Ба ифтихори «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф»

Соярӯшанҳои таърихи илмҳои дақиқ

№70 (4332) 25.05.2021

KGY_1 (1)Майдони ҳофизаи таърих фарох аст, вале на ҳама кашфиёт, дастовард, осори илмиву фарҳангии гузаштагон дар он боқӣ монда ё сазовор арзёбӣ гардидаанд. Бисёранд нобиғаҳое, ки ҷавҳари асили муаммову торикиҳои ҳастии замину осмонҳоро равшан намуда, рисолаҳо навиштаанд, вале хокистари таърих рӯи онҳоро пӯшонида, аз чашми дигарон пинҳон медорад.

Таърих гувоҳ аст, ки баъзан, бар асари беадолатиҳо, дастовард ва мероси арзандаи як донишманд ё ҳатто як миллат инкор мешавад ва дар ҷаридаи таърих сабт намегардад. Мисли он ки бештари осори пурарзиши илмии асримиёнагии Шарқ, яке аз соҳаҳои аз пажӯҳиш дурмондаи ниёконамон то ба имрӯз таври сазовор таҳқиқ нагардидааст ва аксари кашфиёти олимонамон бо номи бегонагон ба олам муаррифӣ гардидаанд. Ҳоло, ки хушбахтона, ба истиқлолияти давлатӣ расидаем, вақти он аст, ки ҳақиқати таърихии илм ошкор ва адолати таърихӣ барқарор гардад.

Таъкиду баромадҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар боби омӯзиши илму маърифат низ ба ҳамин мақсад аст, ки халқ аз осори гаронбаҳои илмию фарҳангӣ ва таърихиаш огоҳ бошад, онро ҳифз намояд ва барои ояндагон чун арзиши олӣ ба мерос гузорад. Шинохти таърихи гузаштаи халқ барои худогоҳиву худшиносии мардум, пойдору устувор нигоҳ доштани Истиқлолияти давлатӣ ва боло бурдани бедории маънавии халқ нақши муҳим хоҳад гузошт.

Афзун бар он, ки Президенти муҳтарам бо ҳидоят ва раҳнамоӣ дар бозшинохти таърихи гузашта ва дарки мақоми илмҳои табиӣ, риёзӣ дар ­ҷомеаи­ мутамаддини ҷаҳон мақоми илмҳои дақиқро боло донистаанд, назорати азбаркунии донишҳои замонавиро тақвият бахшида, талаб намуданд, ки ба таълими фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир гардад. Сарвари давлат дар Паёмашон аз 26 декабри соли 2019 ба Маҷлиси Олӣ пешниҳод намуданд, ки ба хотири боз ҳам хубтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ солҳои 2020 — 2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» ­эълон карда шавад.

Ин хок ва ин миллат таърихи бой ва дурахшон дорад. Олимони форсу тоҷик дар бунёд, рушду такомули илмҳои ибтидоии башарият, бахусус дар тавлид ва рушду такомули илмҳои табиӣ, тиб, ҳандаса, риёзӣ, кимиё, ал-ҷабр, мусиқӣ, фалсафа ва ғайра саҳми зиёд гузоштаанд. Донишмандони форсу тоҷик қонуни мадду ҷазр, яъне таъсири кашиши Моҳу Офтобро ба Замин ва каме зиёдшавии оби дарёву баҳрҳоро ошкор карда, бо ёрии илмҳои ҳисобу риёзиву ҳандаса ба хулоса расидаанд, ки ситораву сайёраҳо ба падидаҳои табиат (фаровониву хушксолӣ) ва тақдири одамон таъсир доранд. Онҳо нахустин бор табақабандии ҷамодот, наботот ва ҳайвонотро ба роҳ монда, донистани асрори олам, кашфи қонуну қоидаҳои табиат ва баҳрабардорӣ аз онҳоро ёд гирифтаанд. Сарфи назар аз ин, ба дастовардҳои он ҳама бузургони фарзона асрҳои аср баҳои шоиста дода нашуда, дар тарозуи улум баркашида намешуд.

Аз саҳифаҳои таърих маълум аст, ки нуфуз ва интишори забони арабӣ дар Мовароуннаҳру Хуросон ҳанӯз аз замони футуҳи исломӣ, гаравидани мардуми тоҷик ба дини мубини ислом ва омӯхтани «Қуръон» оғоз ёфта буд. Аз ин сабаб улуми риёзат ва ҳайатшиносӣ бо унвони илми давлатҳои исломӣ (ё араб) ном бурда мешуд.

Тадқиқоти авохири садаи ХХ нишон додаанд, ки дар тӯли ним ҳазор сол дастхатҳои бахши илмҳои риёзӣ, қабл аз ҳама, ба тоҷику форсҳо тааллуқ доранд. Инро муаррихи маъруфи шӯравӣ А. П. Юшкевич дар асараш қайд карда буд: «Он чунон ки риёзии лотинӣ вуҷуд надошт, риёзии араб низ вуҷуд надошт».

Таърих собит сохтааст, ки мафҳуми адад пойдевори бинои муҳташами илми риёзиро ташкил медиҳад. Донишмандони тоҷику форс дар рушди илми ҳисоб (арифметика) шуҳратманд буданд. Бо вуҷуди маълумоти зиёди назариявӣ то асри XIII, таърифи илмии мафҳуми адад вуҷуд надошт.  Риёзидони намоёни тоҷик Насируддини Тӯсӣ (вафот 1273) аввалин шуда, таърифи илмии ададиро ба бузургиҳои якҷинса (ҳамченак ва бе ҳамченак) баён кард. Дар пайравӣ аз Насируддини Тӯсӣ баъди 320 сол риёзидони нидерландӣ С. Стевин ва пас аз 500 сол яке аз асосгузорони илми табиатшиносӣ И. Нютон ҳамин гуна таърифи ададро такрор намудаанд.

Маълумоти аввалин дар бораи таърифи номукаммали адад дар асарҳои Пифагор, Арасту, Никомах; назарияи ададҳои мусбати бутун дар асарҳои Эвдокас, Эратосфан, Архимед омода шуда бошанд ҳам, саҳми босазо дар рушд ва инкишофи ин илм тадқиқоти беназири олимони тоҷику форс ба мушоҳида мерасанд.

Нахустин бор баёни даҳ рақами ҳиндӣ ва системаи позитсионии даҳӣ барои ададҳои бутун ва ғайрибутуни мусбатро риёзидони Гелонӣ Кушёр ибни Лаббан Ҷилӣ (асри Х) дар рисолаи «Оид ба ибтидои ҳисоби ҳиндӣ» таҳқиқ намуда буд. Намунаи чунин асарҳо дар асри XI сар шуда, асрҳои баъд олимон онро инкишоф ва тараққӣ доданд. Бузургтарин асари ибни Сино «Арсимотайқӣ» дар пайравии асари Евклид «Китоби ҳисоб» ва «Алфахрӣ»-и Абубакри Қараҷӣ (Алқархӣ) таълиф гардидааст. Ҳанӯз дар асри XV Ғиёсиддин Кошонӣ (ал-Кошӣ) дар асарҳои «Мифтоҳ-ал-ҳисоб» ва «Рисола доир ба давра» назарияи мукаммали ададҳои касриро кор карда баромада буд. Шогирди ӯ Алиқушчӣ асосгузори касрҳои даҳӣ ва назарияи ададҳои мусбату манфӣ дар Шарқи Наздику Миёна гардида буд.

Беҳтарин падида ва комравоии олимони Осиёи Миёна ин аст, ки илми алгебраро чун илми мустақил рӯи кор оварданд. Муҳаммад ибни Мусо Хоразмӣ дар улуми ҷаҳонӣ бо асари «Ҳисоби ҳиндӣ» машҳур гардид ва аз ҷиҳати таърихӣ падидаи илми ал-ҷабр бори аввал дар асари «Китоби мухтасар дар бораи ал-ҷабр ва ал — муқобила» — и ин олими фарҳехта ёд шудааст. Ин асар дар асри XII аз арабӣ ба лотинӣ тарҷума шуда, олимони аврупоӣ ба ҳисоби ҳиндӣ — арабӣ ошно шуданд ва аз ҳамон вақт дар илми риёзии ҷаҳон рақамҳои арабӣ ворид гаштанд.

