Тағйирёбии иқлим ва зарурати таҳияи дурнамои бехатарии иқлим

№89 (4829) 10.07.2024

Бехатарии иқлим дар шароити кунунӣ яке аз масъалаҳои рӯзмарра маҳсуб меёбад, зеро тибқи нишондоди олимону коршиносони байналмилалӣ сатҳи оби уқуёнусҳо то охири аср аз як то се метр баланд мешавад. Ҳоло 600 млн. аҳолии кураи замин дар баландии 10 метр аз сатҳи баҳр зиндагӣ доранд. Дар натиҷаи баланд шудани сатҳи оби уқёнусҳо ин ҳудудҳо тадриҷан зери об монда, боиси муҳоҷирати экологии миллионҳо одамон мегардад. Ҳамзамон, фарзияе мавҷуд аст, ки бар асари равандҳои тағйирёбии иқлим пастшавии рН-об ба амал омада, зуҳури ин омил боиси аз байн рафтани 25 дарсади ҳайвоноти баҳрӣ ва моҳиҳо гардида, барои ним миллиард аҳолӣ дастрасӣ ба ғизо мушкил мешавад. Илова бар ин, бар асари гармшавии ҳарорат сел ва обхезиҳо зиёд гашта истодаанд.

Дар кишварамон оид ба равандҳои тағйирёбии иқлим дар доираи Фонди иқлими сабз, Фонди глобалии экологӣ, Фонди адаптатсионӣ лоиҳаю барномаҳо, аз ҷумла «Мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва кам кардани таъсири он дар ҳавзаи баҳри Арал», «Идоракунии ҳамгирошудаи замин ва об дар асоси экосистема барои мутобиқшавӣ ба тағйир­ёбии иқлим» ва ғайра, амалӣ гашта истодаанд. Ҳадаф аз амалигардонии ин лоиҳаҳо, аз як тараф, коҳиш додани равандҳои тағйирёбии иқлим дар сатҳҳои гуногун бошад, аз дигар тараф, ташаккули маърифати экологӣ ва баланд бардоштани сатҳи иҷтимоии аҳолӣ маҳсуб мешавад. Эътироф бояд кард, ки тағйирёбии иқлим айни замон на танҳо мушкилоти экологӣ, балки масъалаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиро низ дар пай дорад.

Як гурӯҳ олимон бар он назаранд, ки тақрибан сад ҳазор сол пеш чунин тамоюли глобалӣ дар сайёраи замин ба амал омадааст. Ба ақидаи бархе дигар чунин ҳолат 252 млн. сол пеш рух дода, ҳарорати ҳаво дар кураи замин то 5 дараҷа боло рафта буд.

Тоҷикистон дар равандҳои тағйирёбии иқлим яке аз кишварҳои осебпазир маҳсуб мешавад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамоиши об ва тағйирёбии иқлим, дар шаҳри Париж иброз намуданд: «Ҳарчанд ҳиссаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми партовҳои газҳои гулхонаӣ ба муҳит дар миқёси олам ночиз бошад ҳам, аммо кишвари мо дар масъалаи тағйирёбии иқлим яке аз давлатҳои осебпазир арзёбӣ мегардад. Имрӯз соҳаҳои асосии иқтисодиёти Тоҷикистон ба паёмадҳои манфии вобаста ба равандҳои тағйирёбии иқлим рӯ ба рӯ гашта истодаанд».

Бояд гуфт, ки тибқи далелу рақамҳо кишвари мо аз ҷиҳати партови газҳои гулхонаӣ дар ҷаҳон мақоми 130-юмро ишғол намуда, ҳисса аз 1 то 3 дарсадро ташкил медиҳад.

Бегуфтугӯ тағйирёбии иқлим ба иқтисодиёти кишварҳо таъсир мерасонад. Хусусан, барои Тоҷикистон он паёмадҳои ногуворро ба бор овардааст. Аз 14 ҳазор пиряхи хурду калони Тоҷикистон дар давоми шаст соли охир беш аз ҳазортои он ба нестӣ расидаанд. Ба ғайр аз ин, ҳосилнокии чарогоҳҳои кишварамон низ коҳиш ёфт. Бемориҳои гуногун ва мавҷудоти зараррасон дар соҳаи кишоварзӣ низ «самара»-и ин раванд буда, дар натиҷа ҳосилнокии зироати кишоварзӣ ҳар сол коҳиш меёбад.

Аз ин рӯ, вақти он расидааст, ки дар асоси пешгӯиҳои соҳаҳои мухталифи илмӣ дурнамои бехатарии иқлим таҳия гардад. Чунин иқдом имкон медиҳад, ки ҳар талафот ва роҳҳои ҷубронаш мавриди омӯзиш қарор гирад.

Матлуба ҲАЙДАРОВА,

омӯзгори МТМУ №28-и ноҳияи Варзоб