Ҷӯрабек Назриев, узви вобастаи АИ ҶТ
Хушбахтона, соҳибистиқлоливу ҳуррияте, ки чанд соли ахир дорем, бароямон шароити мусоид фароҳам овард, ки сарафрозона қадам бигзорем, озодона сухан ронем, худшиносу ватанпарвар бошем, ифтихор аз гузаштаву гузаштагони шарафмандамон бикунем.
Ҷашни солгираи ситораҳои дурахшони осмони фарҳангу адаби тоҷик Миробид Сайидои Насафӣ, Кавкабии Бухороӣ ва Шамсиддин Махдуми Шоҳин иқдоми дигаре дар шинохти таърихи бошарафи ниёкон хоҳад буд.
Маълумоти сарчашмаҳои хаттӣ ва навиштаҳои Шамсиддини Шоҳин гувоҳӣ медиҳанд, ки ӯ дар синни 35-36 – дар овони гулшукуфти камолоту булуғи шахсиву эҷодӣ аз ҳаёт рафта бошад ҳам, ба иттифоқи оро, яке аз вопасин классикони адабиёти деринасоламон эътироф гардидааст, ки мантиқу замина дорад.
Тазкиранигорони нимаи дувуми асри XIX ва аввали ХХ, аз қабили Мирсиддиқи Ҳашмат (дар «Тазкират-уш-шуаро»), Афзал Махдуми Пирмастӣ (дар «Афзал-ут-тазкор фӣ зикр-иш-шуаро в-ал-ашъор»), Абдуллоҳхоҷаи Абдӣ (дар «Тазкират-уш-шуарои мутааххирин»), Шарифҷон Махдуми Садри Зиё (дар «Тазкор-ул-ашъор») аз шеъри Шоҳин намуна оварда, ба маҳорату шахсияти ӯ баҳои баланд додаанд. Аз ин миён Садри Зиё, пас аз вафоти Шоҳин, дар ҷамъ овардани осори ӯ кӯшиши зиёд кардааст. Ғайр аз он ки маснавии «Туҳфаи дӯстон»-ашро китобат кунондааст, ки ҳоло нусхаи ягонаи асар мебошад, дар бисёр маҷмӯаву баёзҳои шахсиаш шеърҳои бадастомадаи Шоҳинро дарҷ кардааст» (Р. Ҳодизода. Шоҳин. – Душанбе: «Дониш», 1974, саҳ. 7.).
Мир Абдуллоҳхоҷаи Абдӣ дар хусуси рӯзгору осори Шоҳин мухлисона ва мунсифона чунин изҳор доштааст: «Шоҳин тахаллуси шаҳбози фалаки шоирӣ, тайғуни баландпарвози сипеҳри суханварӣ, тӯтии ойинаи гуфтору булбули чамани ашъор, қудватулмутааххирин ва зубдатулмустахдимин Шамсиддин Махдум аст. Мушорунилайҳ (аз як ҷониб) Хутталисту аз як ҷониб Бухорист. Таҳсили улумро камо ҳувалмарсум ба ҷой оварда, ҳаз (баҳра, насиба)-зи вофиру баҳраи кофӣ аз он бардоштаву алами имтиёзро дар миёни амсол (ҳамсону ҳамдарсони худ), балки аз замони Мавлонои Ҷомӣ то замони мо, афрошта!…».
Устод Айнӣ дар «Намунаи адабиёти тоҷик», сараввал аз ду «баёзи дастнавис»-у «Тазкираи Садри Зиё» 6 ғазалу як қасидаву се рубоии шоирро дар маъраз гузошта, сипас оид ба вазъи хонадону наврасӣ ва кайфияти эҷоду зиндагии ӯ факту рақамҳое овардааст, ки аз гуфтаҳои пешиниён хеле фарқ мекунанду дар он замона нодиру бикру муфассал буданд ва барои шинохта суханвари мумтози баҳори умраш зуд хазондида саҳми шоиста доранд.
Бино бар тафсилу тафсири устод Айнӣ, «падари Шоҳин Муллоамон ном (марди) кӯлобист мумоилайҳ аз ватани аслиаш ба нияти таҳсили илм ба Бухоро омада, дар ин ҷо таваттуну издивоҷ карда, Шоҳин дар Бухоро таваллуд ёфтаву касби камол намудааст».
Бино ба гуфти Садри Зиё, «Шоҳин дар вақти мактабхонӣ ба машқи шеър шурӯъ намуда, соири камолот (илму дониши замон)-ро нисбат ба шуракои худ бар ваҷҳи камоли бисёре ба хурдсолӣ андӯхта, чунонки дар овони дарсхонӣ ба дарсгӯӣ иштиғол намуда, ба наздаш низ аз пеши устодони замонаш камтар ҷамъ намешудаанд».
Баъди 30 соли нашри «Намунаи адабиёти тоҷик» ва сукуту суқути шоҳиншиносӣ, ки ба иллати табаддулот ва муборизаҳои шадиди сиёсӣ ба миён омада буд, рисолаи бунёдии адабиётшиноси маъруфи тоҷик профессор Холиқ Мирзозода (равонашон шод бод!) таҳти унвони «Шамсиддин Шоҳин» чоп шуд, ки самараи заҳмати бардавоми донишманди номӣ буда, вазъи замони зисту эҷоди шоир, тарҷумаи ҳолу зинаҳои эҷодиёти ӯро бо хулосаҳои дақиқи муҳаққиқ фаро гирифта, нахустин пажӯҳиши густардаву ҷиддӣ дар шоҳиншиносии ватанӣ, «ҷомеътарин асар роҷеъ ба ҳаёту эҷодиёти Шоҳин дар кишварамон» (Расул Ҳодизода) маҳсуб мешавад.
Таҳқиқи минбаъдаи ҷанбаҳои норавшани рӯзгору осори Шоҳин, тавсифи нусхаҳои қаламии мероси ӯ, бешубҳа, марбути қалами профессор Расул Ҳодизода (ҷояшон ҷаннат бод!) мебошад, ки дар авроқи мақолаҳои алоҳида ва бахши алоқаманди рисолаи «Адабиёт тоҷик дар нимаи дувуми асри XIX» фароҳам омада, қадаме бар пешу сухане нав буданд дар шоҳиншиносӣ.
Ниҳоят, натиҷаи кӯшишу ҷӯйишҳои бардавоми шоҳиншиносии мавсуф дар қолаби рисолаи ҷолиби «Шоҳин. Тадқиқоти нав дар ҳаёту эҷодиёти шоир» дастраси аҳли илму адаб гардид.
Маълумоти феҳристи дастнависҳо, мақолаҳои илмии оммавӣ ва энсиклопедӣ, сарсухану дебочаҳои бар асари чопшудаи Шоҳин афзудаи донишмандони дигари тоҷик ҳам дар шинохту тарғиби рӯзгору осори суханвари мумтозамон ҳиссаи шоиста гузоштаанду мегузоранд.
То кунун бо эҳтимоми донишварони тоҷик, осори Шамсиддини Шоҳин — «Мунтахаби ашъор» (Сталинобод, ба ҳуруфи ниёкон, 1959 ва алифбои кириллӣ, 1960), «Лайлӣ ва Маҷнун» (матни илмии интиқодӣ ва муқаддимаи Лола Сулаймонӣ, Душанбе, 1983), «Куллиёт» (2006)-у «Мунтахабот» (2016)-и ашъор (ба кӯшиши Абдуҷаббор Раҳмонзода ва Музаффари Муҳаммадӣ) дастраси умум гардиданд, ки сазовори таҳсин аст.
Ҳамчунин, аз ҷониби олимони ҷавону собиқадори Маркази мероси хаттии АИ ҶТ — Асрори Раҳмонфар, Беҳрӯзи Забеҳулло, Иззатулло Мирзоев, Илҳомиддин Давлатзода, Баҳриддин Мирзоев, Аълохоҷаи Сайиднозим тавассути Муассисаи нашриявии «Дониш» дар се муҷаллад омодаи чоп гардидану интишор ёфтани матни илмии оммавии «Девони ашъор», «Лайливу Маҷнун» ва «Туҳфаи дӯстон»-у «Бадоеъ-ус-саноеъ»-и Шоҳин арзандатарин туҳфаест ба ҷашни 160-солагии суханвари забардаст.
Маълум мешавад, ки Шоҳин аз 10-солагӣ ба фаъолияти эҷодӣ (шеърофаринӣ) пардохта, қатъи назар аз кӯтоҳии умри пурсамараш, зинаҳои лозими рушду инкишофи фикриву эҷодиро паймудааст ва то дараҷаи суханвари соҳибҳунару соҳибзавқе ба камол расидааст.
Ғазалнависӣ шуғли асосии Шамсиддини Шоҳин буда, ҷӯяндаву таҳиягарону ноширони ашъораш то имрӯз беш аз 200 ғазали ӯро пайдо карда, дар ихтиёри мухлисони сершумораш гузоштаанд.
Ғазалиёти Шоҳин дар баҳрҳои гуногуни арӯзи суннатӣ ва мавзӯъҳои анъанавии адабиёти классикии тоҷик, монанди дарди ишқу иштиёқ, фироқ, ҳусну ҷамоли ёру зебоиҳои табиати нотакрор, таҳсини фазлу камолу тақдири иззу ҷалол, ҷилваҳои фахрияву шикваҳои аҷзия, танқиди фасоди замонаву таблиғи ҳаёти риндона, мазаммати мутаассибину маломати мунофиқин, ранҷу нотавонии инсони ҳамзамону даҳшату ваҳшати мулку макон ва ғайра суруда шуда, мамлуву мурассаъ аз санъатҳои лафзиву маънавии бадеӣ мебошанд, ки абёти зерин далели возеҳи чунин даъво буда метавонанд:
Рӯзгорест ба абрӯйи ту ҷанг аст маро,
Рӯйи ҳиммат ба дами теғи фаранг аст маро!
***
Ин манам, к-андар сарам ғайри ҳавои ёр нест,
Ҷуз ҳавои ёр, оре, ошиқонро кор нест!
Бешак, маҳфилу маърака ва нафареро аз ҷумлаи тоҷикони хушзавқу фарҳангӣ пайдо наметавон кард, ки ғазалиёти нӯшини Шамсиддини Шоҳинро, ки дар ҳавои таронаҳои ноби мардумӣ ва сабку усули баёни Саъдиву Ҳофиз, Ҳилоливу Бедил ва Сойибу Дониш офарида шудаанд, насурудаву дар дафтари ҷайбӣ сабт накарда бошад:
Санамо, лоларухо, сарвқадо, симбаро,
Ба нигоҳе накунӣ хотири мо шод чаро?!
***
Дилбаро, ороми дил ё роҳати ҷон гӯямат,
Баски зебоӣ, туро ҳам ину ҳам он гӯямат!
***
Ай ҳарифон, вақти гул дар бӯстон маҷлис кунед,
Лоларӯе, иттифоқ афтад, ба худ мунис кунед!
***
Ёди он шабҳо, ки аз гетӣ фароғат доштам,
Бо бутони тозарӯ то субҳ суҳбат доштам!
Қасидаҳои Шамсиддини Шоҳин ҳам андар баҳрҳои маъмули арӯзи тоҷикӣ ва дар мавзӯъҳое чун «дар мадҳи устоди худу писари ӯ», «дар марсияи дӯсти худ», «дар шикоят аз аҳли диёр», «дар баёни бесуботии даҳр», «дар коҳиши баъзе ҳамсуҳбатон», «фироқия дар ҳамди субҳонаҳу», «дар ситоиши баҳор», «дар мадҳи устоди худ Муҳаммадҷон Тоҳирхоҷаи Ҷӯйборӣ», «дар шикоят аз фалак» ва ғайра навишта шуда, ойинавор баду неки замонаро инъикос, инсонҳоро ба некиву хайрхоҳӣ ва покиву хушахлоқӣ ҳидоят мекунанд.
Кофист мисол оварем, то қудрати сухану тавони қаламу маҳорати волои адабии эҷодкорашон ҳувайдо бигардад:
Ай толеъ аз ҷабини ту анвори Офтоб
В-ай равшан аз замири ту асрори Офтоб!
Нозад ба наъли сумми саманди ту Моҳи нав,
Сояд ба хоки пойи ту рухсори Офтоб!
***
Шунидам, ки бо ман касе фитна дорад,
Шикоят бари дӯстон мегузорад!
Барошуфт табъам, ки он бемурувват
Чаро кина аз ман ба хотир гуморад?!
Мухаммасоту мусаддасот, тарҷеъбанду таркиббанд ва қитъаву рубоиёти Шамсиддини Шоҳин, ки чандон зиёд нестанд, дар пайравию тазмини ашъори ҳамгуни устодони мозӣ ва қолабу мазомини анъанавии адабиётамон – ҷабру ситами рӯзгору ваъдахилофии дилдор, фироқу алами наздикони рафтаву марсияту тасаллияти ёрони дилшикаста, ҳамди Худову наъти Расул, мадҳи амиру васфи судур, талқини ахлоқи ҳамидаву тавсифи ҷамоли писандида ва ғайра офарида шуда бошанд ҳам, нақши истиқлоли эҷодии шоирро ҳувайдо медоранд ва дар истиқрори анвои мазкури шеъри тоҷикӣ ҳиссаи муҳим гузоштаанду мегузоранд. Барои мисол:
З-ин сон ки хоҳиши даҳр ҷуз шӯру шар набошад,
Бадтар дар ин замона айб аз ҳунар набошад,
Суди матоъи дониш ғайр аз зарар набошад,
Одам касе нахонад онро, ки хар набошад,
«Ҷое равам, ки гардун болои сар набошад,
Аммо чӣ метавон кард, ҷое дигар набошад?!»
Достони «Лайливу Маҷнун»-и Шамсиддини Шоҳин соли 1888, дар муддати камтар аз як моҳ эҷод шуда, муаллиф онро ба Амир Абдулаҳад, ки шоир муддате надими дарбораш буд, эҳдо намудааст:
Омили эҷоди чунин асари муассир фавти фоҷиабори ҳамсари ҷавони шоир маҳсуб мешавад:
Он ғусса, ки кардамаш ба дил хун,
Додам ба ҳамин баҳона берун…
Ин нома ба номи ғам кашидам,
Бар номи тараб қалам кашидам.
Як-як ба суруди шеъри мавзун
Додам ғами дил зи сина берун!
Қобили зикр аст, ки достон дар пайравии «Лайливу Маҷнун»-и Низомии Ганҷавӣ ва «Маҷнуну Лайлӣ»-и Амир Хусрави Деҳлавӣ нигошта шуда, муаллиф дар ин маънӣ чунин овардааст:
Афсонаи он ду дарх(в)арам шуд,
Садди раҳу расми дигарам шуд.
Бастам ба ҳазор пухтахомӣ
Пирояи Хусраву Низомӣ!
Маснавии «Туҳфаи дӯстон»-и Шамсиддини Шоҳин аз охирин намунаҳои назиранигорӣ ба «Бӯстон»-и маъруфи Шайх Саъдӣ буда, дар вазни анъанавии мутақориби мусаммани мақсур эҷод шудааст. Муаллиф дар он хоксорона шогирду пайрави Низомиву Саъдӣ буданашро борҳо таъкид карда, минҷумла, чунин гуфтааст:
Маро дар сухан гар тамомӣ бувад,
Бувад, кай ба қадри Низомӣ бувад?!
Агарчанд бар назми худ ғарраам,
Ҳам-ӯ Офтоб асту ман зарраам!
***
Низомиву Саъдӣ дуто гавҳаранд,
Ки дар дурҷи фикрам чу гавҳар даранд!
