2024 - «Соли маърифати ҳуқуқӣ»

Шиносномаи давлат

№24 (4764) 21.02.2024

Дар таърихи нави рушди давлатдории миллии тоҷик ва расмиёти ҳуқуқии он соли 2024 ҳамчун санаи сиюмин солгарди Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон хотирмон аст. Бо арзи эҳтиром ба ин санаи муҳим дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ аз 28-уми декабри соли 2023 қайд шудааст, ки «Конститутсияи Тоҷикистони соҳиб­истиқлол, ки заминаи эъмори давлати мустақили миллӣ ва пешравии тамоми ҷанбаҳои ҳаёти мардуми кишварро фароҳам овардааст, яке аз дастовардҳои муҳимтарини мо мебошад. Амалӣ намудани меъёрҳои Конститутсия ба мо имкон дод, ки пояҳои устувори ҷомеа ва ­давлатро созмон диҳем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро таҳким бахшем, рушди устувори иқтисодии кишварамонро таъмин намоем, барои ҳар як шаҳрванди мамлакат шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро муҳайё созем». Тибқи андешаҳои мазкур ба ифтихори ин санаи муҳими таърихии миллат соли 2024 аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон гардид.

Бо мақсади мусоидат ба ин иқдоми наҷиб ва кумак ба мардуми кишвар дар азхудкунии одобу ахлоқи сиёсӣ-ҳуқуқӣ, риояи қатъии меъёр ва ҳолатҳои Конститутсия ва қонунҳои ҷумҳурӣ, иҷрои талаботи онҳо олимони намоёни соҳаи ҳуқуқшиносӣ ва конститутсияшиносони маъруфи ҷумҳурӣ Ашӯрбой Имомов ва Ҷурахон Маҷидзода тасмим гирифтаанд, ки дар шакли тезисҳо (мулоҳизаҳо) дар бораи мафҳум, пайдоиш, рушд, шакл, таркиб, мазмун, тарзи қабул ва тағйиру иловаҳо дохил кардан, таъйиноти ҳуқуқӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ ва дигар хусусиятҳои конститутсияҳо, аз ҷумла Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба доираи васеи хонандагони рӯзномаи «Садои мардум» мухтасар маълумот диҳанд.

Конститутсия — (аз забони лотинӣ constitutio – муқаррар, сохтор) бо мазмуни моддӣ санади навишташудаи ҳуқуқие мебошад, ки пеш аз ҳама, ҳуқуқу озодии инсон ва шаҳр­вандро эълон менамояд ва кафолати онҳоро пешбинӣ мекунад. Ҳамчунин, асосҳои сохтори конститутсионӣ, сохтори ҷамъиятӣ ва сохтори давлатӣ, рамзҳои давлатӣ ва вазъи пойтахт, шакли идоракунӣ ва таркиби ҳудудии давлат, асосҳои ташкили мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, салоҳият ва робитаи байниҳамдигарии онҳо ва баъзе масъалаҳои муҳимтаринро муқаррар ва танзим менамояд. Аз рӯи мазмуни зоҳирӣ Конститутсия қонун ё гурӯҳи қонунҳое мебошад, ки қувваи олии ҳуқуқӣ нисбат ба дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дорад. Конститутсия шакли олии ҳуқуқиест, ки дар он арзишҳо, падидаҳо ва меъёрҳои сохтори конститутсионӣ, асосҳои танзими ҳуқуқӣ-конститутсионӣ, алоқаҳои сифатии ҷамъиятӣ ва муносибатҳои ҳокимияти давлатӣ расман муқаррар карда шудаанд.

Конститутсия — қонуни асосӣ мебошад, ки асосҳои сохтори ҷамъиятӣ ва иқтисодии мамлакат, шакли сохтор ва идоракунии давлатӣ, вазъи ҳуқуқии инсон ва шаҳрванд, низоми интихобот, тартиби ташкил ва салоҳияти мақомоти ҳокимияти давлатиро дар марказ ва маҳалҳо, ташкил ва усулҳои асосии адолати судӣ, назорати прокурориро муқаррар менамояд. Нисбат ба ҳар як санади ҳуқуқии низоми қонунгузорӣ ва ҳуқуқии мамлакат қувваи олии ҳуқуқӣ дорад. Ҳеҷ як қонуни ҳуқуқӣ берун аз таъсири Конститутсия ва ё хилофи он шуда наметавонад. Қонунҳои ҳуқуқӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии бешумор бояд дар мувофиқа бо Конститутсия қабул гардида, ба татбиқи меъёрҳо ва ҳолатҳои он мусоидат намоянд. Дар қаламрави давлат ҳеҷ як мақомоти давлатӣ, шахси мансабдори давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, инсон ва шаҳрванд берун аз талаботи Конститутсия фаъолият карда наметавонанд. Аз талаботи Конститутсия дар дохили мамлакат ҳеҷ як субъекти ҳуқуқ боло истода наметавонад. Аз ибораи қонуни асосӣ ҳамаи он хусусиятҳои Конститутсия ошкор мегардад, ки ҷойи онро дар низоми ҳуқуқӣ муайян мекунад.

