Шиканҷа-зуҳуроти номатлуб

Таҳкими қонунгузорӣ дар ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон

№18 (3164) 21.02.2014

Прокуратура

Ба қарибӣ ҳайати намояндагии Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати прокурори генералӣ Салимзода Шерхони Одина бо маърӯзачии вежаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба шиканҷа Хуан Мендез вохӯрӣ доир намуд.

Дар вохӯрӣ прокурори генералӣ зикр намуд, ки пас аз ташрифи қаблии Хуан Мендез  аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ иқдомоти зиёде дар самти пешгирии шиканҷа ва дигар муносиботи бераҳмона андешида шуд.

Аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нақша-чорабиниҳои миллӣ оид ба иҷрои тавсияҳои додашуда таҳия гардида, қисмати зиёди тавсияҳо  амалӣ шуданд. Аз ҷумла тавсия дода шуда буд, ки дар сатҳи роҳбарияти аввали мақомоти давлатӣ, бахусус ҳифзи ҳуқуқ, оид ба таҳаммулнопазирӣ нисбати шиканҷа изҳороти расмӣ  пахш карда  шавад.

Ин буд, ки 10 ноябри соли 2012 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам         Эмомалӣ Раҳмон зимни  суханронияшон дар Рӯзи таъсисёбии милитсияи тоҷик, ки роҳбарони ҳама мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва қудратӣ иштирок доштанд, чунин таъкид карданд: «Ҳеҷ як корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ  дар ягон маврид ҳуқуқи истифодаи шиканҷа ва паст задани қадру қимати инсонро надорад. Аз ин лиҳоз, аз роҳбарияти ҳама мақомоти ҳифзи ҳуқуқ талаб карда мешавад, ки  ҷиҳати огоҳии пурраи кормандон аз талаботи қонунгузории миллӣ ва санадҳои байналмилалӣ чорабиниҳои омӯзиширо  тақвият бахшида,  доир ба ҳар як ҳолати қонунвайронкунӣ аз ҷониби кормандон   қарорҳои қатъӣ қабул намоянд».

Бисту чоруми октябри соли 2012 бо фармоиши якҷояи прокурори генералӣ, вазири корҳои дохилӣ, вазири адлия, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Дастурамал «Дар бораи дастгиркунӣ» тасдиқ карда шуд, ки дар он изҳороти расмии роҳбарони аввали ҳама мақомоти ҳифзи ҳуқуқ оид ба қатъиян нораво будани шиканҷа таъкид ёфта, чораҳои пешгирии шиканҷа  нишон дода шуданд.

Дар ҳамин раванд, 31 январи соли 2014 аз тарафи прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дастур «Дар бораи тадбирҳои иловагии пурзӯр намудани назорати прокурорӣ дар самти ҳифзи ҳуқуқҳои инсон, баррасии холисонаи муроҷиатҳои шаҳрвандон, бахусус дар мавриди таҳқиқу тафтиши ҷиноятҳо»  ба имзо расонида шуд.

Дар ин дастур тавсияҳои зерин ҳалли худро ёфтаанд: аз лаҳзаи воқеан дастгир намудани шахс ҳисоб карда шудани вақти дастгиркунӣ; ному насаби шахсони дар дастгиркунӣ иштирокнамударо қайд кардан; муоинаи  бетаъхири тиббии дастгиршуда; дастрасӣ ба ҳимоятгар; сари вақт хабардоркунии хешовандони онҳо; таҳти санҷишу тафтиш қарор додани ҳолатҳои маълумшудаи истифодаи шиканҷа, новобаста аз ворид шудан ё нашудани арзу шикоят; таъмини тафтишоти фаврӣ ва беғаразонаи парвандаҳои ҷиноятӣ оид ба истифодаи шиканҷа; муайян намудан ва ба ҷавобгарӣ кашидани  иҷрокунандагони бевоситаи чунин амалҳо  ва роҳбарони онҳо; барои  ғайрирасмӣ  дастгир кардани шаҳрвандон, сохтакорӣ намудани вақти дастгиркунӣ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани сардорони шуъбаҳои милитсия, муфаттишон ва кормандони фаврӣ.

Айни замон тавқифгоҳҳои нигоҳдории муваққатии ҳамаи шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе  бо камераҳои мушоҳидавӣ таҷҳизонида шуда, ҷиҳати бо ҳамин гуна камераҳо таҷҳизонидани тавқифгоҳҳо дар дигар шаҳру ноҳияҳо чораҳо андешида мешаванд.

