Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар нарасидани омӯзгорони соҳаи маориф дар минтақаи Рашт соли 1992 дар ноҳияи ҳамонвақтаи Ғарм ба кушодани шуъбаи Донишкадаи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Қ.Ҷӯраев (ДДОТ) рухсат дод. Тибқи фармони вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи филиали ДДОТ се шуъбаи рӯзона: филологияи тоҷик, таърих, математика, инчунин як гурӯҳ аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон кушода шуд.
Таълими донишҷӯён дар шаҳраки Навобод ва сипас дар шаҳраки Ғарм оғоз ёфта, дар ин муддат 360 нафар донишҷӯёни минтақа ба таҳсил фаро гирифта шуданд.
Бо ташаббус ва дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 ноябри соли 2006, таҳти рақами 501 ҷиҳати дар заминаи шуъбаи ғоибонаи дар ноҳияи Раштбуда таъсис додани филиали ДДОТ ба номи Қ.Ҷӯраев дар ноҳияи Рашт қабул шуд.
Ҳамон вақт, яъне то моҳи июни соли 2008, ҷамъи донишҷӯёни шуъбаи ғоибона 708 нафарро ташкил медод. Соли 2007 аввалин 45 нафар донишҷӯён филиалро хатм намуда, дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии минтақа ба омӯзгорӣ шурӯъ намуданд.
Давоми солҳои хониши 2011-2013 кори зиёде ҷиҳати таҳкими заминаи моддию техникӣ, таълимию методӣ ва кадрӣ, таъсиси сохтору зерсохторҳои нав ба анҷом расонида шуд.
Натиҷаи ҳамин дастовардҳо буд, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 майи соли 2013 №206 «Дар бораи таъсиси Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт» дар заминаи филиали Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ-Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт таъсис ёфт.
Ташкил ва рушду нумӯи Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт натиҷаи ташаббус, саҳм ва дастгириҳои бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Ҳайати устодону кормандон ва донишҷӯёни донишкада аз ин иқдоми Сарвари давлат илҳом гирифта, дар бисёр самтҳои кори таълиму тарбия ва умури тадқиқотию илмӣ беҳтару хубтар ҷаҳд карданд. Ҳамаи ин комёбиву муваффақиятҳо аз он шаҳодат медиҳад, ки таваҷҷуҳ ва рӯоварӣ ба корҳои таълимию илмӣ, ки омили асосии рушду нумӯи кишвари азизамон маҳсуб мегардад, сол аз сол густариш меёбад.
Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт дорои се факултет ва 11 кафедра буда, дар он 15 шуъба, аз қабили забон ва адабиёти тоҷик, забон ва адабиёти рус дар мактабҳои миллӣ, забони англисӣ, таърих ва ҳуқуқ, математика – физика, математика –информатика, педагогика ва методикаи таълими ибтидоӣ, химия ва биология, технология ва соҳибкорӣ, география ва ҳифзи табиат, география, баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит (дар соҳаи маориф), менеҷменти иҷтимоӣ (дар соҳаи маориф), информатика ва рӯзноманигорӣ фаъолият доранд.
Соли ҷорӣ дар донишкада сохторҳои нав – хадамоти мониторинги сифати таҳсилот ва шуъбаи фарҳанг ба фаъолият шурӯъ намуд, ки новобаста аз навташкил будан, дар самти назорати сифати таълим ва тарбияи маънавии донишҷӯён кори зиёдеро ба иҷро мерасонанд.
Бо мустақил гардидани донишкада дар ҳайати кадрии он низ тағйироти сифатӣ баръало эҳсос мегардад. Дар донишкада 93 нафар устодон ба донишҷӯён дарс медиҳанд, ки аз ин шумора 6 нафарашон доктори илм, профессор, 18 нафарашон номзади илм, дотсент, 31 нафарашон муаллими калон ва ассистент мебошанд.
Аз оғози соли таҳсили 2013-2014 дар шуъбаҳои рӯзона ва ғоибонаи донишкада 1881 нафар донишҷӯён аз рӯйи 13 ихтисос ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Аз шумораи умумии донишҷӯён 957 нафарашон дар шуъбаҳои ғоибона таҳсил мекунанд.
Соли таҳсили 2013-2014 ба Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт 503 нафар дохил шуданд, ки аз ин шумора 336 нафарашон ба шуъбаҳои рӯзона ва 167 нафарашон ба шуъбаҳои ғоибона тааллуқ доранд. Шумораи умумии донишҷӯдухтарон дар таълимгоҳ 241 нафарро ташкил медиҳад ва аз онҳо 84 нафарашон тибқи квотаи президентӣ таҳсил менамоянд.
Соли 2013 донишкадаро 97 нафар донишҷӯёни шуъбаи рӯзона хатм карданд ва аз ин шумора 3 нафарашон ба дипломи сурх мушарраф гардиданд.
Фаъолияти донишкада оид ба ташкил ва гузаронидани раванди таълим нисбатан беҳтар гардида, аз оғози соли таҳсили 2013-2014 дар ин ҷода кори назаррас ба чашм мерасад. Дар ин давра мудири кафедраи адабиёти тоҷик ва методикаи таълими он М. Шодиев рисолаи номзадиашро дар мавзӯи «Зиндагӣ ва осори Алӣ Хуш» дифоъ намуда, ҳамчунин порчаеро аз ин рисола бо номи «Нақши Алӣ Хуш дар рушди адабиёти тоҷик» таҳия кард.
Мудири кафедраи математика ва технология О.Саймуҳиддинов монографияи худро бо номи «Баъзе усулҳои ҳисоббаробариҳои алгебраи хаттӣ» ба нашр расонид. Аз ҷониби устоди кафедра С. Раҳматов дастури методию таълимӣ дар ҳаҷми 54 саҳифа чоп шудааст.
Маҷмӯаи мақолаҳои устодони донишкада (иборат аз 20 мақола) ба чоп тавсия гардида, зиёда аз 15 мақолаи устодони дигар дар нашрияҳои ҷумҳуриявӣ ба табъ расидааст.
Соли равон 20 нафар унвонҷӯён ва 15 нафар аспирантон ба навиштани рисолаҳои номзадӣ машғул буда, 11 нафар хатмкунандагони таълимгоҳ дар магистратура таҳсил мекунанд.
Сифати таълиму тарбия, навиштан ва дифои рисолаҳои номзадӣ, бо устодони дорои унвонҳои илмӣ таъмин кардани раванди таълим, баланд бардоштани маҳорати касбии омӯзгорон, бо китобҳои дарсӣ, дастурҳои методӣ ва барномаҳои таълимӣ таъмин намудани кафедраҳо, сатҳи донишазхудкунии донишҷӯён ва иштироки онҳо ба дарсҳо, ташкили вохӯриҳо бо иштирокчиёни ҷанг, собиқадорони меҳнат ва чеҳраҳои шинохтаи ноҳияю водӣ беҳтар гардидааст.
Дар рушди минбаъдаи Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт саҳми профессорон А.Раҳмонов, Х.Асозода, Н.Саидов, дотсентҳо М.Пиров, муаллими калон И.Исроилов ва дигарон назаррас аст.
Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт баҳри беҳдошти сатҳи тайёрии касбии донишҷӯён ва бо мақсади таъмини мактабҳои таҳсилоти умумии ноҳияҳои водии Рашт бо омӯзгорон, дар рӯҳияи худшиносии миллӣ, ватандӯстӣ ва ифтихор аз миллату Ватан тарбия намудани ҷавонон минбаъд низ кӯшиш ба харҷ медиҳад.
Сайдамир ҶОНОНОВ, ректори Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт, доктори илмҳои фалсафа, профессор
Суратгир М.Ризвонов