Аввалин китоби Хоразмӣ, ки ба забони лотинӣ тарҷума ва дар Аврупо ба сифати китоби дарсӣ истифода мешуд, ба пешрафти риёзӣ ва илмҳои дигар таъсири бузург расонида, ба ганҷинаи тамаддуни ҷаҳонӣ шомил шуд. Ин кашфиёти форсро муаррихи маъруфи амрикоӣҶорҷ Сартон (асри ХХ) «ибтидои алгебраи аврупоӣ» ном бурда буд. Баъди Хоразмӣ риёзидонони Осиёи Миёна ва Шарқи Наздик ақидаҳои ӯро оид ба алгебра ҳамчун таълимот дар бораи ҳалли муодилаҳо инкишоф доданд.

Садаи XI асри заррин аст, ки кашфу халлоқият авҷи аълояшро дар ҳамин аср пайдо кард. Ҷорҷ Сартон дар асари бузурги илмӣ — библиографиаш — «Муқаддима дар таърихи илм» таърихи илми ҷаҳониро ба марҳилаҳои нимасрӣ тақсим мекунад ва пешрафти ҳар кадоми онро ба фаъолияти яке аз шахсиятҳои илмӣ вобаста медонад. Умари Хайёми Нишопурӣ файласуф, шоир, риёзидон, намоянда ва муаррифгари ин аср ба ҳисоб меравад. Ӯ дар китоби «Доир ба исботи масъалаҳои ал-ҷабр ва ал-муқобала» (1069-1071) усули умумии геометрии ҳалли муодилаҳои кубиро кор карда, нуздаҳ намуди ин гуна муодилаҳоро тадқиқ кард ва дар ҳалли муодилаҳои алгебравӣ ба геометрия бартарӣ дод. Ҳамчунин, баъзе аз донишмандони илми риёзӣ тахмин мекунанд, ки Кошонӣ 400 сол пеш аз Умари Хайём, 600 сол қабл аз Нютон ҷудокунии биномро маълум намуда буд. Файласуф ва донишманди шинохтаи тоҷик А. Турсон дар китоби «Эҳёи Аҷам» овардааст, ки «ин ном иштибоҳан (бо номи Нютон, — Т. А.)» расм шудааст.

Ин иштибоҳи таърих дар қисмати аз реша баровардани адад низ ба вуҷуд омадааст. Дар тадқиқоти Кушёр ибни Лабан Ҷилӣ методи аз решаи квадратӣ баровардани ададро вохӯрдан мумкин аст, ки он шабеҳ ба таҳқиқоти Руфинер — Ҳорнер (асри XIX) аст. Усули содатарини аз решаи кубӣ баровардани ададро 800 сол пеш Абулҳасани Насавӣ (асри X-XI; зодаи Нисон) маълум намуда буд. Усули аз таҳти решаи ихтиёрӣ тақрибӣ баровардани адад аввалин бор дар Осиёи Миёна ба вуҷуд омад. Дар ин самт риёзидонони форсу тоҷики асрҳои XV-XVII Кошонӣ, Алқушҷӣ, Баҳовуддини Омулӣ ва Наҷмиддини Алихон низ саҳмгузоранд. Мутаассифона, то кунун ин равия ва афзалияти фаъолияти онҳо мавриди пажӯҳиш қарор нагирифтааст.