Конститутсия қонуни қонунҳо мебошад. Бо мақсади ҳар чӣ пурра ифода кардани мазмун ва таъйиноти Конститутсия дар сарчашмаҳои илмӣ ва машварати касбию ихтисосӣ онро қонуни қонунҳо низ меноманд. Ин ибора ишора ба сатҳи баланди Конститутсия дар низоми қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, қуллаи баланди низоми қонунгузории миллӣ буда, дар зери таъсири он қарор доштани ҳамаи қонунҳоро ифода мекунад. Ҳамчунин, ибораи қонуни қонунҳо нисбати Конститутсия ишора ба таъйинот ва робитаи мантиқии онҳо, ягонагии низоми қонунгузории миллӣ мебошад. Аз рӯи шакл, таркиб, мазмуни фарогири муносибатҳои ҷамъиятӣ, ҳар гуна санади меъёрии ҳуқуқӣ бо эътирофи усули волоияти Конститутсия таҳия, қабул ва амал мекунад.

Конститутсия — нишона, рамзи ҷудонопазири давлатдорист. Ҳар як давлати нав­таъсис тавассути Конститутсия барпоёбии худро эълон, ҳадафҳо ва самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷиашро муайян ва ифода менамояд. Тавассути рамзҳои давлатӣ мухтасар дар бораи таърихи пайдоиши давлат, давраҳои рушди давлатдорӣ, сохтори ҷамъиятӣ, шакл ва сохти идораи давлат, муносибати шахс ва давлат ҳолатҳои калидӣ муқаррар карда мешаванд. Ҳамчунин, баъзе хусусиятҳои этникӣ, робитаҳои таърихӣ бо халқу миллатҳои ба ҳамдигар аз самти фарҳангӣ наздик ифода карда мешаванд. Бо ин мазмун Конститутсия як навъ шиносномаи миллат, ҷомеа ва давлати мазкур мебошад. Ифодагардонии хусусиятҳои зикршуда дар Конститутсия дар шакли ҳуқуқӣ-сиёсӣ сурат мегирад. Бинобар ин, ҳар як нукта ва ибораҳои Конститутсия мазмун ва таъйиноти махсус доранд. Конститутсия, бо вуҷуди он ки рамзҳои давлатиро муайян мекунад, худи он низ рамзу нишонаи давлатдорӣ мебошад.

Конститутсия ба забони расмии давлатии мамлакат тайёр ва қабул карда мешавад.Тибқи ҳайати миллии давлат забони расмии давлатӣ метавонад аз як ё аз якчанд забони миллатҳои дар таркиби давлат ҷойгирбуда иборат бошад. Одатан, дар аксари давлатҳои ягона ба ҳайси забони расмии давлатӣ забоне эътироф ва муқаррар карда мешавад, ки забони муошират ва гуфтугӯи аксари аҳолии мамлакат мебошад. Дар давлатҳои шакли идораи иттифоқӣ (федеративӣ) баробари забони ягонаи расмии умумидавлатӣ метавонад забони миллии субъектони иттифоқ низ дар сарҳади ҳудуди ҷойгиршавии онҳо забони расмӣ эълон гардида, амал кунад. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1994 аввалин бор дар таърихи давлатдории тоҷик бо забони модарӣ, яъне тоҷикӣ таҳия ва қабул гардида, забони давлатии Тоҷикистон забони тоҷикӣ эълон карда шуд. Ҳамчунин, забони русӣ забони муоширати байни миллатҳо дониста шуд.

Моҳияти Конститутсия. Ҳар як Конститутсия тибқи воқеияти таърихии бавуҷудоӣ ва рушди давлат пайдо гардида, муносибатҳои ҷамъиятиро муқаррар ва танзим менамояд. Моҳияти сиёсии ҳар як Конститутсия, ки мазмуни онро ифода мекунад, ба таносуби неруҳои сиёсии дар лаҳзаи қабули он мавҷудбуда муайян мегардад. Таъйиноти меъёр ва ҳолатҳои Конститутсия ифодаи таносуби неруҳои дар таҳия ва қабули он иштирокдошта мебошад, аммо ин омил дар матни конститутсияҳо бевосита ифода намеёбанд.

Конститутсия на фақат санади ҳуқуқӣ, балки ҳуҷҷати сиёсии муҳимтарин мебошад. Мазмуни асосии он аз масъалаҳо дар бораи ҳокимият, шакли моликият, вазъи ҳуқуқии инсон ва шаҳрванд, сохтори давлатӣ ва шакли идораи давлатӣ иборат аст. Меъёр ва ҳолатҳои он барои таъсисёбӣ ва фаъолияти мақомоти давлатӣ, шахсони мансабдор, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ, иштироки шаҳрвандон дар корҳои идоракунии давлатӣ асосгузоранда мебошанд. Муносибатҳои ҷамъиятии ба фаъолияти сиёсии мақомоти давлатӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ алоқаманд тавассути меъёрҳои конститутсионӣ ба худ шакли ҳуқуқӣ мегиранд ва хислати сиёсӣ пайдо мекунанд. Хусусиятҳои сиёсии Конститутсия бо сиёсати иҷтимоии давлат пайвандӣ дорад. Дар ҳамин асос дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», роҳу воситаҳои амалӣ намудани онҳо, хусусан, татбиқи сиёсати иҷтимоӣ, музаффариятҳои ноилгардида ва масоили ҳалталаб амиқ таҳлил гардида, роҳҳои ҳалли онҳо муайян карда мешаванд.

(Давом дорад)

Ашӯрбой ИМОМОВ,

номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, сарходими илмии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон,       

Ҷурахон МАҶИДЗОДА,

доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, сарходими илмии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон