Ходими давлатӣ, олими намоёни соҳаи иқтисодиёт, доктори илми иқтисод, профессор, узви вобастаи Академияи илмҳои байналмилалии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ Абдусаттор Ҷабборов аз зумраи олимони сермаҳсул маҳсуб меёбад.
Мавсуф тавассути хислатҳои ҳамидаи инсонии хеш миёни мардум маҳбубият ва обрую эътибори хоса пайдо кардааст.
Аз нақли шоҳидони ҳол ва варақгардонии китоби «Некӣ мекуну…» бармеояд, ки Абдусатор Ҷабборов шахсияти маърифатпарвару илмдӯст, олиҳиммату қаноатпеша, накӯкирдор, ҳозирҷавобу қавихотира, хушсухану маҳфилоро, покизакору покизафитрат ва сарбаланд аст.
Мавсуф моҳи апрели соли 1997 дар Пажуҳишгоҳи фалсафа ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҳамчун омили тараққиёти ҷомеа» рисолаи номзадӣ ва моҳи сентябри соли 2001 дар Пажуҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии меҳнати Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Федератсияи Россия рисолаи доктори илми иқтисодро дар мавзӯи «Заминаҳо ва асосҳои иқтисодии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар шароити ташаккули муносибаҳои бозорӣ» бомуваффақият ҳимоя намудааст.
Абдусаттор Ҷабборов барои иштирок дар симпозиумҳову семинарҳои байналмилалӣ ба аксари мамолики тараққикардаву ҷумҳуриҳои ҳамсоя сафари хидматӣ намуда, таҷрибаи онҳоро дар иқтисодиёти кишварамон ҷорӣ гардонидааст.
Устоди гиромиқадр дар баробари кордонию маҳорати баланди роҳбарӣ, ба эҷод низ машғул аст. Фишурдаи мақолаҳои илмӣ, китобҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва оммавии устодро нашриётҳои гуногуни дохиливу хориҷӣ руйи чоп овардаанд. Аз ҷумла «Асосҳои иқтисодӣ, иҷтимоии ҳифзи нафақахӯрон ва роҳҳои инкишофи шаклҳои хизматрасонӣ ба онҳо» (соли 1996), «Маҷмӯи қонунҳо ва санадҳои нормативӣ доир ба ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (соли 1997), «Кӯш, то халқро ба кор оӣ…», ҷилди 1(соли 1998), «Ташаккул ва инкишофи ҳифзи иҷтимоӣ дар Тоҷикистон» (соли1998), «Ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҳамчун омили тараққиёти ҷомеа» (соли 1997), «Некӣ мекуну…» (соли 2005), «Асосҳои маблағгузории хурд» (китоби дарсӣ, соли 2011) номгӯйи нопурраи маҳсули эҷоди устод маҳсуб меёбанд.
Хизмати мавсуф дар самти тайёр намудани кадрҳои илмӣ назаррас аст. Таҳти роҳбарии ӯ чор нафар рисолаи номзади илмҳои иқтисодӣ ҳимоя намуданд. Ҳоло Абдусаттор Ҷабборов роҳбарии ду аспирант ва се унвонҷӯйро ба зимма дорад.
Абдусаттор Ҷабборов барои хизматҳои шоён бо унвони фахрии «Корманди шоистаи Тоҷикистон», «Аълочии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Корманди фахрии таъминоти иҷтимоии аҳолии Ӯзбекистон», медали ҷашнии 10-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Аълочии маорифи халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон» қадрдонӣ гардида, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи байналмилалии ба номи Анри Дюнан мебошад.
Абдусаттор Ҷабборов ҳоло профессори кафедраи молия ва қарзи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, узви Шӯрои диссертатсионии комиссияи аттестатсионии Вазорати маориф ва илми Федератсияи Россия дар назди Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, раиси фонди ғайридавлатии нафақаи «Оянда» мебошад. Ба ӯ тансиҳатӣ хотири ҷамъ ва ривоҷу корҳои илмию тадқиқотӣ ва эҷодиро орзу менамоем.
Р.К. Раҷабов, д.и.и., профессор, ноиби ректор оид ба илми Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон,
А.Р. Қурбонов, н.и.и., дотсент, декани факултети умури бонкии ДДТТ,
Ш.Ҷ. Ҷӯраев н.и.и., дотсент, мудири кафедраи молия ва қарзи ДДТТ,
Б.М. Дӯстматов, устоди ДДТТ