(Идома аз шумораи №41 (4781), 3 апрели соли 2024)
Арзишҳои тағйирнопазири конститутсионӣ. Дар матни конститутсияи бисёр давлатҳо ҳолатҳое ҷой доранд, ки тағйирнопазирии баъзе арзишҳо, ба монанди меъёрҳо дар бораи моҳияти давлат, шакли идораи давлат, дахлнопазирии ҳудуди давлат, эътиқодмандии динии мардум ва ғайра, пешбинӣ шудаанд. Масалан, дар моддаи 4-и Конститутсияи Ҷумҳурии Туркия гуфта шудааст, ки ҳолатҳои моддаи 1-уми Конститутсия, ки шакли давлатро ҳамчун ҷумҳурӣ муқаррар кардааст, ҳолати моддаи 2-юм дар бораи тавзеҳи ҷумҳурӣ ва ҳолати моддаи 3-юм ислоҳ гашта наметавонанд, ҳамзамон, таклифҳо дар бораи тағйири онҳо низ пешниҳод шуда наметавонанд. Мувофиқи моддаи 175 Конститутсияи давлати Шоҳигарии Марокаш: «Ҳолатҳои конститутсия, ки ба дини мусулмонӣ, шакли шоҳигарии идоракунӣ, сохти демократии давлат ва ҳолатҳо дар бораи ҳуқуқ ва озодиҳои асосии инсон дахл доранд, аз нав дида баромада намешаванд». Бо ҳамин мазмун дар моддаи 139 Конститутсияи Ҷумҳурии Италия чунин гуфта шудааст: «Шакли ҷумҳуриявии идоракунӣ наметавонад мавзуи аз нав дидабароӣ гардад». Ба ҳамин монанд меъёрҳо дар конститутсияи чандин давлатҳои дигар ҷой доранд.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1994 бори аввал дар таҷриба ва танзими асосҳои сохтори конститутсионии ҷумҳурӣ масъалаи тағйирнопазириро муқаррар кард. Дар моддаи 100-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин эълон карда шуд: «Шакли идораи ҷумҳурӣ, тамомияти арзӣ, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлат тағйирнопазиранд». Ҳадафи асосии муқаррар кардани меъёрҳои мазкури конститутсионӣ дар сатҳи конститутсионӣ кафолат додани дахлнопазирии арзишҳое мебошад, ки устувории шакли идораи давлат, моҳияти давлат ва тамомияти арзии ҷумҳуриро таъмин менамоянд. Ҳар гуна кӯшиши дигаргунсозии ин арзишҳо хилофи Конститутсия мебошад.
Вазифа (функсия)-ҳои конститутсия. Ҳамаи сифат ва хусусиятҳои конститутсия дар вазифаҳои он инъикос меёбанд. Дар робита бо ин вазифаҳои конститутсияро олимони конститутсияшинос ба намудҳои ҳуқуқӣ, сиёсӣ, мафкуравӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, таъсиснамоӣ, ташкилнамоӣ ва сиёсати хориҷӣ ҷудо мекунанд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаи Конститутсия таъмини идоманокии давлатдории тоҷик дар сатҳи моҳиятан нави баланд аст, ки таҳкурсии он дар давраи шуравӣ гузошта шуда, ҳоло дар заминаи дастовардҳои худ батадриҷ инкишоф меёбад.
Дар муайянсозии вазифаҳои конститутсия омилҳои гуногун ба эътибор гирифта мешаванд.
Вазифаҳои конститутсия, мазмуни онҳо, шаклҳои таҷассумёбӣ аз рӯи қонуниятҳои умумӣ ва хусусиятҳои онҳо, рушди ҷомеа ва сохтори конститутсионӣ муайян мегарданд. Пеш аз ҳама конститутсия ҳамчун қонуни олии ҷомеа ва давлат вазифа дорад, ки моҳияти давлатро ифода ва ҳадафҳои онро равшан намояд. Бинобар ин, дар шаклу мазмуни ба конститутсия хос тавассути иҷрои вазифаҳо конститутсия ирода ва манфиати неруҳои дар сари қудрат қарордошта ва тамоми халқро ифода мекунад.