Ташаббуси риёзидонони Осиёи Миёна дар он аср ба ин матлаб ба итмом намерасад. Усули тақрибии ҳалли баъзе аз намудҳои муодилаҳои дараҷаи олӣ дар қисмати фаъолияти илмии кори онҳо қарор дошт. Дар ин асно Ғиёсиддин Кошонӣ барои ҳалли муодилаи кубӣқоидаи асосии интегратсионии аҷибро кашф намуд, ки ин усулро риёзидони англис Ҳорен дубора дар асри XIX хулосабарорӣ намуд. Дар таркиби усули Кошонӣ, инчунин, усули ҷудокунии решаҳо низ дохил мешавад, ки онро баъдтар Нютон такрор намудааст. Илми алгебра баъди ин дар асарҳои риёзидонҳои минбаъдаи Осиёи Миёна, ки роҷеъ ба мафҳумҳои асосии алгебра (ҳалҳои ҳақиқӣ ва каззобии муодилаҳо, классификатсияи муодилаҳо ва ғайра сермаҳсул кор мекарданд, рушд ёфт. Бахусус, вобастагии байни решаҳо ва коэффитсиентҳои муодилаҳои квардратӣ, ки Наҷмиддини Алихон (асри XVI; Эрон) онро дар рисолаи «Алгебра» кашф намуда, дар адабиёти илмӣ бо назм ифода кардааст, кашфиёти бузург дар риёзӣҳисоб мешавад. Мутаассифона, ин теоремаро риёзидони франсавӣ Франсуа Виет дар асри XVII аз нав маълум кард ва он бо номи ӯ (теоремаи Виет) дар илм машҳур гардид. Аз рӯи инсоф ва ҳақиқати илмӣ мебуд, агар муаллифони китобҳои таълимии алгебраи мактабӣ ин вобастагиро бо унвони теоремаи Алихон — Виет номгузорӣ мекарданд.

Асосгузорони илми мусалласат (тригонометрия) риёзидонони форсу тоҷик буданд. Аҳмади Марвазӣ (асри  VIII-IX) аввалин олимест, ки мафҳуми тангенс ва котангенсро ҷорӣ кард ва ҷадвали онҳоро сохт. Махсусан, Абулвафо Муҳаммад ибни Аббоси Бузаҷонӣ (939-998) бузургтарин олим дар ин соҳа буд ва нахустин бор дар таърихи илм радиуси давраи тригонометриро ба воҳид баробар қабул кард. Ин комёбӣ дар илм табаддулоти куллиро ба вуҷуд овард, ки донишмандони ҳамаи соҳа пайваста ба он сарукор доранд, агарчи онро олимони Аврупо баъд аз вай ошкор намуданд. Истилоҳи «тригонометрия»-ро олими англис Томас Бравардин (асри XIV) ва олмонӣ Региомонтан (Иоҳан Мюллер) (асри XV) аз нав такрор намуданд. Обрӯву нуфузи Абулвафо Муҳаммад ибни Бузҷонӣ (939-998), яке аз намоёнтарин риёзидонон ва мунаҷҷимони қуруни вустоии форсу тоҷик ва яке аз кошифони ин соҳа дар миёни уламои Шарқу Ғарб хеле бузург буд. Абдураҳмон ибни Юнус шогирди Абулвафо таълимоти устодаш — исботи теоремаҳои синусҳо, теоремаи тангенсҳо барои секунҷаи сферикӣ ва ғайраро дар доираи илмии Миср густурд. Ҳомид ибни Хизр Абумаҳмуди Хуҷандӣ (соли вафоташ тахминан 1000-ум) назарияи тригонометорияи сферавӣ ва ҳалли муодилаҳои номуайянро инкишоф дод, ки он ҳолати хусусии теоремаи Ферма аст. Бузургтарин донишманди қуруни вустоӣ Абурайҳони Берунӣ (асрҳои X — XI), дар пайравии Абулвафо тарзи амалии ҳисоб намудани масофаҳои дастнорасро бо ёрии теоремаҳои тангенс муайян намуда, аввалин бор дар таърихи илм дарозии радиуси заминро муқаррар кард, ки аз натиҷаҳои кунунӣ хеле кам тафовут дорад.

 Кашфиёте, ки ба инкишофи илми математикаи Аврупо таъсири бузург расонид, ин «Рисола дар бораи чортарафаи пурра»-и Насируддини Тӯсӣ аст, ки баъдтар ба яке аз фанҳои мустақил табдил ёфт. Мувофиқи маълумот, дар давоми ҳашт аср (IX-XVII) дар Осиёи Миёна бештар аз сад ҷадвали тригонометрӣ (бо саҳеҳии басо зиёд) тартиб дода шуда буд.