Оид ба пешгирии шиканҷа аз тарафи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокуратураи генералӣ, Суди конститутсионӣ, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо намояндагии Комиссариати Олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон бо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ҳама минтақаҳои ҷумҳурӣ беш аз 60 вохӯриву семинар гузаронида шуд.

Ҳоло дар назди Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби намояндагони вазорату идораҳо гурӯҳи корӣ дар бораи баррасии чунин тавсияҳо, ба монанди бо роҳи тағйир додани қисми 1 моддаи 1431 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пурзӯр намудани ҷавобгарии ҷиноятӣ барои шиканҷа; дар Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон кам кардани муҳлати 12-соатаи аз дастгиркунӣ хабардор намудани хешовандон, аз Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон хориҷ кардани меъёрҳо оид ба қатъ намудани парвандаҳои ҷиноятии марбут ба шиканҷа бо сабаби татбиқи афв, пушаймонӣ аз кирдор, оштӣ шудан бо ҷабрдида, тағйир ёфтани вазъият ва гузаштани муҳлати ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан; дар қонунгузории мурофиавии ҷиноятӣ такмил додани муқаррарот оид ба ҷуброни зарари ҷабрдидагон аз шиканҷа; тезонидани расмиёти ба тасвиб  расонидани Протоколи иловагӣ ба Конвенсияи зидди шиканҷа ва таъсис додани Механизми миллии пешгирии шиканҷа ва таҳияи лоиҳаи қонун дар бораи ворид намудани чунин тағйироту иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиб ва шароити дар ҳабс нигоҳ доштани гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда»  таъсис дода шудааст.

Бо дарназардошти муҳимияти масъалаи мазкур, ҳимояи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, бахусус дар раванди таҳқиқу тафтиши ҷиноятҳо, бо қарорҳои ҳайати мушовараи Прокуратураи  генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2013-2014 яке аз самтҳои афзалиятноки  назорати прокурорӣ ҳисобида шудааст.

Ҳамчунин бо мақсади ҷилавгирӣ аз шиканҷа Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  25 июни соли 2012 таҳти  №1  қарор «Дар  бораи  татбиқ  намудани  меъёрҳои  қонунгузории ҷиноятӣ ва мурофиавии ҷиноятӣ оид ба мубориза бар зидди шиканҷа»-ро қабул намуд. Дар қарори Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсияҳо бобати дар протоколи дастгиркунӣ дуруст нишон додани вақти дастгиркунии воқеӣ, вайрон накардани муҳлати сесоатаи тартиб додани протоколи дастгиркунӣ ва муҳлати 72-соатаи дастгиркунӣ бе  иҷозати суд ба инобат гирифта шудаанд.

Чораҳои андешида оид ба пешгирии шиканҷа самара дода, ба ҷиддан кам шудани арзу шикоятҳо ва ҳолатҳои воқеии истифодаи шиканҷа мусоидат намуданд. Чунончӣ, соли 2012 ба мақомоти прокуратура 22 арзу шикоят оид ба шиканҷа ва дигар навъи зӯроварӣ аз тарафи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дохил ва аз натиҷаи санҷиши онҳо нуҳ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда буд. Аз инҳо ҳафт парвандаи ҷиноятӣ бо анҷоми тафтишот ба суд ирсол карда, як парванда қатъ (бинобар исбот нашудани гунаҳгорӣ) ва як парвандаи ҷиноятӣ боздошта шудааст (бинобар муайян нашудани шахсе, ки бояд ба сифати айбдоршаванда ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шавад).

Давоми соли 2013 ба мақомоти прокуратура 16 арзу шикоят дохил шуда, чор парвандаи ҷиноятӣ, аз ҷумла ду парванда бо моддаи 1431 (шиканҷа) ва ду парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 316 қ.3 банди «а» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ бо зӯроварӣ ё таҳдиди истифодаи он) оғоз карда шудааст. То ин дам се парвандаи ҷиноятӣ бо анҷоми тафтишот ба суд ирсол гардид ва гунаҳгорон маҳкум карда шуданд. Ҳол он ки соли 2010-ум 48 ва соли 2011 –ум 26 арзу шикоят оид ба шиканҷа ворид гашта, мувофиқан 13 ва 12 парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда буд. Аз ҷумла баъди ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 апрели соли 2012 ворид намудани моддаи 1431  бо ин модда чор парвандаи ҷиноятӣ оғоз ёфта, бо анҷоми тафтишот ба суд ирсол ва гунаҳкорон маҳкум карда шуданд.

Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум»