Барои дарёфти Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи илм ва техника

Таҳқиқоти арзишманд дар омӯзиши бемориҳои музмини ҷигар

№83-84 (4503-4504) 08.07.2022

МИРОЧОВДар силсилаи корҳои илмии академики АМИТ Ғиёсиддин Мироҷов доир ба пешгирӣ, ташхис ва муолиҷаи гепатитҳои музмин ва сиррозҳои ҷигар дар Тоҷикистон, ки ба дарёфти Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи илм ва техника пешниҳод гардидаанд,  тадқиқоти бисёрсолаи муаллифро дар соҳаи омӯзиши бемориҳои музмини  ҷигар, аз он ҷумла гепатитҳои вирусии В, D ва С, дар бар мегирад.

Барои пешгирии оқибатҳои нохуши ин навъҳои гепатитҳои вирусӣ омӯзиши амиқи ҳомилони солими дорои вирусҳои мазкур зарур аст. Натиҷаҳои тадқиқот маълум намуданд, ки дар ҳомилони вирусҳои В ва D бисёр вақт баландшавии миқдори вирус дар хун бо пайдоиши гепатити музмини сабук ба қайд гирифта  мешавад. Аз ин рӯ, ҳомилони солими вирусҳои В ва D на фақат зарурат ба назорати диспансерӣ доранд, балки барои пешгирии оризаҳои марговари ин бемориҳо сирроз ва карсинома ба табобати зиддивирусӣ эҳтиёҷ доранд.

Академик Ғиёсиддин Мироҷов аввалин бор дар кишвар хусусиятҳои масунияти инсонро ҳангоми гирифторшавӣ ба гепатитҳои вирусии В, D ва С ҷудо намуда, ҷараёни пайдоиши гепатити музмин ва оризаҳои онро, ки аз таъсири ин вирусҳо пайдо гардидаанд, ошкор намудааст. Ҳамчунин, ӯ исбот кардааст, ки зиёдшавии миқдори вирусҳо ва дараҷаи вазнини беморӣ аз мавҷуд будани НВеАg вобастагӣ дош­та, усулҳои муосири ташхис, муолиҷа ва пешгирии бемориҳои мазкурро, ки дар натиҷаи сироятёбӣ аз вирусҳои В, D ва С ба миён меоянд, пешниҳод намудааст.

Инчунин, олими шинохта бори нахуст барои ташхиси шакли ниҳонии гепатитҳои вирусӣ (В, D ва С) дар хуни занҳои ҳомила муайян кардани подтан — усулҳои ҳозиразамони ташхисро пешниҳод кардааст.

Ба ғайр аз ин, академик Ғ. Мироҷов ҳолатҳои сироятёбии ду вирус (В ва D)-ро омӯхта, исбот намуд, ки ҷараён ва оқибатҳои беморӣ аз вуҷуд дош­тани HbeAg вобастагӣ дорад. Инчунин, муайян кардааст, ки ҳангоми таъсири якҷояи вирусҳои В ва D пайдошавии сиррози ҷигар вусъат меёбад.

Мавсуф ҳамчун олими варзидаи соҳа бори нахуст хусусиятҳои нави морфологии сиррози ҷигарро, ки аз вируси В, D пайдо гаштаанд,  омӯхта, барои ташхис, муайян намудани дараҷаи манфиатнокии табобати зиддивирусиро барои тибби амалия пешкаш намудааст.

Гузашта аз ин, ӯ аввалин шуда паҳлуҳои ҳамаҷонибаи сироят ёфтан аз якчанд вирусро (HBV+HDV, HBV+HCV, HBV+HDV+HCV) мавриди омӯзиш қарор дода, ҷараёни бемориҳои  музмини ҷигарро дар чунин мавридҳо муайян намуда, нақшаи табобати  беморӣ ва оқибати нохуши онро мавриди истифода қарор додааст.

Академик Ғ. Мироҷов ба ғайр аз омӯзиши гепатитҳои вирусӣ умри босамарашро ба дигар паҳлуҳои  соҳаи гастроэнтерология низ бахшидааст. Пеш аз ҳама, проблемаҳои мубрами рӯз — фарбеҳӣ ва вобастагии он ба пайдоиш ва ҷараёни диабети қанд, фишорбаландӣ, чарбзеркунии ғайриалкоголии ҷигар, аз он ҷумла сиррози ҷигар ва усули табобати онҳоро ба роҳ мондааст.

Паҳлуи дигари фаъолияти академик Ғ. Мироҷов омӯзиши табобату   пешгирии оризаҳои вазнини сиррози ҷигар, баландшавии фишори  хун дар рагҳои даромадгоҳи ҷигар ва оризаҳои марговари он ба ҳисоб мераванд, ки ҳамчун ихтироъ аз ҷониби Маркази патенту иттилоот ба қайд гирифта шудаанд.

Қайд қардан бамаврид аст, ки номбурда ҳамчун олими забардасти кишвар барои муаррифии дастовардҳои илми тибби тоҷик  дар байни аҳолӣ, пайваста тавассути воситаҳои ахбори омма баромад менамояд. Ҳамчун сармутахассиси Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи гастроэнтерология якҷо бо дигар мутахассисон кумаки тиббӣ мерасонад.

То ин дам аз ҷониби академик Ғ. Мироҷов шогирдони зиёд (28 нафар номзад ва 8 нафар доктор) ба камол расидаанд. Айни замон ӯ ин корҳои наҷибро ба ҳайси мушовири илмии Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерология» идома дода истодааст.

Кори илмии академики АМИТ Ғ. Мироҷов «Пешгирӣ, ташхис ва муолиҷаи гепатитҳои музмин ва сиррози ҷигар дар Тоҷикистон» аз нигоҳи илмию амалӣ пурбаҳо буда, дар рушди гастроэнтерологияи ҷумҳурӣ аҳамияти беназир дорад ва муаллиф сазовори ноил гаштан ба Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи илм ва техника мебошад.

Н. ФАЙЗУЛЛОЕВ,

академики АМИТ,

доктори илмҳои тиб,

профессор