Инкишоф ва таҳаввули илми геометрия аз тарафи олимони форсу тоҷик ихтироъ ва кашф шудааст. Дар таърихи ин бахши риёзӣ нақши онҳо дар пажӯҳиши истилоҳҳои геометрӣ (таърифҳо, аксиомаҳо, ҳисоб намудани масоҳатҳо, ҳаҷми ҷисмҳо ва ғайраҳо) басо бузург аст. Муаррихони намоёни аҳди шӯравӣ Б. А. Розенфелд ва А. П. Юшкевич сӣ сол пеш (дар асари «Назарияи хатҳои параллелӣ дар асрҳои IX-XIV Шарқи асримиёнагӣ») нишон дода буданд, ки кӯшиши аввалини исботи постулати V ба Аббос ибни Саид Ҷавҳарӣ (асри IX) тааллуқ дорад. Ин амал дар рисолаи «Такмилдиҳии китобҳои «Ибтидо»-и Евклид» таъкид ва исбот шудааст. Аввалин бор дар ин рисола қайд мекунанд, ки агар аз болои ҳар гуна нуқтаи ихтиёрии дохили кунҷ хатти рост гузаронида шавад, он гоҳҳар ду тарафи кунҷро бурида мегузарад. Ин тасдиқи овардаро олими олмонӣ Морис Паш пас аз даҳ аср ба сифати аксиома қабул намуд ва он бо номи аксиомаи Паш машҳур гашт. Агар фаҳми дуруст ва дарки таърих мебуд, пас он аксиомаи Ҷавҳарӣ — Паш хонда мешуд. Фаъолияти илмии Абулаббоси Найризӣ (асри Х), Абӯалӣ ибни Сино, Абуҷаъфари Хазинӣ (асри Х), Берунӣ, Умари Хайём, Насируддини Тӯсӣ, Асириддини Албахарӣ (асри XIII), Шамсиддини Самарқандӣ (асри XIII), Қутбуддини Шерозӣ (асрҳои XIII-XIV) ва дигарон низ аз назари муаррихон дур монда, баҳои сазовор нагирифтааст. Умари Хайём ва Насируддини Тӯсӣ дар рушд ва нумӯи ғайриевклидӣ нақши созгор доранд. Умари Хайём исботи хатти чоркунҷаеро оғоз намуд, ки аз ҷумлаҳои геометрии ғайриэвклидӣҳосил мешавад. Ин исбот дар баррасиҳои илмии олими итолиёвӣҶованни Саккёри (асрҳои XIII-XVIII) ҷой дошта, онро чоркунҷаи Саккёри номиданд. Ин ҳам иштибоҳ ва фаъолияти таҳқиқнашудаи илм аст, ки ин амал аввалин бор ба таҳқиқи Хайём тааллуқ дорад. Бархе аз олимони рус дар таҳқиқи дуруст даст бурда (Б. А. Розенфелд ва Ю. А. Юшкевич) ин чоркунҷаро чоркунҷаи Хайём — Саккёри номидаанд.

Яке аз омилҳои асосии иштибоҳи таърих он аст, ки ҳар фарди мутарҷиму муфассир дар матн чизеро илова мекунад ва ё аз матни асил дур меравад. Шояд ҳамин омил буд, ки аксари асарҳои олимони форсу тоҷик ба ганҷинаи улуми Аврупо сабт шудаанд. Олими лаҳистонӣ аз асарҳои ибни Ҳайсам ва ибни Сино баҳраманд гардида, дар асараш — «Пешомад» исботи постулати V-ро нишон додааст, ки хулосаи дониши гирифтааш аз абёти Ҳайсам ва Сино буд. Ин таъсиррасонӣ дар асарҳои ба забони иберӣ навиштаи олими испанӣ Алфонсо Волядолит низ дида мешавад. Дар баробари ин, дар асрҳои XVI-XVIII исботи якчанд хати мутавозин аз тарафи олимони Аврупо — Фредерик Грисогоно (асрҳои XV-XVI), риёзидони югославӣ, олмонӣ — Христафор Клавиё (асри XVI), итолиёвиҳо — Петро Антонио Каталди (асрҳои XVI-XVII) ва Витали Ҷордано (асрҳои XVII-XVIII), франсавӣ — Андриен Лежандр (XVIII -XIX) густариш ёфтанд, ки дар ҳамаи таҳқиқоташон баҳрабардории онҳо аз илми олимони шарқӣ мушоҳида мешавад.

