар он сухан дар бораи як шахс ба вазифаи Президент бештар аз ду муҳлат пай дар пай интихоб шуда наметавонад, меравад. Таъсисёбии унвони ифтихории мазкур эҳтироми махсус ба шахсияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, қадрдониро нисбат ба хизматҳои шоистаи ӯ дар пойдор гардонидани сохтори давлатии Тоҷикистон, пеш гирифтани сиёсати хирадмандонаи хориҷӣ, дар миқёси байналмилалӣ пеш гирифтани иқдоми ҳамкориҳои судманд бо ҳамаи мамлакатҳои тамоюли гуногуни иҷтимоӣ-сиёсӣ, ташаббусҳои муфиди сатҳи ҷаҳонӣ ва ғайра ифода мекунад. Яъне, унвони мазкур хислати фардӣ дорад ва барои қадрнамоии хизматҳои махсуси муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис дода шудааст.

Ҳеҷ як санади меъёрии ҳуқуқии сатҳи баланд комилан мукаммал ва бе нуқсон намебошад. Ин омил ба Конститутсия низ дахл дорад. Хусусан, конститутсияи давраи гузариш аз як сохтори ҷамъиятӣ ба сохтори дигар ва бун­ёди давлати нав, ташкили ниҳодҳои қудратӣ ва муайян кардани салоҳияти онҳо, танзими ҳуқуқу озодии инсон ва шаҳрванд ва ғайра батадриҷ ба мукаммал гардидан эҳтиёҷ дорад. Дар робита ба ин, масъалаи тағйиру иловаҳо дохил кардан, мукаммал намудани меъёр ва ҳолатҳои Конститутсия яке аз роҳҳои такмил додан ва мувофиқи талаботи дигаргунгардии муносибатҳои ҷамъиятӣ шуморидан омили муқаррарист. Бо назардошти чунин ҳолатҳо ҷойи тааҷҷуб нест, ки ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1994 то ҳол се маротиба тағйиру иловаҳо ворид карда шудаанд.

Ислоҳоти конститутсионии соли 1999 ба моҳият ва мазмуни Конститутсия таъсири хеле амиқи мусбат гузошт. Моҳиятан тавассути дигаргунсозӣ ва нав­гардонӣ чандин меъёр ва ҳолатҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1994 хислати созишӣ ва шартномаи ҷамъиятӣ пайдо карданд. Неруҳои дар раванди ислоҳоти конститутсионӣ иштирокдошта бо роҳи гузашткунӣ ва мусолиҳа роҳҳои такмили Конститутсияро дарёб карданд ва ба рушди минбаъдаи он заминаи устувор гузоштанд. Фақат якчанд тағйироту иловаҳои соли 1999 ба Конститутсия воридшударо номбар кардан кифоя аст, ки кас ба мазмун ва моҳияти онҳо сарфаҳм равад ва аҳамияти онҳоро дарк намояд:

1) Дар моддаи 28 муқаррар карда шуд, ки «Шаҳрванд ҳақ дорад дар ташкили ҳизбҳои сиёсӣ, аз ҷумла ҳизбҳои характери демократӣ, динӣ ва атеистидошта, … иштирок намояд». Тавассути чунин илова ба ихтилофи ҷиддии байни неруҳои ҳукуматӣ ва мухолифин дар ин мавзуъ хотима гузошта шуда, ба фаъолияти расмии ҳизбу ҳаракатҳои фаъолияташон боздоштшуда ва ё манъшуда иҷозат дода шуд.

2) Тағйиротҳои ҷиддӣ дар ташкил ва фаъолияти Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ карда шуданд, ки мувофиқи онҳо: а) Маҷлиси Олӣ — парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда шуд; б) Маҷлиси Олӣ аз ду палата: Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон иборат гардид; в) палатаи Маҷлиси намояндагон доимоамалкунанда ва вакилон дар он ба таври касбӣ кор мекунанд; г) Маҷлиси миллӣ аз намояндагони минтақаҳои ҷумҳурӣ иборат буда, узви он ба тарзи даъватӣ дар иҷлосияҳо иштирок менамоянд; д) тарзи интихобшавии вакилони Маҷлиси намояндагон бо ду роҳ — худпешбарӣ ва аз номи ҳизби сиёсӣ пешбарӣ шудан сурат мегирад, узви Маҷлиси миллӣ бо роҳи дар маҷлисҳои вакилони халқи вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва вакилони маҷлисҳои вакилони халқи ноҳия ва шаҳрҳои тобеи ҷумҳурӣ интихоб шудан (25 кас), аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардидан (8 нафар) ва ҳуқуқи ҳар як Президенти собиқи ҷумҳурӣ ба узви якумраи Маҷлиси миллӣ розӣ будан, сурат мегирад; е) мандати аъзои Парлумон озод буда, вакил мувофиқи ақидаи худ овоз медиҳад.

3) Мувофиқи усули таҷзияи ҳокимияти давлатӣ, асосан доираи салоҳияти Маҷлиси Олӣ ва салоҳияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шудааст.

4) Вазъи ҳуқуқии конститутсионии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон боз ҳам устувор гардонида шуд. Дар таҳрири аввалаи Конститутсия муайян карда шуда буд, ки як шахс ба вазифаи Президент бештар аз ду муҳлат пай дар пай интихоб шуда наметавонад. Дар таҳрири соли 1999 муқаррар гардид, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ба муҳлати 7 сол интихоб мегардад ва бештар аз як муҳлат пай дар пай интихоб шуда наметавонад.

5) Матни моддаи 72 аз нав таҳрир гашта, меъёр дар хусуси суди импичмент бекор карда шуд.

6) Доираи салоҳияти Президент хеле фарогир гашта, ҳалли аксари масъалаҳои ҷиддии сохтмон ва идоракунии давлатӣ ба ихтиёри ӯ гузошта шуд.

Тағйироту иловаҳои ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1994 дар раъйпурсии солҳои 2003 ва 2016 воридкардашуда ба монанди соли 1999, самтҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ ва давлатиро танзимкунанда ва фарогир набуданд. Бинобар ин, онҳоро фақат шартан ислоҳоти конститутсионӣ номидан мумкин аст. Дар раъйпурсии умумихалқӣ аз 22-юми июни соли 2003 ба 54 моддаи Конститутсия тағйироту иловаҳо ворид карда шуданд. Ҳадафи асосии онҳо такмили минбаъдаи низоми сиёсӣ ва давлатии ҷумҳурӣ, равшан гардонидани равандҳои демократӣ, мукаммал кардани роҳҳои такмили кафолатҳои ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, муҳайё сохтани асосҳои конститутсионии инкишофи минбаъдаи низоми иқтисоди озод ва соҳибкорӣ, таъмини суботу оромӣ ва ваҳдати миллӣ ба ҳисоб мерафт. Яке аз навгонии таҷрибаи конститутсионӣ дар ин маърака аз он иборат гардид, ки дар хотимаи матни Конститутсия қисми Муқаррароти интиқолӣ иборат аз чор қисм пайдо гардид. Дар онҳо муҳлати эътибори ҳуқуқӣ пайдо кардани тағйиру иловаҳои мазкур, тартиби амали қонунҳое, ки ба тағйиру иловаҳо мухолифат надоранд, дар бораи муҳлати ваколати Президент ва ба муҳлати 10 сол дароз кардани ваколати судяҳо танзим ёфтанд.

