Он ки ӯ буд шоҳи муҷтаҳидон,
Номи ӯ Бӯҳанифаи Нӯъмон
Имом Абӯҳанифа ба фармудаи Фаридуддини Аттор «он чароғи шаръу миллат, он шамъи дину давлат, он Нуъмони Собит, он ҷавҳари маонии дақоиқ, он орифи олами сӯфӣ, имоми ҷаҳон Абӯҳанифаи Кӯфӣ, ки номи ӯ ба ҳама забонҳо сутуда бошад ва ба ҳама миллатҳо мақбул», аз зумраи бузургони беҳамтои шариати ислом маҳсуб мешавад.
Ҳадафи мо дар ин мақола баррасии як ҷиҳати ниҳоят муҳими таълимоти ин олими раббонӣ — мудоро ё худ таҳаммулпазирӣ ва таҷассуми андешаҳои миллӣ мебошад, ки аҳамияти он имрӯз низ хеле бузург аст, зеро Имоми Аъзам дар муқоиса бо мазҳабҳои дигари аҳли суннат ва ҷамоат усули қиёс ва хулосабарории мантиқӣ ва ақлониро, ки имконият медод ба ин восита афкору ақида ва унсурҳои ақлониро ҳар чӣ васеътар пайгирӣ намояд, ҳаматарафа истифода менамуд.
Асосгузорони мазҳаби ҳанафӣ Имом Абӯҳанифа Нуъмон ибни Собит ва шогирдони ӯ Абу Юсуф (731–798) ва Муҳаммад Шайбонӣ (749 – тақр. 804) мебошанд. Асоси мазҳаби ҳанафӣ аз ҷониби Абӯҳанифа тарҳрезӣ шуда бошад ҳам, дар даврони ин ду шогирдаш такмил ёфта, устувор гардидааст. Таърихан аз нигоҳи назарӣ ақидаҳои ақлгаройӣ ва таҳаммулпазирӣ дар ин мазҳаб хеле зиёд ба чашм мерасад, чунки аз нигоҳи бунёди ин мазҳаб ба «асҳоби раъй» такя мекунад.
Аз айёми ҷавонӣ Имоми Аъзам ба омӯзиши улуми замонаш мепардозад. Аз худи Имоми Аъзам ривоят омадааст, ки: «Ба ҷамеи илм шуғл варзида, мулоҳиза кардам, дар ҳар кадоме ягон-ягон нуқсон намудор буд, аммо дар илми фиқҳ ҳар қадар назар кардам, ҳамон қадар лаззату ҳаловат ёфтам ва ҳеҷ айбе надидам. Чунки бе донистани илми фиқҳ талаби дунёву охират ҳосил нагардид».
Баъди вафоти устодаш вай сарварии мактаби илмии фиқҳии Куфаро ба уҳда гирифта, 30 сол дар ин вазифа заҳмат кашид. Абӯҳанифа таълимоти фиқҳии худро якҷоя бо шогирдонаш чунон танзим менамуд, ки фатвоҳои онҳо аз ҷониби уммат ва ҳукуматҳои давр ба пуррагӣ қабул мегардид.
Тавре Ибни Баззозӣ менависад: «шогирдони Абӯҳанифа ҳар масъаларо то ҳадди ризояти ботинии худ баррасӣ ва пиромуни он аз ҳар назаргоҳе баҳс мекарданд. Абӯҳанифа дар ин муддат сокит менишаст ва ба ҷараёни баҳс гӯш фаро медод. Замоне ки навбати гуфтори ӯ мерасид, дар хона чунон сукуте ҳоким мешуд, ки гуфтӣ каси дигар дар он ҷо нест».
