Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёмашон ба Маҷлиси Олии мамлакат «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» 28 декабри 2024, пеш аз ҳама, чунин як нуктаи руҳбаландкунандаро баён карданд: «Моро зарур аст, ки дар заминаи амалисозии ҳадафҳои миллиамон, пеш аз ҳама, амнияти миллӣ ва рушди устувори иқтисодиро таъмин намоем ва сатҳу сифати зиндагии мардумро боз ҳам баланд бардорем. Зеро мардуми мо мисли халқҳои дигар мамолики мутамаддин ҳуқуқи маънавии зиндагии шоистаро доранд. Ин аст ҳадафи олии сиёсати давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон».
Дарвоқеъ, тавре шоҳид ҳастем, Ҳукумати мамлакат ҷиҳати мунтазам беҳтар гардонидани шароити зиндагии мардум нақшаҳои бузурги созандагиро роҳандозӣ карда истодааст, барномаю стратегияҳои муайяну мушаххас таҳия ва тасдиқ шуда, амалӣ мегарданд. Аз ҷумла, дар Паём қайд шудааст, ки ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар сиёсати давлати Тоҷикистон мақоми хос дошта, барои дастгирии соҳаҳои иҷтимоӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум маблағгузорӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ ҳамасола зиёд карда мешавад. Инак, тавре мужда расид, бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани сатҳи некуаҳволии мардуми кишвар ва тақвият бахшидани ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, бо супориши Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 1-уми сентябри соли 2025, дар қатори дигар табақаҳои ҷомеа, маоши вазифавии кормандони соҳаи тандурустӣ низ 20 фоиз зиёд карда мешавад.
Дар соли 2025-ум барои соҳаи тандурустӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ 4,3 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки нисбат ба соли 2024-ум 840 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Ин ғамхории навбатии давлат ва Ҳукумати кишвар нисбати мо — табибон аст. Дар ин замина ёдовар шудан бамаврид аст, ки тайи солҳои соҳибистиқлолӣ барои кормандони соҳаҳои тандурустӣ шароити бисёр хубу мусоид фароҳам оварда шудааст. Бисёр биноҳои маъмурӣ ва дармонгоҳу беморхонаҳо таври замонавӣ бунёд ва таҷдиду навсозӣ ва бо асбобу дастгоҳҳои навтарини ташхису табобат муҷаҳҳаз гардонида шуданд.
Тавре дар Паёми Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин маврид қайд шудааст: «Умуман, дар 33 соли соҳибистиқлолӣ, ғайр аз таъмиру таҷдиди муассисаҳои мавҷудаи соҳаи тандурустӣ, бо истифода аз ҳамаи имкониятҳо 3076 муассисаи нави тиббӣ бунёд карда шуд». Ҳамзамон, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд: «Бо вуҷуди корҳои амалигардида ба роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо супориш дода мешавад, ки дар ҳамкорӣ бо соҳибкорону сармоягузорон ҷиҳати то Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ барои пурра бартараф намудани мушкилоту масъалаҳои муассисаҳои тандурустӣ тадбирҳои мушаххас андешанд». Аз ҷумла, тайёр намудани мутахассисон ва бо кадрҳои баландихтисос таъмин намудани муассисаҳои тиббӣ яке аз масъалаҳои асосӣ ва афзалиятноки соҳаи тандурустӣ арзёбӣ гардида, дар ин бобат Сарвари давлат масъалаҳои норасоии мутахассисон, паст будани сифати доруворӣ ва истифодаи самараноки таҷҳизоти ҳозиразамони тиббиро бори дигар таъкид карда, барои рафъи камбудиҳо супоришҳои мушаххас доданд.
Дар ҷавоб ба ғамхорию дастгириҳои мунтазами Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моро зарур аст ва вазифадорем, ки дар таъмини рушди бомароми соҳа ва тарбияи кадрҳои баландихтисос саҳмгузор бошему хизматрасонии босифати тиббӣ ва фаъолияти босамари муассисаҳои тиббиро таъмин намоем.
Абдурасул САНГИНОВ,
мудири кафедраи фтизиопулмонология ва бемориҳои сироятии Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон,
доктори илмҳои тиб,
Аълочии тандурустии Тоҷикистон