Мазмун ва таъиноти вазифаи ҳуқуқии конститутсия дар он ифода меёбад, ки мавзуи танзимнамоии конститутсияи миллиро муносибатҳои заминагузорандаи бо чунин зуҳуроти ҷамъиятӣ-сиёсии ҷаҳонишавӣ ва дигар навъҳо, ба монанди соҳибихтиёрии халқӣ ва давлатӣ, вазъи ҳуқуқии инсон ва шаҳрванд, рушди ниҳодҳои демократӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ алоқаманд, ташкил менамоянд. Ин омил хусусияти на фақат услуб, балки роҳҳои танзими конститутсионии муносибатҳои ҷамъиятиро равшан менамояд. Албатта, конститутсия мувофиқи мазмун ва таъиноти худ имконияти танзимнамоии кулли муносибатҳои ҷамъиятиро надорад, барои ин тамоми низоми ҳуқуқӣ ва қонунгузории ҷумҳурӣ таъин шудаанд, аммо таъсири фарогири танзими конститутсионии муносибатҳои муҳими ҷамъиятӣ ҳамаи онҳоро бо конститутсия пайванд ва дар зери таъсири он қарор доштанро ифода мекунад.
Вазифаи ҳуқуқии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1994 дар таъсиси соҳаҳои ҳуқуқ ва низоми нави қонунгузории ҷумҳурӣ равшан зоҳир меёбад. Дар ин хусус ду ҳолатро ба эътибор гирифтан лозим аст. Якум, санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, қисми таркибии низоми ҳуқуқии ҷумҳуриро ташкил медиҳанд. Онҳо дар низоми қонунгузории ҷумҳурӣ мавқеи баланд доранд. Дуюм, тағйироту иловаҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ сурат мегирад. Қонунҳои бо ин роҳ қабулшуда баъди Конститутсия ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии Тоҷикистон онҳоро эътирофкарда мавқеи баланди ҳуқуқӣ доранд. Сеюм, Конститутсия дар низоми қонунгузории ҷумҳурӣ санади сатҳи баланди ҳуқуқӣ – қонунҳои конститутсиониро пешбинӣ кард, ки ҳоло 20 адад аз онҳо дар амал мебошанд. Сарфи назар аз ин ҳолатҳо ва чанде мураккаб гаштани низоми қонунҳои ҷумҳурӣ ҳамоно мавқеи Конститутсия дар танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ омили муҳим боқӣ мемонад.
Вазифаи сиёсии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамаи матни он ифода меёбад, аммо ҳар чӣ бештар дар «Дебоча» ва боби I. «Асосҳои сохтори конститутсионӣ» мушоҳида мегардад. Он аз сиёсати иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва мафкуравие, ки давлат амалӣ менамояд, тафовут дорад. Вазифаи сиёсии конститутсия дар сатҳи олии қонунгузорӣ муқаррар кардан, рушди ғояҳо ва усулҳо, вазифаҳои хос ва ҳадафи стратегии сиёсати давлатӣ дар ҳамаи соҳаҳои муҳими ҳаёти ҷамъиятиро ифода мекунад. Шакли ифодаи моҳият ва мазмуни вазифаи сиёсии Конститутсия гуногун буда, дар баъзеи онҳо дар ин хусус ҳолат ва меъёрҳои равшан ҷой доранд, дар баъзеи дигар онро дар шакли умумӣ дар ҳамаи матни Конститутсия ҷой медиҳанд. Дар моддаи 11 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин хусус равшан муайян гардидааст: «Тоҷикистон сиёсати сулҳҷӯёнаро ба амал татбиқ намуда, соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти дигар давлатҳои ҷаҳонро эҳтиром менамояд ва муносибатҳои хориҷиро дар асоси меъёрҳои байналмилалӣ муайян мекунад.
Тоҷикистон вобаста ба манфиатҳои олии халқ метавонад ба иттиҳодияҳо ва ташкилотҳои байналмилалӣ дохил шавад, аз онҳо барояд, бо кишварҳои хориҷӣ робита намояд».
Дар соҳаҳои муайянсозии сохтори конститутсионӣ, падидаи шаҳрвандӣ, ҳуқуқ ва озодии инсон ва шаҳрванд, ташкилу фаъолияти мақомоти давлатӣ ва худидораи маҳаллӣ сиёсати устувор гардонидани иқтидори давлат, ҳифзи соҳибихтиёрӣ ва дахлнопазирии он, пурзӯр кардани кафолати татбиқи ҳуқуқу озодиҳо пеш гирифта шудааст. Конститутсия субъекти роҳбаринамоии татбиқи сиёсати хориҷиро муайян кардааст. Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколати муайян кардани самтҳои асосии сиёсати хориҷӣ, ҳуқуқи дар дохили мамлакат ва дар муносибатҳои байналмилалӣ аз номи Тоҷикистон баромад кардан, ба қарордодҳои байналмилалӣ имзо гузоштанро додааст. Умуман, вазифаи сиёсии конститутсия аз танзими воқеияти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии дар мамлакат ба даст овардашуда иборат мебошад.