Дар давоми асрҳои IX-X ин мазҳаб дар Хуросону Мовароуннаҳр ҳамчун яке аз мазҳабҳои расмӣ паҳн гардида, ташаккул меёбад ва инчунин ин мазҳаб баъдтар аз ҷониби хонҳои муғул дастгирӣ ёфта, дар даврони туркони усмонӣ ҳамчун мазҳаби расмии Империяи усмониҳо эълон мегардад. Бино ба гуфтаи муҳаққиқон Абӯҳанифа ҳудуди шаст ҳазор ва ба қавли дигар ба ҳаштоду се ҳазор масъалаи фиқҳӣ ҷавоб гуфтааст. Шогирдони ӯ дар тамоми минтақаҳои исломии онвақта пароканда шуда буданд. Фиқҳе, ки ӯ ба вуҷуд овард, зербинои қонуни исломӣ буд:
«Қавонини шаръие, ки ӯ тадвин кард, дар бахши азиме аз ҷаҳони исломӣ ба унвони қонун пазируфта шуд». Пайравони ин мазҳаб имрӯз дар Туркия, Афғонистон, Покистон, Ҳиндустон, Чин, Сурия, як қисмати Индонезия, қисмати бузурги мусулмонони Россия, Қафқози Шимолӣ (ба ғайр аз чеченҳо, ингушҳо ва доғистониҳо), Қрим ва Осиёи Миёна ва як қисмати Озарбойҷон зиндагӣ мекунанд.
Қобили зикр аст, ки фиқҳи ҳанафӣ дар Мовароуннаҳр (махсусан шаҳрҳои Самарқанду Бухоро) ба яке аз мактабҳои фиқҳии мустақил ва устувор зуҳур намуд, ки он дар таърих ҳамчун «мактаби фиқҳии мовароуннаҳрӣ» машҳур аст. Ақидаҳои воқеан ақлгароёна (ё ба қавле ба ҳаёти иҷтимоӣ наздик) ва гуманистии ин мактаб бо пайдо шудани асарҳои илмию фиқҳии чунин абармардон, ба мисли Шамсулаимма Муҳаммад Сарахсӣ бо китобаш «Ал-Мабсут» ва Бурҳониддини Марғелонӣ бо асараш «Ал-Ҳидоя», ки дар миёни ҳанафиён ҳамчун «Ҳидояи Шариф» машҳур аст, маъруф гардиданд. Ин асарҳо на танҳо дар густариши фиқҳи ҳанафӣ, балки ба дигар мактабҳои фиқҳии аҳли суннат ва ҷамоат таъсири амиқ гузоштааст.
Маҳз гуманизм ва ақлгароии фақеҳони мовароуннаҳрӣ як ҷараёни устувори идеявӣ-ҳуқуқиро ба вуҷуд овард, ки дар худ ақидаҳои миллӣ низ дошт. Албатта, дар шаклгирии ин мактаб таъсири ҳукуматҳои сиёсӣ, махсусан Империяи Сомониён саҳми беандоза дошт. Сомониён бошанд, ба мактаби ҳанафӣ ҳамчун ба ҷузъе аз мероси ҳуқуқии фарҳангии худ муносибат менамуданд
Умуман, дар олами ислом Имоми Аъзам аввалин шахсе ба шумор меравад, ки усули фиқҳиро тарҳрезӣ намуд ва ба қавли муаллифи «Таърихи баҳр-ул-асрор фи маноқиб-ул-ахёр» -Маҳмуд ибни Алии Китобдор: «Гӯянд аввал касе, ки илми фиқҳро баророст, Абӯҳанифа буд ва охир Абӯсулаймон». Ё худ Имом Шафеъӣ дар ин хусус меорад, ки «мардумон аёли Абӯҳанифаанд дар илми фиқҳ ва аёли Мақотиланд дар илми тафсир».
