Чаро Вазорати маориф ва илм дар зинаи таҳсилоти касбӣ усули нав ворид кардан мехоҳад?
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар зинаи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи таълимӣ усули нав – таҳсилоти дуалиро ҷорӣ намуданист. Ба ин хотир, дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Стандарти давлатии таҳсилоти олии касбӣ» ва санадҳои дигари танзимкунандаи соҳа мафҳуми нав «Таълимоти дуалӣ» ворид шуд. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи таълимӣ» низ тағйирот ворид шуд, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маъқул дониста, барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.
ТАҲСИЛОТИ ДУАЛӢ ЧӢ ГУНА ТАҲСИЛОТ АСТ?
Мутахассисони соҳа таҳсилоти дуалиро низоми таълимие арзёбӣ менамоянд, ки дар он донишҷӯён қисми назариявии таълимро дар муассисаи таълимӣ ва қисми амалиро дар истеҳсолот — корхонаю муассисаҳо мегузаронанд. Яъне, таҳсилоти дуалӣ имкон фароҳам меорад, ки таҳсил бо таҷрибаи амалӣ дар корхонаю ташкилотҳо пайваст гардад. Мақсади асосии гузаштан ба таҳсилоти дуалӣ тағйир додани шаклу усулҳои таълим ва ба талаботи давр мутобиқ намудани фаъолияти зинаи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи таълимӣ мебошад.
Сардори Раёсати муассисаҳои таҳсилоти олии Вазорати маориф ва илм Наврӯз Мирзозода ҳини суҳбат ин навъи таҳсилотро аз маъмултарин ва дастрастарин усули замонавии омода намудани мутахассисони оянда дар самтҳои гуногун арзёбӣ намуд. Номбурда, аз ҷумла гуфт: «Афзалияти таълими дуалӣ дар он аст, ки донишҷӯ дар давоми таҳсил, ба раванди кор аз наздик ошноӣ пайдо намуда, касби ояндаашро ҳамаҷониба аз худ мекунад. Ин, пеша аз ҳама, имкон фароҳам меорад, ки оянда ба ҷои кор чун мутахассиси корозмуда ворид шавад ва корашро бо сифати баланд анҷом диҳад. Омӯзиш нишон медиҳад, ки ин яке аз роҳҳои хуби омода намудани мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат дар тамоми соҳаҳо мебошад».
Тибқи маълумоти дастрас, таълимоти дуалиро бори аввал кишвари Олмон ба низоми таҳсилоти касбӣ ворид намудааст.
Дар Федератсияи Россия аввалин шуда таҳсилоти мавриди назарро дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ роҳандозӣ намуданд. Таҷрибаи ин кишвар чунин аст: ду соли аввал донишҷӯён дар муассиса таълими назариявӣ мегиранд ва ду соли оянда назарияро бо амалия дар ҳамбастагӣ дар корхонаҳои истеҳсолӣ мегузаранд.
ТАҲСИЛОТИ ДУАЛӢ ДАР МО ЧӢ ГУНА АМАЛӢ ХОҲАД ШУД?
Тибқи нақша таҳсилоти дуалӣ дар асоси барномаи таҳсилот, нақшаи таълимӣ ва силлабус, ки мутобиқи «Стандарти давлатии таҳсилоти олии касбӣ» ва «Низомнома оид ба ташкили раванди низоми кредитӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ» таҳия шудаанд, амалӣ мегардад. «Низомномаи таҳсилоти дуалӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия ва бо қарори ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илм тасдиқ гардид, ки дар ҷорӣ намудани ин навъи таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ замина мегузорад.
-Тибқи низомнома, муассисаҳои таҳсилоти касбӣ бо корхонаҳо шартномаи ҳамкорӣ мебанданд. Корхонаҳо (корфармо) имкон пайдо менамоянд барои шумораи муайяни мутахассисон фармоиш диҳанд ва ҳатто дар таҳияи барномаи таълимӣ низ иштирок намоянд. Дар маҷмӯъ, раванди таълим тавре роҳандозӣ мегардад, ки донишҷӯён аз таълим дур нашуда, ба истеҳсолот ворид мешаванд, — гуфт Наврӯз Мирзозода.
Машғулиятҳои таълимӣ дар таҳсилоти дуалӣ якҷоя бо корфармо тибқи тартиби зерин мегузарад: таълимгирандагон 60 фоизи вақт дар муассисаи таълимӣ таълим мегиранд, 40 фоизи вақти боқимонда дар корхона таҳти роҳбарии устоди роҳнамо малакаҳои касбиашонро сайқал медиҳанд. Таҳсили таълимгиранда дар корхона танҳо аз рӯйи фанҳои тахассусӣ ба роҳ монда мешавад.
Тавре аз суҳбат бо Наврӯз Мирзозода маълум шуд, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон нақша дорад таълимоти дуалиро аз соли нави таҳсили 2023-2024 дар 4 муассисаи таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ – Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С. Осимӣ, Донишкадаи саноат ва хизматрасонӣ ва Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон ба таври таҷрибавӣ роҳандозӣ намояд.
Масъулин то куҷо ба ҳадаф мерасанд, вақт нишон хоҳад дод.
Фарзона ФАЙЗАЛӢ,
«Садои мардум»