Муаллим калимаи муқаддас аст ва касби омӯзгорӣ аз волотарин, бошарафтарин ва мушкилтарин ихтисосҳо мебошад.
Дар тамоми комёбиҳою пешрафти шахсиятҳои маъруф, қабл аз ҳама тарбияи илмию ақлонии мо, муаллимон саҳм гузоштаанд. Тӯли ҳаётамон онҳо моро некию хизмат ба Ватан карданро меомӯзанд ва афкори моро ба фаъолияти ақлонӣ ҷалб менамоянд.
Муаллимаи ман Моҳбегим Аноятшоева низ аз ҷумлаи чунин омӯзгорон буд. Ӯ ба мо аз синфи ҳафт то даҳ аз фанни таърих дарс медод. Худ таърихшинос буд, вале аз адабиёт ҳам огаҳии хуб дошт. Дарсҳояшро одӣ ва шавқовар мегузаронид. Аз ин рӯ, дил намехост, ки занг садо диҳаду риштаи суҳбат канда шавад.
Ҳар як дарси муаллима барои мо — хонандагон як равзанаи навро ба сӯйи олами донишу маърифат ва шоҳроҳи инсонию одамгарӣ мекушод. Умуман, муаллимаи ман Моҳбегимро шуълаи тобноки маърифат дар қаламрави Бадахшон гӯем, арзанда аст, зеро ӯ яке аз нахустин занони маълумоти олидор дар Помир буд ва тамоми зиёиёни Бадахшон, ки солҳои 40- 50- ум мактаби миёнаро хатм кардаанд, дастпарваронаш буданд. Муаллима нисбат ба шогирдон чун модар ғамхору ғамгусор буд. Шодравон Ҳайрат Шанбезода «Барои муаллимаам Моҳбегим Аноятшоева» ном шеъре бахшидаанд:
Ман намедонам киро дилбар будӣ,
Дар кадомин хонадон хоҳар будӣ.
Ин қадар донам, ки ту дар синфи мо,
Модари тифлони бемодар будӣ…
Тасодуфан огаҳӣ ёфтам, ки ба зодрӯзи муаллима Моҳбегим Аноятшоева 90 сол пур мешавад. Қарор додам, ки он чӣ дар бораи муаллима шунидааму медонам, чун арзи сипоси шогирд рӯйи коғаз оварам.
Баъди ба нафақа баромаданаш ҳам муаллима М. Аноятшоева аз кори тарбия дар канор набуд. Дар пиронсолӣ ҳам бо касби дилхоҳаш шуғл меварзид. Фақат дар мактаб нею дар хона. Набераҳояшро нигоҳубин мекард. Онҳо кам не, ҳабдаҳ нафар буданд. Аввал падару модарони онҳоро, яъне ҳафт писару духтарони худро «болу пар» бахшид. Баъдан фарзандони онҳоро ба «парвоз» омода месохт.
Панҷоҳ сол пеш дар сар то сари Хоруғ, ҳатто дар тамоми вилоят, танҳо як мактаби миёна ва мактаб- интернати ба номи С.М.Киров буду халос. Вазифаи мудириашро марди фозил Давлат Шабдолов ба уҳда дошт. Моҳбегими ҷавон муаллимаи синфҳои болоии ҳамин мактаб буд. Ҳар сол беҳтарин хатмкунандагони мактабҳои ҳафтсолаи кулли ноҳияҳои ВМКБ-ро интихоб намуда, ба ин мактаб- интернат меоварданд. Муаллимаи ҷавон ба ҳамаи шогирдон модарвор муносибат мекард. Махсусан хонандагоне, ки аз ноҳияҳои дурдасти вилоят омада буданд, мавриди ғамхории доимии ӯ қарор доштанд. Рӯзҳои истироҳат хонандагони камбизоатро ҳавлияш бурда, хӯрок медод, сарулибоси фарзандонашро ба онҳо пӯшонида, пӯшоки чиркинашонро мешуст. Аз байни онҳо бисёр олимону адибону санъаткорони машҳур, роҳбарон, ходимони давлатӣ ба воя расидаанд ва то имрӯз аз муаллима ва модархондашон Моҳбегим Аноятшоева сипосгузоранд.
Ҳоло дар тамоми минтақаҳои ин сарзамини кӯҳсор дастпарваронаш касби муаллимаро давом дода, насли наврасро тарбия менамоянд. Беҳуда нест, ки ӯро бо меҳру муҳаббат муаллимаи муаллимони Бадахшон меноманд.