Абӯҳанифа аз зумраи он фақеҳоне аст, ки фиқҳи исломиро дар асоси Қуръон ва ҳадис тарҳрезӣ кард, ки он ҷавобгӯйи зиндагии ҳаррӯзаи ҳар фарди мусулмон аст. Барои исботи ин ва ё он масъалаи бамиёномада ба таври васеъ асоси мантиқии сарчашмаҳои ҳуқуқӣ (ояту ҳадис) истифода мегардид, балки принсипи раъйро истифода мекард, ки ба сарчашмаҳои исломӣ мухолифат намекард. Ногуфта намонад, ки принсипи раъй аз ҷониби қозии Ироқ Ибн Масъуд аввалин бор истифода гардидааст. Ибн Масъуд яке аз саҳобаҳои Пайғамбар (с) ва дар замони хилофати Умар ибни Форуқ қозии Ироқ буд.
Асоси мазҳаби ҳанафӣ низ, ки аз шаҳри Куфаи Ироқ баромадааст, асосан ба назарияҳои Ибн Масъуд такя менамояд. Дар баробари марказҳои илмӣ ва фарҳангӣ будани шаҳрҳои Куфа ва Басра шаҳри Ҳиҷоз низ яке аз марказҳои илмии онзамона шинохта мешуд. Фақеҳони Ҳиҷоз дар ҳалли масоили фиқҳӣ асосан ба сарчашмаҳои асосии исломӣ – Қуръон ва Ҳадис такя намуда, саъй менамуданд, ки аз чаҳорчӯбаи онҳо набароянд. Намояндагони мактабҳои фиқҳии Куфа, аз он ҷумла фиқҳи ҳанафӣ бошад, дар асоси раъй ва усулҳои назарӣ хулоса мебароварданд. Дар ҳақиқат таърихи дини ислом собит намудааст, ки дар асрҳои минбаъда барои шинохти фиқҳи исломӣ ҳама ба мактаби фиқҳии Абӯҳанифа рӯ овардаанд.
Умуман, дар тӯли фаъолияти худ Абӯҳанифа ва пайравонаш мекӯшиданд, ки усули хусусияти хоси ин мазҳабро, ки муҳаққиқон борҳо таъкид кардаанд, — таҳаммулпазириро риоя намоянд: «Имом Абӯҳанифа бо нубуғ ва заковати фитрии хеш ба дурустӣ дарёфт, ки урфу одат ва анъанаҳои мардумӣ метавонанд сарчашмаи муассири танзими зиндагӣ ва умуман иҷтимоиёти одамон гарданд. Ин арзишҳо ҳосили таҷрибаи тӯлонӣ буда, дар масири таърих бо заковату хиради инсон ва таҳаммулпазирии иҷтимоӣ такмил ёфтаанд. Табиист, ки мазмуни таърихӣ, иҷтимоӣ ва маънавии онҳо мураккаб ва баъзан зиддиятнок аст. Ин асл мазмуни воқеъӣ ва возеҳи инсонгаройӣ дорад. Онҳо дар мафкураи таърихӣ ва ҷаҳоншиносии иҷтимоии миллату халқиятҳо мақоми боарзишеро соҳиб мебошанд».
Ба ҳамин маънӣ ишора карда, муҳаққиқи барҷаста ва шарқшиноси машҳури шӯравӣ И.П.Петрушевский навишта буд:
«Ҳанафиҳо аз дигар мазҳабҳо ҳамчунин бо он фарқ мекарданд, ки ба ғайр аз ҳуқуқи динӣ, ҳуқуқи дунявӣ, яъне ҳуқуқҳои маҳаллӣ, ки то қабул карда шудани ислом ва маъруф бо номи одот, урф ва дигар қонуну оинномаҳое, ки ҳукуматҳои дунявӣ нашр карда, бо номи қонун машҳур буданд, ба таври васеъ истифода кардан иҷозат медоданд. Ба шарофати ин фиқҳи ҳанафия барои ҳокимияти дунявӣ бештар мусоидтар буд. Ин тарзи ҳуқуқи фиқҳиро бодиянишинон бо хоҳиши хосае қабул карданд, зеро онро пазируфта, онҳо метавонистанд урфу одоти қадимаи патриархалии худро нигоҳ доранд. Ана барои чӣ халқиятҳои туркнажод, бо қабул кардани дини ислом, мазҳаби ҳанафиро низ қабул карданд. Ҳанафиҳо нисбат ба дигар мазҳабҳо ба аҳли яҳуд ва насоро бештар таҳаммулпазиранд».