***
Ба тақлиди Саъдӣ ғазал густарам,
Ки, гӯйӣ, яке Саъдии дигарам!
***
Диҳам маснавиро низом ончунон,
Ки рӯҳи Низомӣ шавад шодмон!
«Туҳфаи дӯстон» ҳамчун асари тарбиявӣ – ахлоқӣ мабно бар заминаҳои воқеӣ дораду онро, ба навъе, ёддоштиву шарҳиҳолӣ ва таърихномае манзум ҳам метавон шумурд, зеро андешаҳои шоир, ғолибан, маншаъ аз вазъи ногувори замону шаноату қабоҳати амирону ҳокимони давронаш гирифтаанду моломоли танзу шикоят ва танқиду мазаммати дурӯягону сифлатабъонанд, ки то кунун актуалиянд:
Маро шиква поён надорад гузор,
Ки худ шиква баҳре бувад беканор!
Касе ҳамчу ман уру муфлис мабод,
Нахустин тилло в-он гаҳе мис мабод!
Ба кайвон агарчанд улфат марост,
Чу кайвон ба рух нили накбат марост!
Зи рӯйи забон меҳрубонӣ кунанд,
Вале кинаҳое ниҳонӣ кунанд!
Ба раҳмат ситояндам андар ҳузур,
Ки «дар чашми дониш чу ӯ ҳаст нур!?»
Вале мавриди кина чун душманам,
Бале, душмани марди нодон манам!
«Бадоеъ-ус-саноеъ» аз беҳтарин намунаҳои насри китобии даврони классикии адабиёти тоҷик ва ягона асари мансури Шамсиддини Шоҳин аст, ки «бо шакли нави ҳанӯз унвони терминологӣ нагирифтаи худ дар адабиёти тоҷик ҳодисаи нави адабӣ мебошад. Асари мазкур ба шакли ҷумлаҳои алоҳида (дар аксари маворид, мусаҷҷаъ) навишта шуда, зарбулмасалу мақол ва панду ҳикматро ба хотир меорад. Тарзи ифодааш дар бисёр ҷойҳои асар пӯшида (мастуру мушкилфаҳм) буда, бо рамзу киноя ва истиораҳои печдарпеч пур аст. Сабаби чунин усули адабиро ихтиёр кардани Шоҳин барои мо маълум аст. Мазмуну мароми сиёсии «Бадоеъ-ус-саноеъ» ба танқид давраи амирӣ равона шудааст. Аз сабаби набудани (фазои) озодии сухан он фикрҳоро (дар он овон) дар шакли ошкор гуфтан мумкин набуду сензураи амирӣ ҳам роҳ намедод. Ин усул махсус барои фиреб додани назорати амирӣ бунёд шудааст» (Холиқ Мирзозода).
Танзу тамасхури тунду тези «Бадоеъ-ус-саноеъ», ҷумлаҳои мусаҷҷау мурассаи хотирнишин, мушоҳидаву андешаҳои бикр салосату нафосати ибораву ифодаҳои мардумӣ гувоҳ аз баҳрабардории Шоҳин аз «Рисолаи садпанд»-и Низомиддин Убайди Зоконӣ буда, сабку усули баёну мушаххасоти забони асар ва ҳадафу ғояҳои рӯшоди сиёсиву иҷтимоӣ ба таҷрибаи Аҳмади Дониш дар эҷоди «Наводир-ул-вақоеъ»-у Зайниддин Маҳмуди Восифӣ дар «Бадоеъ-ул-вақоеъ» рабт дорад.
Бешак, Шамсиддин Махдуми Шоҳин дар радифи шоирони бузурги асрҳои XVIII-XIX ва ибтидои XX-и тоҷик, монанди Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ, Ҳоҷӣ Муҳаммадҳусайни Хатлонӣ ва дигарон дар эъмори кохи муҳташами шеъри дарӣ дар давраи мавриди назар саҳми шоиста гузоштааст ва месазад, ки қадршиносӣ шавад.