Дар Паёми имсолаи Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид гардидааст, ки кишварамон имрӯз ба муҳандисону бинокорон, энергетику технологҳо, геологу мутахассисони коркарди маъдан ва барномасозону табибони сатҳи байналмилалӣ ниёзи бештар дорад. Воқеан ҳам ҷомеаи муосир бо равандҳои дигаргуншавӣ ва ҷаҳонишавӣ бархӯрд дорад, бозори меҳнат низ дар ин радиф бо талаботҳои нави таҳсилотӣ рӯ ба рӯ мешавад. Таҳсилоти калонсолон – паҳлуҳои муҳими рушди иҷтимоӣ ва фарҳангии кишварро муайян менамояд ва он бевосита ба соҳаҳои иқтисодӣ, сиёсӣ, илм, ҳуқуқ, бехатарӣ иртибот дорад. Мутаассифона, дар раванди ислоҳоти маориф таҳсилоти калонсолон то андозае нодида гирифта шудааст ва барои рушди ин соҳа заминаҳои қонунӣ зарурат дорад.
Дар ин раванд, Ассотсиатсияи таҳсилоти калонсолони Тоҷикистон (АТКТ) паҳлуҳои мушаххас ва заминаҳои ҳуқуқиеро дар самти таҳсилоти калонсолон мавриди пажӯҳиш қарор додааст. Соҳиба Раҳимова раиси Шӯрои машваратии АТКТ ин масъаларо чунин арзёбӣ кард:
-Аз 17 январи соли 1997 дар фазои таҳсилотии ҳавзаи кишварҳои собиқ шӯравӣ Шартномаи нав дар бораи интишори донишҳо ва таҳсилоти калонсолон ба тасвиб расид, ки дар заминаи он консепсияи рушди таҳсилоти калонсолони кишварҳои ширкаткунандаро муайян месозанд. Тибқи амалӣ шудани барномаи ягонаи таҳсилоти калонсолон соли 2006 дар шаҳри Душанбе Шӯрои оид ба таҳсилот миёни кишварҳои мустақил нишаст доир намуд. Зимни нишасти мазкур тасмим гирифтанд, ки ҳар як кишвари иштироккунанда консепсияи таҳсилоти калонсолони кишварҳои худро пешниҳод намояд. Баъдан дар асоси консепсияи мазкур бояд барномаи давлатӣ қабул мешуд. Консепсия сиёсати институтсионалии таҳсилоти калонсолонро муайян карда, паҳлуҳои омӯзиши бидуни танаффус ва таҳсилоти шаффофу кушодро дар бар мегирад. Аз он рӯзҳо даҳ сол сипарӣ гардид. Мутаассифона, ҷараёни қабули консепсия дар кишвари мо ба таври тӯлонӣ сурат мегирад.
Сиёсати таҳсилот ҳанӯз аз даврони қадим ба инкишофи шахсияти инсон, таҳсили мустақилонаи ӯ мусоидат мекард ва барои он заминаи қоидаҳои омӯзишӣ вуҷуд дошт. Замони муосир бошад, таҳсилоти калонсолон пажӯҳиши мукаммал мехоҳад ва барои кишвари мо як қонуне зарур аст, ки сохтори таҳсилоти калонсолонро ба танзим дарорад.
Музаффар Зарифов — сарвари АТКТ чунин меафзояд: «Маҳз бо талаботи замон сиёсати таҳсилотӣ такмил меёбад, он ба заминаи институтсионалӣ ниёз дошта, ҳамзамон қонунҳо низ вобаста ба замона тағйироту иловаҳои нав мехоҳанд. Агар бо чашми андешаву таҳлил ба замонҳои хеле дур назар афканем, мебинем, ки инсон танҳо аз роҳи омӯзиш ба нуқтаи асосии инкишофи илму техникаи муосир расидааст. Дар масъалаи таҳияи лоиҳаи қонун «Дар бораи таҳсилоти калонсолон» гурӯҳи корӣ аз ҷониби АТКТ ташкил шуда, муҳокимаи лоиҳаи мазкурро борҳо мавриди баҳси нишастҳо қарор додаанд. Дар ин самт гурӯҳи корӣ дар сатҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ташкил ёфтааст. Ҳамаи талошҳо барои он равона шудаанд, ки ба тасвиб расидани он шароити мукаммали таҳсилоти калонсолонро дар кишвари мо расман таъмин намояд, ки дар баланд бардоштани маърифати касбии аҳолӣ як унсури муҳиме ба шумор меравад».
Аксари қонунҳои таҳсилотӣ то ба имрӯз бо сохтори даврони Шӯравӣ ҳамбаста аст, ки он усули омӯзиш ва роҳҳои ҷории худро дорад. Солҳои истиқлолият он ба дигаргунӣ ниёз пайдо кард. Системаи қаблии омӯзиши калонсолон мунтазамии таҳсили ҳатмиро талаб мекард, ки дар заминаи барномаи макотиби миёна омода намудани мутахассисони касбӣ роҳандозӣ мешуд. Ҳамзамон дар баробари хатми мактаби миёна, хатмкунанда боз соҳиби як ихтисоси замонавӣ буд, ки корхонаҳои истеҳсолӣ ба он эҳтиёҷ доштанд.
Сабабҳои зиёде мавҷуданд, ки рӯз ба рӯз аҳолии калонсоли кишвар ба омӯзиш машғул мешаванд. Тавре мушоҳида мегардад, онҳо ба муассисаҳои таълимию касбӣ ва марказҳои такмили касб бештар рӯ меоранд.