Дар асоси мактаби фиқҳии Куфа, Абӯҳанифа дар ҳалли масъалаҳои фиқҳӣ қиёсро ҷорӣ намуд. Масалан, мувофиқи сарчашмаҳои исломӣ садақаи фитрро метавон бо додани намуди маҳсулот (гандум, мавиз) адо намуд. Абӯҳанифа дар ин масъала усули қиёсро истифода намуда, иҷозат дод, ки садақаи фитрро метавон на танҳо ҳамчун маҳсулот, балки ба тариқи пулӣ низ адо намуд.
Ба ақлу хиради инсонӣ созгор будани фиқҳи ҳанафӣ борҳо аз тарафи муҳаққиқон эътироф шудааст. «Фиқҳи ҳанафӣ беш аз соири макотиби фиқҳӣ барои ақлу идроки одамӣ арзиш қоил аст…».
Ҳамин тариқ, замони ҳозира низ аз олимони соҳа дониши баланд ва масъулиятро тақозо менамояд. Мавзуи илми фиқҳ ин тавр аст, ки он на танҳо муносибати инсонҳоро бо Офаридгор, балки бо афроди ҷомеа муайян мекунад. Махсусан муносибати инсонро бо оила, шахсият, ченакҳои ахлоқӣ, ҷиноятҳо ва ғайра муайян менамояд.
Абӯҳанифа тавонист, ки аввалин бор сарчашмаҳои ҳуқуқии исломиро асоси мантиқӣ диҳад, яъне бо истифодаи усули иҷмо ва қиёс. Дар асоси нишондоди ӯ фиқҳ – эътиқод ба Офаридгор, қонуниятҳои Илоҳӣ, суннати пайғамбар, риояи ҳудудҳои нишондодашуда (риояи ҳаром ва ҳалол), ихтилоф ва ягонагии ақидаҳои олимони мусулмон мебошад. Хусусияти дигари фиқҳи ҳанафӣ он аст, ки Абӯҳанифа ва шогирдонаш кӯшиш мекарданд, ки масъалаҳои бамиёномадаро бо далел ҳал намоянд. Чунки барои исбот намудани ҳар масъала далел нақши муҳим мебозад. Инчунин Абӯҳанифа масъалаҳоро пеш аз ҳукми қатъӣ баровардан дар ҳалқаи шогирдон ба миён мегузошт, мулоҳизаҳои онҳоро ба назар гирифта, ҷавоби қатъӣ мебаровард.
Ҳамин тавр, таҳаммулпазирии мазҳаби ҳанафӣ махсусан боиси ҳар чӣ бештар ва васеътар паҳн гаштани ислом гардид, зеро дар худи Қуръон ин масъала борҳо таъкид карда шудааст. Мисоли равшани ин ояти 17 сураи ҳаҷ «Иннал-лазина оману валлазина ҳоду ва-с-собиина ва-н-насоро вал маҷуса валлазина ашраку инналлоҳа яфсалу байнаҳум явмалқиёмата, инналлоҳал ало кулли шайин шаҳид» («Ҳамоно Худо миёни онон, ки имон оварданд ва онон, ки яҳудӣ шуданд ва собииён ва тарсоён ва габрон ва мушрикон рӯзи қиёмат ҳукм хоҳад кард. Ба дурустӣ, ки Худо бар ҳар чиз огоҳ аст») ва дигар сураҳои Каломи Шариф дар хусуси нигоҳ доштани ҳадду ҳудуд: «Инналлоҳа ло юҳиб-ул-муқситиин» («Ҳамоно Худо азҳадгузарандагонро дӯст намедорад», Бақара. 190). «Инналлоҳа юҳибу алмуқситина» («Ба дурустӣ, ки Худо инсофкунандагонро дӯст медорад»).
Инчунин таҳаммулпазирӣ дар фиқҳи Абӯҳанифа дар он зоҳир меёбад, ки ӯ аҳли қибларо, ки гуноҳ мекард, ба кофир шудан ҳукм намекард, саҳобагони пайғамбарро инкор намекард ва ба амри маъруф ва наҳйи мункар даъват менамуд. Ин ақидаҳои ӯ дар асари каломии ӯ «Ал-фиқҳ-ул-акбар» баён гардидааст, ки назари аҳли суннатро нисбат ба дигар мазҳаб ва фирқаҳои дигар баён месозад. Ин дар ҳоле буд, ки миёни фирқаҳои исломӣ мухолифат ва ҷангу хунрезӣ авҷ гирифта буд. Абӯҳанифа дар ин асар саъй менамояд, ки ба яке аз масъалаҳои ихтилофомези ҷаҳони ислом ҷавоб гӯяд, ки он «киро бояд халиф интихоб мекарданд» мебошад. Яъне, ӯ ҳамаи чор тан хулафои рошидинро як медонад ва ба мақомҳояшон сазовор медонад, бар зидди он фирқаҳое баромад менамояд, ки баъзеи онҳо ин чор халифаи аввалро ба куфр ҳукм мекарданд. Манзури Абӯҳанифа ин аст, ки мусулмонон набояд дар миёни якдигар ихтилоф эҷод кунанд, ки мунҷар ба нооромӣ ва ҷангу хунрезиҳо гардад. Масъалаи инсондӯстӣ, ҳифзи суботу амнияти ҷомеа аз масъалаҳои асосии консепсияи фиқҳии Абӯҳанифа ба шумор меравад.
Дар ҳақиқат, бояд тазаккур дод, ки дар фиқҳи ҳанафӣ як ҳувияти миллии мардумони ғайри араб низ ҳувайдо аст. Албатта, ин масъаларо Абӯҳанифа ба таври ошкоро ҷудо нанамудааст ва танҳо барои осон шудани иҷрои фароизи динӣ ӯ иҷозат додааст, ки ба забони ғайри арабӣ, аз он ҷумла тоҷикӣ низ иҷро шавад. Инро метавон ҳамчун баланд будани нақши арзишҳои миллии мардумони форс дар он замон арзёбӣ намуд.
Чизи муҳиме, ки Имом Абӯҳанифа роҷеъ ба муртакиби гуноҳи кабира ифода намуда буд, ёдовар бояд шуд, ки ҳукми «муртакиби кабира мин ҳайсулиртикоб аз имон берун намешавад» ба ҳисоб меравад. Бояд, гуфт, ки ана ҳамин сухани Имоми Аъзам аз як тараф агар боиси ба ин мазҳаб гаравидани бисёр гурӯҳҳои мазҳабҳо ва пайравони соири мазоҳибу равияҳои дигар шуда бошанд, аз ҷониби дигар, сабаби сарзаниш қарор гирифтани Имом ва пайравони ӯ мегардид ва то ҳатто вайро ба мурҷииён нисбат медоданд: «Ва Мурҷиобод аз асомии Балх аст. Ба воситаи он ки Имом Абӯҳанифаи Кӯфӣ (р.а.) ҳукм кард: «Ба он ки муртакиби кабира мин ҳайсулиртикоб аз имон берун намеояд», муътазила, ки дар ин эътиқод мухолиф буданд, имомро дар ин масъала ба мурҷӣ, ки маънии он — умедвор бошад, мулаққаб гардониданд. Чун аҳолии Балх дар овон ба таҳсили улум ба дарси Имом мастур шитофта, рӯйи таваҷҷуҳ аз суҳбати уламои дигар метофтанд, аҳли мазоҳиб мардуми Балхро мансуб ба он ҳазрат дониста, Балхро Мурҷиобод мегуфтанд». Дар бораи ба мурҷииён чӣ муносибат доштани Имоми Аъзам гуфтаҳои худи вай аз «ал-Фиқҳул-акбар» шаҳодат медиҳанд: «Ва мо намегӯем, ки муъминро гуноҳаш зарар надорад ва ӯ дар дӯзах намеафтад ва дар он ҷовидон мемонад, агар фосиқ бошаду аз дунё берун равад (бимирад)».
