Султони Ҳамад: Нурӣ агар зинда мебуд, дар паҳлуи Ҳукумат мебуд

№122 (3423) 11.09.2015

 АМИТ «Ховар» Акрам Сангов дар робита бо ҳодисаҳои  хунбори  аввали моҳи сентябри cоли 2015 дар шаҳри Душанбе ва шаҳри Ваҳдат бо якчанд савол ба коршиноси масоили сиёсӣ, собиқ котиби матбуотии  роҳбари ИНОТ Султони Ҳамад суҳбате анҷом дод, ки муҳтавои онро пешкаши шумо менамоем.

-  Ба ҳайси коршиноси масоили сиёсӣ дар масъалаи ҳамлаҳои хунини аввали моҳи сентябри соли 2015  ба бинои дастгоҳи марказии Вазорати мудофиа ва  бинои шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Ваҳдат аз сӯи собиқ  муовини вазири мудофиаи кишвар Абдуҳалим Назарзода ва ҳамроҳонаш чӣ гуфта метавонед? Дар паси ин ҳамлаҳои маргбор  кадом қувваҳо буда метавонанд? Кадом омилҳо онҳоро ба содир кардани ин ҷиноятҳои мудҳиш водор кардаанд?

- Ҳар амале, ки  ба рехтани хуни  инсонҳо  ва марги онҳо мунҷар мешавад, сазовори на танҳо шадидан маҳкум кардан аст, балки зарур аст, ки омилони он  тибқи қонунҳои мавҷуда ба ҷазои аъмоли худ бирасанд. Вагарна дар ҷомеа фазои ҳамдигарбадбинӣ, тарсу ваҳшат, қонуншиканиҳо боло гирифта, оқибатҳои фоҷиабореро дар пай хоҳанд дошт. Мутаассифона, мардуми азияткашидаи мо дар гузаштаи на чандон дур чунин сенарияи даҳшатноку фоҷиаборро таҳти роҳбарии коргардонҳои  гуногун дар ҳаёти худ пиёда карда буданд. Ҳамлаи собиқ муовини вазири мудофиаи мамлакат Абдуҳалим Назарзода ва онҳое, ки ӯро ҳамроҳӣ кардаанд, албатта, аз ҷумлаи чунин амалҳои бад аст.  Кӣ ва чӣ онҳоро маҷбур сохтааст, ки даст ба чунин ҷинояти мудҳиш бизананд? Инро мақомот дар рафти тафтишот муайян хоҳанд кард. Вале ҳаминаш имрӯз ҳам  аниқ маълум аст, ки ин кори он шахсоне буда метавонад, ки хайрхоҳи ин мардум, ин миллат, ин марзу бум ва сулҳу амният нестанд.  Мутаассифона, онҳо ҳам  дӯстони нодон  буда метавонанду ҳам душманони  доно.

Бале, дар ҳаёти мо имрӯз мушкилот кам нест. Мутаассифона, дар сари мансабҳо баъзан онҳое ҳастанд, ки ба ҷои салла калларо меоранд. Вале ин мушкилоту ин камбудиҳо ба мо ҳақ намедиҳад, ки даст ба силоҳ ва чунин ҷиноятҳои хунин бизанем, ҷомеаро ноором кунем, кишварро ба гирдоби бало бикашем.  Маълумоти мавҷуда, ки аз тариқи воситаҳои ахбори омма ба даст омадааст, ба мо то андозае имкон медиҳад ҳадс бизанем, ки омилҳои сар задани ин ҷиноятро ҳам дар баъзе мушкилоти дохилӣ бояд ҷуст ва ҳам дар таҳрик ва дахолати нируҳои хориҷӣ, ки барояшон нооромӣ ва бесуботӣ дар Тоҷикистон ин баробар бо бароварда кардани  ҳадафҳои стратегиашон аст. Масалан, онҳое, ки ДИИШ-ро сохтаанд, маълум аст, ки  танҳо бо Сурияву Ироқ иктифо карданӣ нестанд.

- Шумо замоне ба ҳайси котиби матбуотии Иттиҳоди нируҳои оппозитсиони тоҷик  низ фаъолият кардаед. Табиист, ки роҳбарият ва фармондеҳони собиқи мухолифинро хуб мешинохтед. Мешавад, ки дар бораи собиқ муовини вазири мудофиа Абдуҳалим Назарзода ва полковник Ҷунайдулло Умаров, ки аз фармондеҳони собиқ мухолифин буда, даст бар ҷиноят задаанд,  чанд сухан бигӯед?

