Ҷаласаи сайёри ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардида, дар он вазъи таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии томактабии вилояти Суғд мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт.
Пеш аз оғози ҷаласа муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳматулло Мирбобоев, муовинони вазир Бозоралӣ Одинаев, Тоҷинисо Маҳмадова ва мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба раванди таълиму тарбия дар кӯдакистони президентии шаҳри Хуҷанд ошно гардиданд. Раҳматулло Мирбобоев, муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаро ифтитоҳ намуда, зикр кард, ки тӯли як ҳафта гурӯҳи кории вазорат бо сарварии муовини вазир Тоҷинисо Маҳмадова вазъи таълиму тарбияро дар муассисаҳои томактабии вилояти Суғд мавриди санҷиш қарор доданд, ки имрӯз мо аз он натиҷагирӣ менамоем. Тоҷинисо Маҳмадова зимни маърӯзаи хеш вазъи муассисаҳои таълимии томактабии вилоят, дастрасӣ ба санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, иҷрои барномаҳо, фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ, меъёри хӯроки атфол, бунёди муассисаҳои нави томактабӣ, норасоии кадрҳоро мавриди таҳлили амиқу доманадор қарор дода, барои ислоҳи камбудиҳо масъулини соҳаро вазифадор намуд.
Мавриди зикр аст, ки соли 2015 дар вилояти Суғд 237 муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, аз ҷумла 194 муассисаҳои таълимии томактабии тобеи шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо, 15 муассисаҳои таҳсилоти томактабии тобеи ташкилоту корхонаҳо, 28 муассисаҳои таҳсилоти томактабии хусусӣ фаъолият бурда истодаанд ва нисбат ба соли 2014-ум 18 муассисаи таълимии томактабӣ зиёд гардидааст.
Дар анҷоми ҷаласа Осим Каримзода, сардори раёсати маорифи вилояти Суғд ба ҳайати корӣ барои санҷиши воқеъбинонаи фаъолияти муассисаҳои томактабӣ изҳори сипос намуда, ваъда дод, ки баҳри ислоҳи камбудиҳо нақша-чорабиниҳо тартиб дода, аз натиҷааш гузориши муфассал пешниҳод менамояд.
А. САЛИМЗОДА, «Садои мардум»