Навниҳолакони роҳи илмро танҳо онҳое соябон мешаванд, ки худ дар ин ҷодаи душвортарин борҳо афтидаанду сипас ба ҷое расидаанд. Чунин нафарон, ки чашми сару дидаи дилашон аз роҳи илм боз гардидааст, дар ин масир муттакои ҷавонони илмдӯст мебошанд. Профессори факултети химияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Мубаширахон Раҳимова аз зумраи чунин шахсон аст. Ӯ дарахти азими пурбореро мемонад, ки ҷавонон зери сояаш месабзанд.
Ӯро дар олами беканори илми мулоҳизаҳои созанда, мақолаҳои илмӣ, ки шуморашон беш 500-то мебошанд, машҳур намуд. Дар дунё аввалин пажӯҳишгарбонуе ба шумор меравад, ки Ҷоизаи хосаи Ҷумҳурии Исломии Эрон «Беҳтарин зани ихтироъкор» — ро (соли 2014) сазовор шудааст ва ин муҷиби ифтихори мо — тоҷикон мебошад. Кору рӯзгори ӯ барои ҷавонон, хоса бонувоне, ки дар ҷодаи илманд ибрат аст.
Роҳи тайкардааш дар илми кимиё тӯлонист ва ожангҳои возеҳи ҷабинаш асар аз роҳи дурударози ноҳамвори илм аст. Аз замони хатми факултети кимиёи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (соли 1971) ба илм пайваст. Дар самти кимиёи физикӣ ва каллоидӣ даҳҳо гиреҳи нокушодаро боз кард, дар рушди илми кимиё нақши нозудуданӣ гузошт. Аз соли 1975 ба ин сӯ ба таҳқиқ ва ҳосил намудани пайвастҳои координатсионии микроэлементҳои рӯҳ, оҳан, кобалт, мис, манган, никел, ки барои зиндагии инсон, растаниву ҳайвонот зарур аст, пардохта, ба комёбиҳои зиёд ноил шуд. Бо шогирдонаш ин гуна пайвастҳоро на танҳо ҳосил мекунанд, балки баъди ҳосил намудан, хосияти химиявӣ, физикӣ, биологиву физиологии онҳоро бо мутахассисон омӯхта, самти истифодаашонро муайян менамоянд. 34 патент барои ихтироъ дорад, ки онҳоро метавон дар соҳаҳои тибу кишоварзӣ, васеъ истифода намуд. Муҳимтар аз ҳама, ин бозёфти илмӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ эътироф шудаанд, аз ҷумла, дар ҳамоиши байналмилалии «Бонувони ихтироъкор». Солҳои 2012 — 2013 дар ҳамоиши зикршуда тарзи ҳосил намудани намакҳои табобатӣ барои ваннаҳо бо иловаи шираи гиёҳҳои маҳаллӣ, ба мисли парчадона, пудинаи боғӣ, райҳон ва гули садбарг, ҳосил намудани пайвастҳои координатсионии нуқра барои рӯпӯш намудани маводи ороишӣ, зиёд кардани хосияти обнигоҳдоштани гидрогенҳо дар асоси пайвастҳои координатсионӣ, рӯпӯш кардани чигити пахта бо полимерро муаррифӣ намуда, соҳиби се медали нуқра ва ду биринҷӣ гардида буд. Соли 2014 дар ҳамоиши мазкур, ки дар шаҳри Сеули Ҷумҳурии Куриё баргузор гардид, миёни 400 бонуи навофари 26 давлати ҷаҳон, ихтироъҳои ӯ бо 4 медал — 1 тилло, 2 нуқра ва 1 биринҷӣ қадр шуд.
Дастоварди дигари илмиаш, ки дар ҳамоиш мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт, маҳлули пайвастаҳои оҳан бо аннионҳои тезоби узвӣ, аз ҷумла тезоби сирко ва лимӯ буд, ки барои пеш аз кишт тар намудани чигити пахта истифода мешавад. Дар натиҷа, кишти чигит осон, решаи пахта пурқувват мегардад ва ҳам ин амал пахтаро аз бемориҳои гуногун эмин медорад.
Агар ихтирооти солҳои пешинашон бештар ба соҳаи парандапарварӣ ва кишоварзӣ алоқаманд буданд, солҳои охир натиҷаҳои илмие ба даст овард, ки ба соҳаи тиб ва фармакология алоқамандӣ доранд. Барои дар амал татбиқ гаштани дастовардҳо худ низ талоши зиёде анҷом додааст. Масалан, бо дастгирии дӯстону фарзандон корхонаи хурди «Бозёфт» таъсис дода, дар он намакҳои табобатӣ барои ваннаҳо истеҳсол мешаванд, ки дар осоишгоҳҳои кишвар истифода мегарданд.
Фаъолияти омӯзгориаш пурмаҳсул мебошад. Аслан кори таҳқиқотиву омӯзгории олим бо ҳам пайванди ногусастанӣ доранд ва як навъ ҳамдигарро комил месозанд. Аз ҷумлаи омӯзгоронест, ки ба шогирдон ҳамеша гапи нави мегуфтанӣ дорад. Дар ин кор ба ӯ таҷрибаи бисёрсолааш мададрасон аст. Воқеан, ӯ навниҳолакони роҳи илмро соябон мебошад. То имрӯз зери роҳбариаш 10 нафар рисолаи номзадӣ ҳимоя намудаанд.
Ин ва дигар ранҷҳои роҳи илмаш бо диплому ифтихорнома ва мукофотҳои дигари давлатӣ қадр шудаанд.
- Ба кишварҳои бисёр сафари хидматӣ намудаам ва аз корҳои олимон хуб огоҳӣ дорам. Ҳамеша мегӯям, ки олимони тоҷик аз олимони кишварҳои дигар кам нестанд. Донишу қобилияти зиёд доранд, аммо имкониятҳояшон камтар аст. Бо вуҷуди ин онҳо натиҷаҳои илмие ба даст овардаанд, ки ҷаҳон онҳоро пазируфтааст, — мегӯяд қаҳрамони матлаб.
Аз он ки имрӯз ҷавонон нисбат ба 5 — 10 соли пеш дониши хуби кимиёӣ доранду забонҳои хориҷӣ, компютерро нағз медонанд ва аз фанни риёзӣ низ бохабаранд, меболад. Ба ояндаи кимиёи тоҷик некбин асту онро дурахшон арзёбӣ менамояд.
Фарзонаи ФАЙЗАЛӢ,
«Садои мардум»