Таъмини амнияти минтақавӣ мавзӯи асосӣ буд

№ 27.04.2017

ртсу25 апрели соли равон бо ибтикори Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Россия, Донишгоҳи федералии Урал ва Ширкати ғайритиҷоратии «Урал Евразия» дар мавзӯи: «Муносибатҳои Тоҷикистону Россия ҳамчун омили муҳими таъмини амнияти минтақавӣ: таърих ва  вазъият»  семинар доир гардид.

  Ноиби ректор оид ба робитаҳои хориҷии ДСРТ Умед Мансуров ҳамкориҳои ду кишварро дар ҳама самт, аз ҷумла дар таъмини амнияти минтақавӣ, муҳим арзёбӣ кард.

Иштирокчиён бо пешниҳоди маърӯзаҳо  муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Россияро мавриди баррасӣ қарор доданд. Раҳматулло Абдулвоҳидов, Умед Мансуров,  Валиҷон Абдуҳамитов, Абдурашид Раҳмонов ва  Александр Бурнасов дар мавзӯъҳои «Нақши Евгений Примаков дар ноилшавӣ ба сулҳ ва  ризояти миллӣ дар Тоҷикистон», «Ҳолати ҳуқуқии  Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон», «Мубориза бар зидди экстремизми динӣ ва  пешгирии радикализм: Таҷрибаи Тоҷикистон», «Нақши пойгоҳи 201-и Россия дар таъмини амнияти ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Ҳамкории гуманитарии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия дар таҷрибаи Донишгоҳи федералии Урал» баромад карданд.

Ҳамзамон, доир ба масъалаҳои таҷрибаи ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон, мубориза бо экстремизми динӣ, ҳамкориҳои ҳарбии Тоҷикистону Россия ва амнияти минтақавӣ, ҳамкории Тоҷикистон бо вилояти Свердловск дар соҳаи маориф  изҳори назар  карда шуд.

Шарофат АБДУЛВОҲИДОВА,

«Садои мардум»