Вазифаи мафкуравии конститутсия дар шакл ва мазмуни гуногун ва тавассути меъёрҳои конститутсионӣ ифода карда мешавад. Ҳар як конститутсия баробари дигар хусусиятҳои худ ҳуҷҷати мафкуравӣ аст ва дар он низоми муайяни ғояву ақидаҳо ифода меёбанд. Дастурҳои мафкуравие, ки дар ҷанини конститутсия ҷой дода мешаванд, дар ҳамаи қисмҳои он, сарфи аз он ки сухан аз нақши давлат, муносибати он бо ҷомеа ва шахс, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ташкили мақомоти ҳокимияти давлатӣ меравад ё не, асар доранд. Бо ин мазмун конститутсия ҳуҷҷати афкори муайян ва ҷаҳонбинӣ буда, ба ҳаёт ва фаъолияти маънавии ҷомеа таъсир мерасонад, ба паҳн ва тасдиқ гардидани ғояҳои муайяни сиёсӣ ва ҳуқуқӣ, тафаккур ва арзишҳо мусоидат менамояд. Тибқи таъиноти иҷтимоӣ ва сиёсии конститутсияи давлатҳои шакли гуногун ғояҳои мафкуравии дар онҳо ҷойдошта бевосита ва ё тибқи ҳар гуна усулҳо муайян ифода карда мешаванд. Конститутсияи давлатҳои сотсиалистӣ вазифаи мафкуравии худро хеле намоишкорона ифода карда, тибқи давраи рушди ҷомеа ва давлат ҳолатҳоеро муайян мекарданд, ки воқеан ҳанӯз ба онҳо расидан ғайриимкон буд. Масалан, дар Конститутсияи охирини ИҶШС соли 1977 дар бораи сифатҳои ҷомеаи сотсиализми мутараққӣ он қадар муфассал гуфта шуд, ки қисми зиёди онҳо хаёлӣ ва татбиқи онҳо дастнорас буд. Аз ҷумла, тезисҳо дар бораи ба вуҷуд омадани умумияти нави таърихии одамон — халқи шуравӣ ҳадафи инкори тафовути воқеии инсон вобаста ба мансубияти миллӣ-этникии онро дошт; оид ба барпо ёфтани ҷамъияти муташаккилӣ, идеянокӣ ва шуурнокии олии меҳнаткашон – ватандӯстон ва интернатсионалистон, ҷамъияте, ки ғамхории ҳама барои беҳбудии ҳар кас ва ғамхории ҳар кас барои беҳбудии ҳама қонуни ҳаёти он мебошад, таъиноти мафкуравӣ дошта, ба воқеияти ҳаёти ҷамъиятӣ кам мувофиқат мекард.
Вазифаҳои мафкуравӣ ва дастурҳои мафкуравии дар конститутсияи давлатҳои сохтори иҷтимоӣ-сиёсии гуногун ҷойдошта метавонад тавассути ҳар гуна усулҳо, ба монанди аз номи халқ, аз номи сарвари давлат, аз номи Худо эълон кардани конститутсия, ифода карда шавад, аммо дар асл ин усулҳо ба моҳияти воқеии Конститутсия мувофиқат надоранд.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1994 низ дар шакли ба худ хос вазифаи мафкуравиашро ифода кардааст. Пеш аз ҳама, дар дебочаи мухтасари он «бунёди ҷомеаи адолатпарвар» вазифаи халқи ҷумҳурӣ дониста шудааст, Дар моддаи якум бошад, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ доштани Тоҷикистон ва дар Тоҷикистон инкишоф ёфтани ҳаёти ҷамъиятӣ дар асоси равияҳои гуногуни сиёсӣ ва мафкуравӣ (моддаи 8) низ хислати мафкуравӣ доранд. Тавассути меъёрҳои мазкур Конститутсия дар бораи хислати инсондӯстона ва адолатпарваронаи сохтори ҷамъиятӣ ва сохтори давлатии ҷумҳурӣ маълумот медиҳад. Вазифаи мафкуравии Конститутсия дар рамзҳои давлатӣ ва бисёр меъёрҳои бобу фаслҳои он ҷой доранд.