Дар кӯҳантарин муассисаи таълимии олии мамлакат- Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ аз рӯи 58 ихтисос мутахассис тайёр карда мешавад. Тавре ректори донишгоҳ, академик Носирҷон Салимӣ дар нишасти матбуотӣ, ки 12 июли соли ҷорӣ баргузор шуд, изҳор дошт, ҳарчанд низоми таълим дар ин ҷ обо усули нав ба роҳ монда шуда бошад ҳам таҷрибаомӯзии донишҷӯён то ҳол бо усули кӯҳна сурат мегирад. Аз ин рӯ, роҳбарияти донишгоҳ тасмим гирифтааст, ки робитаро бо муассисаҳои таълимии мамлакат мустаҳкам намуда, дар тамоми факултетҳо кафедраҳои такягоҳӣ таъсис диҳад. Ҳоло дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №10 ва 70- и шаҳри Душанбе дар заминаи фанҳои дақиқ чунин кафедраҳо таъсис ёфтаанд.
-Ба донишҷӯёне, ки имсол курси сеюмро хатм мекунанд, мавзӯи кори дипломӣ дода шудааст, — гуфт Носирҷон Салимӣ. -Онҳо аз оғози соли чоруми таҳсил, идома дод ӯ, мустақилона ба навиштани кори дипломӣ сар мекунанд. Роҳбарони кори дипломии донишҷӯён мунтазам бо натиҷаи фаъолияти мустақилонаи онҳо ошно шуда, маслиҳату тавсияҳои зарурӣ медиҳанд.
Айни замон дар зинаи магистратура 200 нафар ба таҳсил фаро гирифта шудааст, ки 20 нафараш стипендияи аъло мегирад. То ин дам 14 шумораи маҷаллаи навтаъсиси «Муҳаққиқ» ба нашр расидааст, ки дар онҳо асосан мақолаҳои илмии хатмкунандаҳои зинаҳои бакалавриат ва магистратураи донишгоҳ ҷой дода шудааст. Ҳамчунин як шумораи маҷаллаи илмӣ- таҳқиқотии «Паёми Донишгоҳи омӯзгорӣ» низ ба нашр расид.
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон алҳол 383 нафар донишҷӯи хориҷӣ таҳсил мекунад. Дар навбати худ донишҷӯёни мо тибқи шартнома дар як қатор макотиби олии Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Корея таҳсил менамоянд. Ду нафари онҳо соли равон Донишгоҳи шаҳри Томскро бо дипломи аъло хатм кард.
-Дар донишгоҳ, ҳамчунин аз рӯйи ҳафт ихтисоси ғайриомӯзгорӣ мутахассис омода карда мешавад,- афзуд ректори донишгоҳ. -Мо аз ҳоло бо корхонаю муассисаҳои соҳаи сайёҳӣ, меҳмонхонадорӣ, энергетика ва химия дар бораи ба таҷрибаомӯзӣ ҷалб кардани донишҷӯён суҳбат карда истодаем. Донишҷӯе, ки овони донишҷӯйӣ сохтани неругоҳи хурди обӣ, офтобӣ ва ё шамолиро ёд мегирад, оянда нафъаш ба маҳалла, деҳа, умуман ҷамъият мерасад.
Ҳамчунин роҳбари донишгоҳ зикр кард, ки то имрӯз дар донишгоҳ 202 нафар унвонҷӯ ба таҳсил ва таҳқиқи кори илмӣ фаро гирифта шудааст.
С. СУННАТӢ, «Садои мардум»