4_main-v1599559314Олимони форс Шарофиддини Тӯсӣ (асри XIII) дар рисола оид ба гипербола, усули нави ҳалли муодилаи кубӣ ва Қутбиддини Шерозӣ (асрҳои XIII- XIV) то пайдоиши геометрияи дифференсиалӣ дар асари «Рисола оид ба ҳаракати алвонҷхӯрӣ ва муносибати байни ҳамвориҳою хамиҳо» мафҳумҳои асосии вожаҳои геометрия — росткунии хати каҷ, бозкунии сатҳҳои каҷ ба ҳамворӣ, кунҷҳои расиш ва ғайраҳоро кашф ва тадқиқ намудаанд.

Таърих гувоҳ аст, ки улуми ҳайатшиносӣ моли Эрони бостон аст. «Вақте ки дар Хилофати Аббосиён илми нуҷум афзуд, хулафои аббосӣҲорунаррашид ва Маъмунуррашид уламои зиёдеро гирд оварда, зичҳову расадхонаҳо сохт ва илми бостонии Эрон дубора дар ватани маъруфи худ мустаҳкам шуд, — навиштааст ибни Қурбон дар асараш — «Дар дуроҳаи фано ва эҳёи миллати қадим». Ин илм дар асри IX ба авҷи тараққиёт расида буд. Дар гӯшаву канори Исфаҳон, Бағдод ва дигар шаҳрҳо якчанд расадхона сохта, мавриди пажӯҳиши олимон қарор дошт. Дар расадхонаи Бағдод риёзидонону нуҷумшиносони он давра ҷамъ шуда буданд, ки ҳама зодагони Хуросон, Мовароуннаҳр, Бохтар, Фарғона буданд.

Абулвафо дар расадхона оид ба ҳаракати моҳтадқиқот гузаронида, номунтазамии ҳаракати онро ошкор намуд. Ӯ дар илми ҳайатшиносӣ аввалин шуда нобаробариеро кашф кард, ки онро баъди 600 сол олими машҳури даниягӣ Тихо Браге (асри XVII) аз нав маълум кард.

 Ба кори олимони ҳайатшиносии расадхонаи Шероз Абдураҳмони Сӯфӣ (903-986) роҳбарӣ мекард. Ӯ дар замони Азудуддавлаи Дайламӣ (949-983)- бузургтарин ҳукмрони хонадони тоҷики Буҳавиён мезист ва ҳам барои вай кураи нуқрагин (глобус) сохта буд. Аз ӯ асарҳои зиёд, аз қабили «Нуҷум ва аҳкоми нуҷум», «Устурулоб», «Сувару-л-кавокиб» ва ғайра боқӣ мондааст, ки ба ӯ шуҳрати ҷаҳонӣ овард. Берунӣ Сӯфиро дар таҳқиқу баррасии ситораҳои собит аз Батлимус боло мегузорад. Бостоншинос ва риёзидони рус Г. П. Матвиевская дар асари «Абдураҳман — ас — Суфи и его роль в истории астрономии» қайд мекунад, ки маҳз корҳои ӯ ба рушди минбаъдаи ситорашиносӣ таъсири бузург расонидаанд. Аз фаъолияти илмии онҳо Берунӣ, ибни Юнус, Тӯсӣ, ахтаршиносони маъруфи самарқандӣ ва олимони испанӣ истифода намудаанд. Омӯзишу баррасии феҳристи тартибдодаи ситораҳои сокити Сӯфиро беш аз чорсад сол аврупоиён мавриди истифода қарор додаанд.

