Яке аз меъёрҳои забони адабии тоҷик истифодаи дурусти ҷузъҳо дар таркиби ибора мебошад, ки ба истифодаи матлаб мувофиқ аст. Дар ҳолати ба ҳам мутобиқати комил пайдо накардани ҷузъҳо таъсири сухан заиф ва фазилат дар услуби баён коста гардида, мафҳуми ифодашаванда норавшан мемонад.
Бо саволи он ки оё номи Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода аз иштибоҳ орӣ аст ва он ба табдили ном ниёз дорад ё не, назари чанд забоншинос ва рӯзноманигорро пурсидем.
Баҳриддин Камолиддинов – устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор:
- Эрод ин ҷо ба иборасозӣ дахл дорад. Аз ҷиҳати сохт ва шакл Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон хеле суфтаю гуворо мебошад. Ин тарзи иборасозӣ хоси забони адабии ҳозираи тоҷик мебошад, вале аз лиҳози мантиқ мувофиқ нест. Манзуру бардошт аз фаъолияти донишкада омӯзиши забони тоҷикӣ ва забонҳои хориҷӣ аст. Ҳангоми ба ҷузъҳо тақсим кардани таркиби мазкур иштибоҳ ба «забонҳои Тоҷикистон» рабт дорад, ки маъноро зери суол бурдааст.
Аз ин лиҳоз, Донишкадаи давлатии забонҳои тоҷикӣ ва хориҷии Тоҷикистон гуфтан ба мақсад наздиктар аст.
Ҳоким Қаландариён – доктори илми филология, муовини директор оид ба илми Институти забон ва адабиёти ба номи А.Рӯдакӣ:
- Ман бар он ақидаам, ки номи Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи С. Улуғзода таҳрирталаб мебошад. «Забонҳои Тоҷикистон» мушаххас аст, вале матлаб дархӯри мақсад нест. Беҳтар мешуд – Донишкадаи давлатии забонҳо ба номи С. Улуғзода номгузорӣ шавад.
Зафар Мирзоиён – ховаршинос, муҳаққиқи соҳаи забон:
- Таркиби Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон аз диди ман то андозае нодуруст аст. Матлаб ин ҷо дар ибораи охир «забонҳои Тоҷикистон» ҷамъбаст шуда, шакл ва маъно мегирад. Гарчанде шакли иборасозӣ дуруст аст, маъно ба матлаб мувофиқ нест, чунки дар ибораи мазкур Тоҷикистон муайянкунандаи забонҳо дар ҳолате шуда метавонад, ки омӯзиши забонҳои дохили Тоҷикистон ба роҳ монда шуда бошанд.
Як хосияти ибораҳои мураккаби изофӣ дар он аст, ки онҳо озодона дар ду қолаб – изофӣ ва пешоянддор истифода мешаванд. Дар қолаби дуюм сохти грамматикии ибора дигар нашуда, манзур баръало ҳосил мешавад. Дар ҳолати аввал мантиқ халалдор мегардад.
Агар Донишкадаи давлатии омӯзиши забонҳо дар Тоҷикистон гӯем, иштибоҳ дар ибораи изофӣ нест шуда, исм бо исми дигар ба воситаи пешоянди «дар» алоқаманд мешавад. Вазифаи бандаки изофиро иҷро кардани пешоянди «дар» ҳолати маъмули забонӣ мебошад. Инро бояд ислоҳ кард. Зеро таъхир дар ислоҳи хато такрори иштибоҳ аст.
Шарофат Худойдодова – муовини ректори Донишгоҳи давлати Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ оид ба илм ва инноватсия, номзади илми филология:
- Донишкада мансуб ба Тоҷикистон аст. Вақте ки «забонҳои Тоҷикистон» гуфтем, мансубияти забонҳо ба Тоҷикистон меафтад, ки ин бори маъниро ҷузъи Тоҷикистон, яъне муайянкунанда ба дӯш гирифта наметавонад. Мақсад омӯзиши забонҳо, яъне забономӯзӣ аст ва мо ин маъноро ба ибораи «забонҳои Тоҷикистон» зӯран бор карда наметавонем. Агар Донишкадаи давлатии забономӯзӣ дар Тоҷикистон гӯем, ин мафҳум баҳсбарангез набуда, ибораи мавзун ҳосил мешавад, ки рисолати донишкадаро ифода карда метавонад.
Метавонем донишкадаро дар шакли дигар – Донишкадаи давлатии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода номгузорӣ кунем.
Сафаргул Ҳалимова - дотсенти кафедраи таърихи забон ва типологияи ДМТ:
- Дар донишкада забонҳои зиёди хориҷӣ: англисӣ, русӣ, чинӣ, арабӣ, олмонӣ, фаронсавӣ, кореягӣ ва ғайра, ки дар минтақа ва ҷаҳон мавқеи назаррасро доро мебошанд, омӯзонда мешавад. Бинобар ин, табдили номи он ба Донишкадаи забонҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи мақсад буда, чунин тарзи номгузорӣ ба меъёрҳои забони адабии тоҷикӣ созгор мебошад.
Олимҷон Бухорӣ – корманди маҷаллаи «Суханшиносӣ»-и Институти забон ва адабиёти ба номи А. Рӯдакӣ:
- Ба назар нагирифтани ҷузъитарин меъёрҳои забон, риоя накардани иборасозию таркиббандӣ дар забон боиси гум шудани муносибати маъноӣ мегардад. Як иштибоҳ тоби комилан дигар кардани маъноро дошта, боиси заъфи мантиқ буда метавонад.
Мавриди баҳс қарор гирифтани номи Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода бесабаб нест. Ин ном барои шахси ноогоҳ аз матлаби донишгоҳ шубҳаовар нест. Дар Тоҷикистон низ забонҳо ҳастанд. Масалан, забонҳои яғнобӣ, язғуломӣ, шуғнонӣ, вахонӣ ва дигар забонҳо. Вале ҳадафи таъсиси Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон на омӯзиши забонҳои дохилии Тоҷикистон, балки омӯзиши забонҳои хориҷист.
Бамаврид аст, агар минбаъд ин муассисаи таҳсилоти олии касбиро Донишкадаи давлатии забонҳо дар Тоҷикистон ба номи С. Улуғзода ном гузорем.
Шодӣ Раҷабзод – рӯзноманигор:
- Навиштаи рӯзномаи «Садои мардум» – «Балоғат дар сухан донӣ чӣ бошад?» («Садои мардум», 18 майи соли 2017, №54 (3691)-ро хондам ва ба муаллиф изҳори ташаккур менамоем, ки чунин масъаларо мавриди баррасӣ қарор додааст. Мутаассифона, тавассути воситаҳои ахбори омма зиёд менависанд, аммо камбудиҳо ислоҳ намешаванд.
Дар мавриди Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода: Гап сари забонҳои хориҷие меравад, ки дар донишкадаи мазкур омӯзонда мешавад. Ин ҷо сухан танҳо дар бораи бандаки изофӣ меравад, ки маъноро тағйир медиҳад. Як вақтҳо Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон мегуфтем. Баъдтар баъзеҳо пешниҳод карданд, ки Донишкадаи давлатии ҳунарҳои зебо гуфтан беҳтар аст. Чанд соли охир ин муассисаи таълимӣ бо номи Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон арзи вуҷуд дорад. Агар номи Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистонро такмил доданӣ бошем, Донишкадаи давлатии забонҳо дар Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода саҳеҳтар аст.
Абдухолиқи Мирзозода,
«Садои мардум»