- Рости гап, Абдуҳалим Назарзода ва Ҷунайдуллоҳ Умаров  (эшони Ҷунайдуллоҳ) аз ҷумлаи ҳамон фармондеҳони собиқ мухолифин ҳастанд, ки бо онҳо ҳатто боре ҳам сухане чанд  дар ягон мавзӯъ раду бадал накардаам. Ҳатто баъди ҷангҳо ҳам, вақте онҳо дар вазифаҳои баланди низомӣ, дар Вазорати мудофиа буданд, суҳбат накардаам. Зарурат надоштам. Аз рӯи шунидам Ҳоҷӣ Абдуҳалим Назарзода, дар солҳои  ҷангҳои дохилӣ дар кишварҳои ИДМ зиндагӣ карда,  асосан бо тиҷорат машғул будааст.  Эшони Ҷунайдуллоҳ  Умаров бошад, дар ҳамон давраи ҷанг дар Афғонистон паноҳанда шуда буд. Яке аз қумондонҳои собиқ фармондеҳи нируҳои мусаллаҳи  Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон  Ризвон Садиров  ба шумор мерафт. Баъд аз он ки роҳбарияти ИНОТ Ризвонро хоин эълон кард, Ҷунайдуллоҳ аз Ризвон ҷудо шуд ва бевосита ба худи устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ итоат мекард. Баъди имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ҳар ду, яъне Ҳоҷӣ Ҳалим ва  Эшони Ҷунайдуллоҳ,  аз ҷумлаи ҳамон фармондеҳоне буданд, ки тавофуқи сулҳу оштиро гарм истиқбол карданд ва барои татбиқи он талош варзиданд. То рӯзи ҳодиса онҳо дар вазифаҳои баланд буданд. Яке муовини вазири мудофиа буду дигаре коменданти низомии шаҳри Душанбе. Дар бораи инҳо феълан ҳамин қадар гуфта метавонам.

- Имрӯз ҲНИТ дар ҳолати парокандашавӣ қарор дорад. Тибқи маълумоти Вазорати адлия, дар аксарияти шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ бо сабабҳои гуногун фаъолияти хешро қатъ кардаанд. Вале бо вуҷуди ин, вобаста ба ҳодисаҳои 4-уми сентябр раёсати ҲНИТ изҳоротеро пахш кард. Дар он баробари ибрози ташвиш кардан аз ин ҳодисаҳо боз ҳукуматдорон зери тозиёнаи танқид гирифта шудаанд. Шумо  ҳамчун собиқ котиби матбуотии Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ин мавқеъро чӣ гуна арзёбӣ мекунед? Агар Сайид Абдуллоҳи Нурӣ  дар ҳаёт мебуданд, чӣ иқдоме мекарданд?

- Агар устоди марҳум Сайид Абдуллоҳи Нурӣ дар қайди ҳаёт мебуданд, албатта, чун ҳамеша аз сулҳу манофеи кишвар дифоъ мекарданд. Дар лаҳзаҳои сарнавиштсоз барои сулҳу субот ва  оромии миллат, кишвар   манфиатҷӯии ҳизбӣ ва гурӯҳиро як сӯ гузошта, аз манофеи миллӣ ва давлатӣ дифоъ мекарданд. Ман дар ин хусус даҳҳо мисол оварда метавонам. Масалан,  моҳи декабри соли 1996 ва моҳи феврали соли 1997 гурӯҳи Ризвон дар дохили Тоҷикистон  даст ба як силсила гаравгонгириву террорҳо зад. Вазъият ноором шуд. Ҳанӯз Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо нарасида буд. Эътимод ба якдигар чандон таҳким наёфта буд. Дар чунин вазъият устод ба ҷониби Ҳукумати истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон пешниҳод кард, ки алайҳи ин гурӯҳ муштаракан мубориза баранд. Чунин тавофуқ дар мулоқоти Машҳад байни Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ба имзо расид. Муштаракан алайҳи ин гурӯҳ мубориза оғоз шуд ва билохира он гурӯҳ маҳв гардид. Ё худ вақте  гурӯҳи Маҳмуд Худойбердиев  аввалҳои моҳи ноябри соли 1998 аз хоки давлати ҳамсоя ба шимоли кишварамон ҳамла бурд, Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ба ҳайси роҳбари ИНОТ ва раиси КОМ баёнияе пахш кард, ки дар он сареҳан гуфта мешуд, ки нируҳои мусаллаҳи мухолифин (ҳанӯз ба сохторҳои қудратии Ҳукумат шомил нашуда буданд) омодаанд, дар паҳлуи нируҳои Ҳукумат бар зидди дастаи Маҳмуд Худойбердиев биҷанганд. Баъдан, амалиёти якҷоя сурат гирифт ва муҳоҷимин дар муддати кӯтоҳ торумор шуданд. Ё худ чанде пештар аз ин воқеаҳо, яъне моҳи июли  соли 1998,  дар мавзеи Лаби Ҷари ноҳияи Нуробод, чаҳор нафар корманди СММ кушта шуд. Устод Нурӣ аз фармондеҳи нируҳои мусаллаҳи мухолифин Мирзо Зиёев, ки он мавзеъро таҳти назорат дошт,  талаб кард, ки қотилонро дастгир намуда,  ба дасти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Давлат бисупорад. Ҳамин тавр ҳам шуд. Ҷинояткорон ба ҷазои аъмоли худ расиданд. Хулоса, ҳамин ки устод Нурӣ  ҳамеша тарафдори волоияти қонун буд. Имрӯз ҳам агар зинда мебуданд, бовар дорам, ки дар паҳлуи Ҳукумат мебуданд.