Умари Хайём дар расадхонаи Исфаҳон ислоҳоти тақвими офтобии эрониро тайёр карда буд, ки бо номи «Тақвими Ҷалолӣ» маъруф буда, ба солшуморӣ аз даври 33-сола иборат аст ва 8 соли кабиса дорад. Дар расадхонаи Самарқанд Муҳаммади Хуҷандӣ бо ҳамроҳии устодаш ҷирмҳои осмониро мушоҳида мекард. Дар расадхонаи Сиистон (Эрон) Абӯсаид Сиҷизӣ (асри XI), дар Хоразм устоди Берунӣ — Абӯнасри Мансур (асри XI), Абурайҳони Берунӣ, Абулқосими Ҳусайн (асри XII ) ва дигарон кор мекарданд, ки асарҳои онҳо низ ба илми ҳайатшиносии Аврупо таъсир расонидаанд. Дар ин давра яке аз асбобҳои муҳими астрономӣ бо номи «устурулоб» аз тарафи Абулқосими Ҳусайнӣ сохта шуд, ки дар илми ҳайатшиносӣ машҳур гашт. Устурулобро юнониҳо «оинаи нуҷум» меномиданд. Дар баробари ин асарҳои ба ҷирмҳои осмонӣ бахшида шуда, дар давлатҳои Ғарб тарҷума шуданд.

Илми ҳайатшиносии форсу тоҷик бо саромади Абурайҳони Берунӣ (973-1048) алоқаманд аст. Оид ба ин илм ба забони форсӣӯ беш аз 40 асар таълиф намудааст. Берунӣ ба мисли Сӯфӣ глобус сохта, аз назарияи тригонометрияи ҳамворӣ ва сферикӣ истифода бурдааст, назарияи сохтани асбоби илми ҳайатшиносӣ ва координатҳои ҷисмҳои осмонӣ, курашакл будани замин ва дар атрофи меҳвари худ давр задани онро пеш аз аврупоиҳо кашф кард.

Дар расадхонаи Мароға, ки ба он Насируддини Тӯсӣ сардорӣ мекард, ба тадқиқи назарияи сайёраҳо машғул буданд. Комёбиҳои шогирдони ӯ Алишоҳи Бухороӣ, Қутбиддини Шерозӣ, ибни Шотир ва дигарон дар ин соҳа беҳамтоанд.

Қутбиддини Шерозӣ дар расадхонаи сохтааш оид ба физикаи атмосфера ва миқдори сайёраҳо, назарияи шикасти рӯшноӣ ва исботи замини даврзананда бомуваффақият тадқиқотҳо анҷом дод.

Эҳёи дубораи илми нуҷум дар расадхонаҳои Самарқанд (XV) сурат гирифт. Як зумра ахтаршиносони маъруф бо роҳбарии Улуғбек (1394 — 1449) якчанд мушоҳидаҳои пурарзиши илмиро мавриди таҳқиққарор доданд. Масоили матраҳшудаи ин расадхона арзу тӯли ситораҳо, ҳаракати шабонарӯзии Офтоб ва ғайраро дар бар мегирифт. Шоҳ Улуғбек шахсан дар қатори олимони бузург ҳафтае як маротиба машварати илмӣ доир менамуд.

Дар байни комёбиҳои мунаҷҷимони асримиёнагии форсу тоҷик мураттабсозии зиҷҳо ҷойгоҳи баландро соҳиб аст. Ба ин амал дар Эронзамин аз асри VIII сар карда, эътибори ҷиддӣ медоданд. Миқдори ҳайатшиносон танҳо дар Мовароуннаҳр асрҳои IX-XV беш аз 100 нафарро ташкил медод. Тавре академик А. Турсон зикр мекунад, «ду равияи бо ҳам алоқаманди тадқиқоти астрономӣ- тақвимсозӣ ва тартиб додани зиҷҳо аз қадимулайём дар Аҷам анъанаи ғанӣ дошт… Ҳайатшиносони Шарқи Наздик ва Миёна дар асрҳои IX-XV бештар аз 100 зиҷ тартиб додаанд». Дар натиҷаи мушоҳидаҳо дар ин расадхонаҳо ба забони тоҷикӣ «Зиҷи Маликшоҳӣ»-и Умари Хайём, «Зиҷи Элхонӣ»-и Насируддини Тӯсӣ, «Зиҷи Хуҷандӣ» ва «Зиҷи Хоқонӣ»-и Ғиёсиддини Кошонӣ, «Зиҷи Сафоеҳӣ»-и Абдураҳмони Хазинӣ ва ниҳоят «Зиҷи Курагонӣ»-и Улуғбек иншо шудаанд.

Дар асри XI «Зиҷи Хоразмӣ»-ро олими ахтаршинос Аделард (асри XI-XII) ба забони англисӣ тарҷума кард. Дар асри XIV ба воситаи Византия асарҳои олимони Осиёи Миёна ба Аврупо паҳн шуданд. Ҳайатшиносони византиягӣ «Зичи Сафоеҳӣ»-и Хазинӣ ва зиҷҳои дигарро ба забони юнонӣ тарҷума мекунанд. Ин ҳама дастовардҳои назаррас аз чашми аврупоиҳо дур намонд. Онҳо ба воситаи Туркия ба муҳити илмии Самарқанд сар халонида, асари «Зиҷии Курагонӣ»-и Улуғбекро соли 1665 аввал ба забони лотинӣ ва соли 1895 ба забони англисӣ тарҷума карданд ва дар Англия ба нашр расониданд. Ин яке аз омилҳои асосии пешрафти кайҳоншиносӣ дар Аврупои асри XVI — XVII буд.

Дар асри ХХ дар Тоҷикистон дар бахши илмҳои риёзӣ ва ҳайатшиносии форсу тоҷик як қатор корҳои назаррас анҷом пазируфтанд. Ба ин пешравӣ, агар аз як тараф, азму таҳқиқи донишмандони маъруфи Донишкадаи таърих ва техникаи Академияи илмҳои аҳди Шӯравӣ (Б. А. Розенфелд, А. П. Юшкевич, П. Г. Булгаков ва дигарон) ва олимони намоёни Донишкадаи давлатии омӯзгории Москва ба номи Н. К. Крупская (И. К. Андронов, Б. Л. Лаптев ва дигарон) боис шуда бошад, аз тарафи дигар, муҳаққиқони мактабҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ низ ба ин масоил шавқу рағбати зиёд зоҳир менамуданд. Масалан, дар Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ охири солҳои 60-70-уми асри ХХ якчанд нафар донишмандон (Г. Собиров, Д. Мамедова, У. Шерматова, Н. Бобоев, А. Қодиров, Т. Шодиев, М. Шерматов, М. Бадалов, М. Яқубов) ба омӯхтани мероси олимони Шарқи Наздик ва Миёна машғул шуданд. Аксари онҳо зери роҳбарии риёзидон И. К. Андронов (1865-1975) рисолаҳои номзадӣ дифоъ кардаанд. Мутаассифона, солҳои баъдӣ тадқиқоти ин самт, омӯзиши таърихи математика коҳиш ёфт. Саҳми донишмандони форсу тоҷикро дар инкишофи риёзӣ ва фарҳанги ҳайатшиносӣ метавон чунин арзёбӣ кард, ки кашфиёти муҳаққиқони Осиёи Миёна ва Шарқи Наздик асоси пешрафти илми риёзӣ ва ҳайатшиносии аврупоиёнро ташкил медиҳанд.

Пас, барои рушду инкишофи илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, на танҳо барои бедории ҷавонон, балки барои худогоҳии миллӣ, хештаншиносӣ, муаррифии дастовардҳои фаромӯшшудаи олимони форсу тоҷик дар қарнҳои гузашта бояд талош варзем. Ба омӯзиши ҳаёт, фаъолият, маҳсули илмӣ, дастовардҳои эшон диққати ҷиддӣ диҳем. Осорашонро тарғибу таблиғ ва нашр намоем. Зимни ҳар як машғулияти назариявию амалӣ ба донишҷӯёну шунавандагон ин сарсупурдагони илмро муаррифӣ кунем. Ин на танҳо қарзи мо, балки омили ифтихор ва сарбаландиамон бояд бошад. Фаромӯш кардани ин олимон назди таърихи миллат гуноҳест нобахшиданӣ.

Итминон дорам, ки Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон намудани солҳои 2020 — 2040, воқеан, ба омӯзиш ва рушди ин илмҳо, омӯзиши амиқи осори ниёгон мусоидат намуда, миллатро бори дигар ҳамчун миллати таконбахшандаи илму тамаддуни дунё муаррифӣ менамояд.

ТАБАРӢ

Абдулло Ҳабибулло,

вакили Маҷлисинамояндагони Маҷлиси Олии ҶумҳурииТоҷикистон,

узви вобастаи АМИТ,

доктори илмҳоифизика — математика,профессор