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаи иқтисодии худро тавассути муқаррар кардани гуногуншаклии моликият ҳамчун асоси иқтисодии ҷумҳурӣ ифода кардааст. Баробари ин, давлат кафолат додан ба фаъолияти озодӣ иқтисодӣ, соҳибкорӣ, баробарҳуқуқӣ ва ҳифзи ҳуқуқии ҳамаи шакли моликият, аз ҷумла хусусиро ба уҳда гирифтааст. Меъёри мазкур дар хусуси даст кашидан аз қонуниятҳои рушди иқтисодиёти сотсиалистӣ, оғози бунёди иқтисодиёти нав ва муносибатҳои нави иқтисодии ҷамъиятиро расмӣ гардонидааст. Дар сатҳи конститутсионӣ кафолат додан ба рушди ҳамаи шаклҳои моликият, аз ҷумла моликияти хусусӣ, ба моҳияти ҷомеа ва давлат, мазмун ва таъиноти сиёсати иқтисодии давлат таъсири калон дорад. Тағйирёбии муносибатҳои иқтисодӣ дар истеҳсолот ва тақсими музди меҳнат аз пеш гирифтани сиёсати нави иқтисодӣ шаҳодат медиҳанд. Вазифаи иқтисодии конститутсия фақат бо муайян кардани шаклҳои моликият ва фаъолияти озоди соҳибкорӣ набояд маҳдуд гардад, зеро ки дар чунин ҳолат ҳифзи ҳуқуқи коркунон чӣ дар корхонаҳои саноатӣ ва чӣ хоҷагиҳои деҳқонӣ хатари поймолшавӣ дорад. Барои пешгирии чунин ҳодисаҳо бояд асосҳои ҳуқуқии фаъолияти сохторҳои давлатӣ ва ҷамъиятии ҳифзи ҳуқуқи меҳнатии коркунон фаъол гардонида шуда, дар маъракаҳои такмили минбаъдаи конститутсия ба он тағйиру иловаҳои даркорӣ ворид карда шаванд. Дар конститутсия, ҳамчунин, объектҳои моликияти истисноии давлат муайян ва ба истифодаи самараноки онҳо ба манфиати халқ кафолат дода шудааст. Дар татбиқи меъёри мазкур низ чунин масоил мавҷуданд. Хусусан, истифодаи замин ва об дар ҷумҳурӣ ҳанӯз ба танзими ҳуқуқии ҳадафнок эҳтиёҷ дорад.
Вазифаи иқтисодии конститутсия мухтасар бо роҳи нишон додани асоси иқтисодии давлат, шаклҳои моликият ва объектҳои моликият қонеъ гашта метавонад ва ё тибқи фасл ва моддаҳо дар ин хусус муфассал сиёсати иқтисодии давлатро муайян намояд. Мисоли чунин танзими иқтисодии муфассал фасли сеюми Конститутсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон, моддаҳои 65-68 мебошад, ки дар онҳо вазифаҳои сиёсӣ, мафкуравӣ ва иқтисодии Конститутсия муқаррар карда шудаанд. Дар он нишон дода шудааст, ки асоси иқтисодии Ӯзбекистон ба баланд бардоштани некуаҳволии шаҳрвандон равона карда шудааст. Ҳамзамон, барои таъмини баробарии шаклҳои моликият, хусусан дахлнопазирии моликияти хусусӣ, ҳар гуна имтиёз муқаррар карда шудааст.
Вазифаи иҷтимоӣ барои ҳамаи конститутсияҳо хос буда, бо дигар вазифаҳо дар пайвандӣ амал мекунад. Бо мазмуни комил ба вазифаи иҷтимоии конститутсия худи қабули он, тағйироту иловаҳо дохил кардан ба он бевосита алоқаманд аст, зеро ки қабули конститутсияи нав ва дохил кардани тағйиру иловаҳо ба он яке аз супоришҳои иҷтимоӣ буда, зарурияти онро барои рушди минбаъдаи ҷомеа ва давлат асоснок менамояд. Вазифаи иҷтимоии конститутсия дар ҷамъи хусусиятҳои он, ки моҳияту таъиноти ҷомеа ва давлатро инъикос мекунанд, ифода мегардад.
Ҷурахон МАҶИДЗОДА,
доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, сардори шуъбаи ҳуқуқи давлатии Институти фалсафа,
сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ,
Ашурбой ИМОМОВ,
номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, сарходими илмии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