Шогирдону ҳампешагон ба муаллима бо ҳавас менигаристанд, ӯ барин шуданро орзу мекарданд. Ҳама дар ҳайрат буданд, ки дар вуҷуди наҳифи як зан ин қадар дониш, маданияту одамгарии баланд аз куҷо ва аз чӣ сарчашма гирифтааст?
Ба ҳама маълум аст, ки хонадони Аноятшоевҳо инсондӯсту бомаърифату бофазилат буданд, китобхонаи шахсӣ доштанд.
Мегӯянд, ки дусад сол пеш дар дашти Хуст (он тарафи дарёи Панҷ, дар Афғонистон) бозори калон буд. Ба ин бозор аз Ҳиндустон, Покистон ва Хитой низ тоҷирон бор меоварданд. Азбаски дар ин ҷо корвонсарою меҳмонхона набуд, мусофирон дар ҳавлиҳои сокинони бонуфузу муътабари Хоруғ бобою бобокалонҳои Абдуллоевҳо, Шабдоловҳо, Аноятшоевҳо, Қонуновҳо ва дигарон фуруд меомаданд ва рӯзҳои дар Хоруғ будани тоҷирон бо иштироки фозилони шаҳр маҳфилҳо доир мешудааст. Дар чунин муҳит аҳли хонаводаи Моҳбегим тарбия меёфтанд. Падараш шахси маърифатдӯст буд. Вақте ки дар Хоруғ бо ташаббуси сарҳадчиёни рус аввалин мактаби нав таъсис ёфт, бисёр волидайн фарзандонашонро, алалхусус духтаронро, ба мактаб намемонданд. Падари Моҳбегим бошад, духтарашро ба мактаб бурда, боз ба хона меовард. Ба шарофати дар чунин фазо ба воя расидан додари муаллима Султон Аноятшоев низ яке аз беҳтарин муаллимони вилоят эътироф гардидааст.
Ба ақидаи А.П.Чехов, муаллим бояд зоҳирану ботинан зебову бенуқсон бошад. Моҳбегим дар тамоми фаъолияти педагогӣ, умуман тамоми умр аз рӯйи ин гуфтаҳо амал мекард. Ӯ дар давраи директори мактаб ва мудири шуъбаи маорифи шаҳри Хоруғ буданаш ба бисёр муаллимон сарукор дошт. Дар байни онҳо одамони гуногун буданд. Муаллими ҳақиқӣ дар назари шогирдон бояд ҳамеша мисли баҳри беҳудуди дониш ҷилвагар бошад, аз ҳар суҳбати ӯ як сухани тоза, як чизи барояшон нав гирифта тавонанд. Барои ин муаллим бояд пайваста ҷӯяд, хонад, омӯзад, дониши худро такмил диҳад. Барои омӯзгор дар баробари дониш дили нарму ҳассос ва нисбат ба касбу шогирдонаш меҳру муҳаббат доштан зарур аст.
Ӯ муаллима буд, модар буд, модаркалон буд. Ӯ дар байни духтарони бадахшонӣ соҳибҷамол буд, қаду қомати мавзуну расо дошт. Ҳамеша либоси зебои миллӣ мепӯшид.
Фарзандонашро ба воя расонд. Писаронаш Масталӣ- геолог, Файзалӣ- муаллими мактаб, Ҳамзаалӣ -меъмор, Нозим -муаллими физикаю математика мебошанд. Се духтараш маъруфтарин ҳунармандони санъати театри ҷумҳурӣ: Оят –ҳунарпешаи Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ, Саврӣ ва Соро ҳунарпешагони пешбари Театри давлатии академӣ- драмавии Тоҷикистон ба номи А.Лоҳутӣ буда, ҳунарпешаҳои халқии Тоҷикистон мебошанд.
Барои хизматҳояш муаллима бо ордену медалҳои СССР, унвонҳои Муаллимаи хизматнишондодаи РСС Тоҷикистон, Аълочии маорифи Тоҷикистон сазовор гардидааст. Вале унвони аз ҳама баландтарин барояш номи муаллимӣ ва мукофоти аз ҳама пурқиматтарин ҳурмату эҳтироми мардум ва сарфарозии шогирдону дастпарваронаш буд.
15 марти соли 1999 муаллимаи азизам Моҳбегим Аноятшоева вафот кард. Рӯҳаш шоду манзили охираташ обод бошад.
А.РАҲМОНҚУЛОВ, Артисти хизматнишондодаи РСС Тоҷикистон, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон