Шукуфоии боғот — аз файзу нусрати истиқлолият

№111-112 (4531-4532) 07.09.2022

Дар баробари ин, дар самти зиёд намудани майдони боғу токзор ва ба ин васила, афзун гардонидани  истеҳсоли меваҳои аз ҷиҳати экологӣ тоза, ба стандартҳои ҷаҳон мутобиқ ва ба содирот нигаронидашуда тадбирҳо андешида шавад».

(Аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, 22 декабри соли 2017)

6Ин маънӣ зеҳни дилхоҳ хоҷагидорро  ба таҳрик меорад ва дар худ як қаноатмандиро эҳсос мекунад, Чунки ин соҳа ба таври бесобиқа ривоҷ ёфт. Аслан, боғдорӣ  шуғли  қадимаи миллати тоҷик буда, ҳанӯз чор ҳазор сол пеш боғи меваҳои гуногун бунёд карданд.

Ин соҳаи зудтараққиёбанда дар даврони соҳибистиқлолӣ ҳамчун муаррифгари  соҳаи кишоварзии кишвар мавқеи назаррас пайдо кард. Дар натиҷаи амалигардонии барномаҳои мақсадноки рушди соҳаи боғу токпарварӣ  ҳоло майдони боғот ва токзор ба зиёда аз 200 ҳазор гектар расид. Ҳоло дар боғоти ҷумҳурӣ зиёда аз 75 навъи дарахтони меваю ангур парвариш мешавад, ки дар ғанӣ гардонидани сабади истеъмолии аҳолӣ  нақши муҳим доранд. Олимону мутахассисон боғу токпарвариро  самараи сиёсати дурусти аграрии кишвар қайд карданд, ки  он аз Паёми Президенти мамлакат дар соли 2017 бармеояд. 

 Ҳукумати ҷумҳурӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ, дар баробари амалисозии  ислоҳоти  соҳаи кишоварзӣ як қатор  барномаҳоро қабул ва амалӣ намуда, барои рушди соҳа аз ҳисоби манбаъҳои буҷавӣ ва ғайрибуҷавӣ беш аз 18 миллиард сомонӣ равона шуд. Дар даврони соҳиб­истиқлолӣ  майдони боғу токзор  3,6 баробар ва истеҳсоли меваю ангур 4,3 баробар афзоиш ёфт.  Ин ба он боис гардид, ки майдони боғу токзор аз 52 ҳазори соли 1991 дар соли 2021 ба 202 ҳазор гектар расида, зиёда аз 700 ҳазор ҷои нави кор таъсис ёбад. Дар рушди ҳамаҷонибаи боғу токпарварӣ  саҳми олимону мутахассисони соҳа бориз аст. Зиёд кардани ҳосилнокии навъҳои гуногун, кашф намудани  навъҳои ба шароити номусоид тобовар, татбиқи технологияи  муосири  парвариш  ва коркард, инчунин аз омилҳои зиёди дигар — роҳ ёфтан ба фазои кушоди соҳибкорӣ, истифодаи замини аз гардиши кишоварзӣ берунмонда, беҳтар  гардонидани  ҳолати мелиоративии заминҳо, бунёди боғҳои интенсивӣ ва суперинтенсивӣ аз ҷумлаи заҳмат ва тавсияҳои олимон мебошад.

Мувофиқи талаботи «Ташкилоти байналмилалии саломатӣ», меъёри физиологӣ солонаи меваю ангур барои як одам, бо иловаи меваҳои хушк бояд 100 — 124 килограммро ташкил менамояд ва барои таъмини амнияти озуқавории сокинони мамлакат ҳар сол, бо назардошти содирот ба хориҷи кишвар, боғпарварон бояд  на камтар аз як миллион тонна меваю ангур  истеҳсол намоянд. Табиист, ки Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2004  «Дар бораи барномаи барқарорсозӣ ва рушди минбаъдаи  соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2005-2010», Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 августи соли 2009  «Дар бораи тадбирҳои иловагӣ доир ба рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2014», Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон аз 30 декабри соли 2015 «Дар бораи барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 – 2020» ва дастуру супоришҳои Асосгузори  сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таконбахши рушди  соҳа гардид. Тибқи онҳо ,дар ояндаи наздик истеҳсоли мева ва маҳсулоти мевагӣ дар Тоҷикистон ба дараҷае расонида шавад, ки  эҳтиёҷи мардум пурра қонеъ гардида, то соли 2020-ум 20153 гектар боғи нав бунёд гардад. Вобаста ба ин олимону мутахассисони соҳаи боғу токпарварӣ баланд бардоштани ҳосилнокии дарахтони мевадиҳанда ва беҳтар намудани сифати ҳосили онҳоро вазифаи аввалиндараҷаи кори худ қарор доданд.

 Аз маълумоти омории соли 2021 бармеояд, ки дар ҷумҳурӣ 160 ҳазору 533, 27 гектар боғ, 38 ҳазору 570, 4 гектар токзор  мавҷуд аст, ки аз он мутаносибан 107 ҳазору 544,27 ва 33 ҳазору 750, 1  гектар ҳосилдиҳанда буда,  соле ба ҳисоби миёна 473,3 ҳазор тонна мева ва 267 ҳазор тонна ангур истеҳсол мешавад. Агар истеҳсоли ангур дар соли 1991-ум  92 ҳазору 607 тонна бошад, пас соли 2021 то 267 ҳазору 400 тонна расид. Айни замон дар Тоҷикистон истеҳсоли мева ба 470 ҳазор тонна расонда шуд, ки назар ба соли 1991 қариб ҳафт маротиба зиёд аст.

Тоҷикистон манбаи меваҳои хушки донакдор буда, беш аз 80 дарсади ғулинг ва 25 дарсади баргаку аштаки  Осиёи Марказиро истеҳсол мекунад. Феълан, дар ҷумҳурӣ зиёда аз 60 ҳазор гектар чунин  боғҳо  мавҷуданд. Гуфта метавонем, ки боғдорӣ дар ҳама шаклҳои нави хоҷагидорӣ бо истеҳсоли маҳсулоти дорои сифати баланди молӣ ва  аз ҷиҳати экологӣ тоза аз имтиҳони «иқтисоди бозоргонӣ» гузашт. Истиқлолияти кишвар, инкишофи муносибатҳои нави бозоргонӣ талаб менамояд, ки маҳсулотро бо технологияи замонавӣ, мутобиқ ба талаботи меъёрии ҷаҳонӣ манзур намоем. Бунёди боғҳои навъҳои гуногуни зардолу дар шароити иқлими Тоҷикистон аҳамиятнок аст. Табиат ранги дигар мегирад. Аз дигар тараф, аз ин ҳисоб, дар замини корами водиҳо имкони васеъ барои рушди сабзавоткорӣ пайдо мешавад.

 Ҳоло таваҷҷуҳи мардуми хориҷӣ ба маҳсулоти табиӣ бештар гардидааст, чунки  онҳо дарк кардаанд, ки инсон  зиёда аз 81 унсури кимиёии барои организм заруриро ба воситаи меваҳо мегирад.  Хосиятҳои дигари дарахтони мевадиҳанда – аз шаҳди гули онҳо истеҳсоли асал мебошад, ки дар бозори ҷаҳони бебаҳост. Аз ин ҷост, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин соҳаи самаровари кишоварзӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, аз хоҷагиҳои зардолупарвар боздид карда, боғпарваронро барои парвариши бештари зардолу даъват намуданд. Ин иқдому ташаббусҳои Сарвари давлат ба хоҷагидорон рӯҳу илҳоми тоза бахшид.

Бунёд кардани боғ, пеш аз ҳама, ба хосияти биологии мева ва иқлим рабт дорад. Масалан, агар дар ноҳияҳои вилояти Суғд парвариши  навъҳои гуногуни зардолу ва шафтолую бодом мувофиқ бошад, иқлими водии Қаротегин барои парвариши анвои дерпазаки ноку себ шароит фароҳам меорад, ноҳияҳои водии Вахш  бошад, барои рӯёнидани меваҳои субтропикию ситрусӣ, махсусан лимӯ, мувофиқ аст.

 Ҳоло 80 дарсади боғоти дарахтони меваи донакдорро  дар миқёси ҷумҳурӣ вилояти Суғд ташкил мекунад. Олимону мутахассисон дар ҷумҳурӣ  парвариши 11 навъи анор, қариб 70 навъи зардолу, 17 навъи себ, 15 навъи нок, 5 навъи лимӯ, 15 навъи шафтолу ва миқдори зиёди  навъҳои меваи таҳҷоиро ба роҳ монданд. Тибқи маълумоти оморӣ, кишвари мо аз ҷиҳати истеҳсоли зардолу, лимӯ ва анор дар миқёси  Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҷои аввалро ишғол менамояд.

Бо мақсади баланд бардоштани  иқтидори содиротии кишвар  ва таъмини бозорҳои дохилии кишвар, бо тавсияи олимону мутахассисони варзида роиҷ гардид, ки аллакай аз маҳсули он мардум баҳраваранд.

Дар  натиҷаи истифодаи ин навоварӣ  дар минтақаҳои Тоҷикистон  аз соли 2011 то ин дам  бунёди чунин боғҳо ба роҳ монда шуд. Акнун  ҳосилнокии  ҳар гектар  боғҳои мазкур  аз 300 то 700  сентнерро ташкил медиҳад. Ҳосилнокии боғҳо аз як гектар нисбат ба боғҳои муқаррарӣ  8-10 маротиба баланд буда, қобилияти тезҳосилдиҳиро доранд, ки ин ба арзиши аслии маҳсулот бетағйир намемонад.

Месазад, меҳнати пурмаҳсули олимону  селексионерони намоёни  соҳа – Аҳмад Пӯлодов, дар зардолупарварӣ, В. Л. Данилов, С. Т. Скороход, дар офаридани навъҳои шафтолу, А. Д.Савченко, Ф. У. Урунов ва А. Азимов – навъҳои ангур, В. И. Сулая, С. М. Гулов, Қ Руқниддиновро дар ситруспарварӣ қадр намоем. Онҳо тавонистанд, ки дар самароварии фаровони дарахтони мевадор ва усулҳои боэътимоди парвариши онҳо тадбирҳои судманд андешида, дар даврони истиқлолияти давлатӣ нуфузи мамлакатро дар миқёси ҷаҳон баланд бардоранд.

Новобаста аз дастовардҳои назарраси истеҳсолии соҳа дар даврони истиқлолияти давлатӣ захираҳои истифоданашуда хеле  зиёданд. Дар Тоҷикистон зиёда аз 750 ҳазор гектар замини бекорхобида ва боғу токзори камҳосил  мавҷуд аст, ки  бунёду барқароркунии онҳо барои рушди кишоварзӣ, аз ҳама бештар барои боғу токпарварӣ,  манфиатбахштаранд. Бо истифода аз технологияи  инноватсионӣ дар чунин мавзеъҳо бунёди боғҳои интенсивӣ, гармхонаҳо ва токпарварӣ бо усули ҷадид рушди беш аз пеши соҳаро таъмин хоҳад кард.

Турсунбой АҲМАДОВ,

академики Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон,

Абдухолиқ МИРЗОЗОДА,

«Садои мардум»