Ва намегӯем, ки накукориҳои мо мақбул асту бадкориҳои мо мавриди махфирати Худованд, чунонки мурҷииён мегӯянд. Вале мегӯем, ки касе накуиро бо риояи шариат, бе олоишҳое, ки онро муфсид ва маъниҳое, ки онро ботил мегардонад, адо намояд, агар аз ин дунё равад, Худованди Таъоло ин некуиҳоро зоеъ намесозад, балки, чунонки ваъда кардааст, меомурзад гуноҳонро ба подоши ин некуиҳо, магар гуноҳи ширк ва куфрро, ки тавбапазир нестанд, Худо агар хоҳад, азоб медиҳад ва агар хоҳад ӯро муоф мекунад ва ба азоби абадии дӯзах гирифтор намесозад».
Хусусияти дигари таҳаммулпазирии мазҳаби Имом Аъзам дар ҳақиқат дар он аст, ки ҳар кас дар ҳар ақидае бошад, хоҳ муътазалӣ, хоҳ аҳли шиа дар масоили ҳалли фиқҳӣ аз Абӯҳанифа ва мазҳаби вай доир ба ин мавзуъ пайравӣ кардаанд.
Умуман, Имом Абӯҳанифа нисбат ба ҳама мазҳабҳои аҳли суннату ҷамоат, ташайюъ ва ҷараёнҳои мухталифи он нигоҳи таҳаммулпазир дошт. Масалан, Имом ал-Бухорӣ паҳлуҳои гуногуни ҳаёту осори ӯро таҳлилу баррасӣ намуда, собит намудааст, ки муносибати Абӯҳанифа дар ин мавзуъ мабно бар Қуръону суннат ва адолати илмӣ будааст. Баъзан чунин мешудааст, ки ҳар суолу ҷавоб ва вокуниши марбут ба ташайюъро баҳона оварда, ӯро ба майли ташайюъ намудан айбдор мекарданд. Вале ҷавоби дуруст он аст, ки Имом Абӯҳанифа ҳар фикру ақидаи солимро аз мазҳабу ҷараёнҳои мухталиф ҷиҳати пазиройӣ қарор медодааст.
Заминаи асосии таҳаммулпазирии мазҳаби Имоми Аъзамро эътиқоди саҳеҳ нисбат ба асли тавҳид ташкил медиҳад, ки ба қавли Абӯҳанифа — он эътиқоди саҳеҳ ба Худои Таъоло, малоикаҳо, китобҳои осмонии ӯву пайғамбаронаш ва ба рӯзи қиёмат дар бар мегирад. Ин рукнҳо, бешубҳа, дар муколамаи адён ва тамаддунҳо нақши аввалиндараҷаро мебозанд. Ҳамин тариқ, Абӯҳанифа бо талошҳои худ тавонист, ки бо истифода аз чанд усул – қиёс, истеҳсон ва урф фиқҳро густариш диҳад. Ин маънои онро дошт, ки ин мактаб озодӣ дар баёни андеша, истидлол ва иҷтиҳодро таъмин менамуд.
А.Муҳаммадхоҷаев, доктори илмҳои фалсафа,
Н.Зокиров, номзади илмҳои фалсафа