Раъйпурсии 22 майи соли 2016 дар бораи тағйироту иловаҳо ворид намудан ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1994 аз он оғоз ёфт, ки ибораи «Сарқонун» аз матни Конститутсия хориҷ карда шуд. Дар моддаи якуми Конститутсия шакли идораи президентии идораи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон расмӣ гардонида шуд ва дар он воқеияти шакли идораи президентӣ доштани Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикос карда шуд. Дар моддаи 8 муқаррар карда шуд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти ҳизбҳои сиёсии дигар давлатҳо, таъсиси ҳизбҳои хусусияти миллӣ ва динидошта, инчунин, маблағгузории ҳизбҳои сиёсӣ аз ҷониби давлатҳо ва созмонҳои хориҷӣ, шахсони ҳуқуқӣ ва шаҳрвандони хориҷӣ манъ аст. Ҳадафи чунин иловаҳо ҳифзи соҳибихтиёрии ҷумҳурӣ, роҳ надодан ба мудохилаи хориҷӣ ба ҳаёти сиёсии мамлакат мебошад, аммо масъалаи манъгузорӣ ба таъсиси ҳизбҳои хусусияти миллӣ ва динидошта масоили давраи муосири низоми сиёсии мамлакат мебошад. Яке аз иловаҳо ин равшанӣ андохтан ба моддаи 15-уми Конститутсия оид ба масъалаи асосҳои соҳиб шудан ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон мебошад, ки тибқи он илова дар бораи мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ё шартномаҳои байналмилалии Тоҷикистон соҳиб шудан ба шаҳрвандии Тоҷикистон аст. Чунин нуқсон аз давраи қабули Конститутсия ҷой дошт ва акнун ислоҳ кардани он меъёри Конститутсияро ба воқеият наздик гардонид.

Таҳрири зерини моддаи 34: «Падару модар барои таълиму тарбияи фарзандон ва фарзандони болиғу қобили меҳнат барои нигоҳубин ва таъминоти иҷтимоии падару модар масъул мебошанд» — иловае мебошад, ки хислати ғамхорӣ ба робитаи байни волидон ва фарзандон ва баръаксро дорад. Чандин тағйироти ба Конститутсия воридкардашуда ба тағйири синну соли интихобшавӣ ва баъзе шартҳои интихоботӣ робита доранд. Яке аз иловаҳои пешбиникардашуда ба тартиби савгандёдкунии аъзои Парлумон, аъзои Ҳукумат, судяҳо, судяи Суди конститутсионӣ дахл дорад, ки барои қатъӣ риоя шудани вазифаҳои хизматии онҳо мусоидат менамояд. Дар моддаи 61 ба масъалаи аз тарафи кӣ ва бо кадом тартиб тафсир додани Конститутсия равшанӣ андохта шуда, муқаррар карда шуд, ки тафсири Конститутсия дар шакли қонуни конститутсионӣ қабул ва ҷонибдорӣ карда мешавад. Албатта, яке аз иловаҳои дар моддаи 65 пешбинишуда дар хусуси муҳлати ваколати Президент ва дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат мебошад, ки асоси тағйирёбии вазъи ҳуқуқӣ ва воқеии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гардид.

Такмили низоми ҳуқуқ ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тағйиру иловаҳо дохил кардан ба Конститутсия анҷом намеёбад, балки қабули онҳо оғози мукаммалгардонӣ ва мувофиқнамоии қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба ҳолатҳо ва меъёрҳои нави Конститутсия мебошад. Бинобар ин, маъракаи тағйироту иловаҳо ворид кардан ба Конститутсия бо анҷоми раъйпурсӣ ба анҷом намерасад, балки давраи нави мукаммалгардонии қонунгузории ҷумҳурӣ оғоз ёфта, мунтазам ва ботадриҷ мувофиқати онҳо бо Конститутсия таъмин карда мешавад. Ин омил ташаббускорони ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияро водор месозад, ки масъулияти асоснок тайёр кардани таклифҳоро амиқ дарк намоянд ва фақат бо мақсади таҳрири луғавию грамматикии Конститутсия маҳдуд нагарданд.

Ашӯрбой ИМОМОВ,

номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, сарходими илмии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ,

Ҷурахон МАҶИДЗОДА,

доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, сарходими илмии Институти фалсафа,

сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