Дар мавриди афзоиш ёфтани теъдоди муассисаҳои таълимии касбии расмӣ Нодиршо Аслишоев – намоядаи Хадамоти муҳоҷират афзуд, ки аксари синни калонсоли ҷомеа, ки таъмингар ва сарпарасти оилаи хеш маҳсуб мешаванд, бо истифода аз дониш ва малакаҳои навин ба бозори меҳнат ворид мегарданд, то бо дороии касбияти баланд ва лаёқатмандии онҳо кордиҳанда зарурат пайдо кунад. Воқеан захираҳои меҳнатии кишвар муҳимтарин иқтидори содиротиест, ки бозори берунӣ бевосита ба он талабот дорад. Аз ин рӯ, дар Консепсия омори дақиқу аниқро ворид кардан зарур аст, аз қабили теъдоди хатмкунандагон ва шумораи мактабҳои таҳсилоти касбӣ, коллеҷу литсейҳо ва мактабҳои олӣ ва ҳамчунин дигар оморҳо низ бояд заминаи воқеӣ дошта бошанд.
Бибиҳаво Шарифова – корманди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин зикр кард: «Аслан фаъолияти муассисаҳои мазкур дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ», ки соли 2007 қабул шудаасту баъдан ба он тағйироту иловаҳо ворид шудааст, роҳандозӣ гардидааст. Қонуни мазкур фаъолияти субъектҳои сохторҳои таълимию истеҳсолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки ба таъмини ҳуқуқии шаҳрвандон ҳангоми гирифтани касб, омода намудан, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кадрҳо дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ равона карда шудаанд, танзим менамояд. Албатта, аксари муассисаҳои таълимӣ ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тааллуқ доранд, ҳамчунин дар назди Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон марказҳои омӯзишӣ амал мекунанд».
Бештари марказҳо санадҳои ҳирфавӣ медиҳанд, яъне онҳо комилан кадрҳои соҳибихтисосро омода мекунанд. Аммо системаи ягонаи омӯзиш, принсипҳои таҳсилотӣ дар асоси қонуни ягона вуҷуд надорад, мубодилаи иттилоот, такмили таҷриба дида намешавад.
Аслан таҳсилот ҳуқуқи ҳар як шахс маҳсуб меёбад, маҳз он ҳамчун омили асосии омӯзиши камолёбии инсон таъсиргузор аст. Агар таҳсилот ҳуқуқи шахс бошад, пас барои он дарвоқеъ, заминаи ҳуқуқӣ зарур аст, ки барои инсони таҳсилкунанда имконият фароҳам орад.
Тоҷиниссо Азизова — коршиноси соҳаи ҳуқуқ чунин иброз дошт: «Имрӯзҳо ин сиёсат такмил мехоҳад, мо қонунҳоеро, ки марбут ба таҳсилоти умумианд, дорем, чанд қонуни дигар дар мавриди таҳсилоти ибтидоии касбӣ, таҳсилоти иловагӣ, дар бораи мактабу маориф низ қабул шудааст, аммо онҳо комилан ба сохтори таҳсилоти калонсолон ҷавобгӯй нестанд, танҳо чанд банде аз ин қонунҳо ба таҳсилоти калонсолон иртибот дорад».
Бархе аз коршиносони соҳаи ҳуқуқ бар он назаранд, ки қонунҳои имрӯз қабулшуда, на ҳама вақт вазифаҳо ва уҳдадориҳои кулли қишрҳои ҷомеаро ба назар мегиранд. Масалан, дар қонун шояд ишора ба синни калонсоли аҳолии кишвар кунанд, вале маҳбусон, маъюбон, занони танҳо ва дигарон низ набояд фаромӯш шаванд.
- Дар баъзе қонунҳо меъёрҳо такрор мешаванд, ибораҳо ва бандҳои умумии зиёдеро меоранд, ҳол он ки қонун барои шаҳрвандон аст ва он бояд бо забони оммафаҳм пешниҳод шавад. Дар қавс овардани баъзе аз бандҳое, ки барои қишри муайяни ҷомеа муҳим аст, зарур мебошад, яъне ба кадом гурӯҳ тааллуқ дорад, барои маҳкумшудагон ва ё барои занону кӯдакон?- мегӯяд ҳуқуқшинос Наврӯз Латипов.
Аслан таҳсилоти калонсолон ин талаботи аввалиндараҷаи ҳар як шахс буда, таъмингари эҳтиёҷоти ҷомеа ва давлат аст, ки маҷмӯан чанд самти муайян кардани мақсаду сабаби омӯзишии синни калонсолони аҳолиро дар бар мегирад, аз қабили гирифтани маълумоти миёнаи умумӣ, такмил ва беҳтар кардани ихтисос, ҳифзи саломатӣ ва беҳтар кардани саломатӣ, беҳтар кардани сифати вазъи оилавӣ, ширкати ҷиддӣ, ҳадафнок, босамар ва боақлона дар ҳаёти ҷамъиятӣ, вақтро самаранок гузаронидан, ташаккул додани тафаккури шахсӣ ва ҳоказо.
Зиля Шоҳмаҳмадова бо намояндагӣ аз гурӯҳи кории таҳияи лоиҳаи қонун «Дар бораи таҳсилоти калонсолон»-и назди АТКТ чунин иброз дошт: «Таҳсилоти калонсолон ин як маҷмӯи меъёрҳоест, ки дар атрофи он ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва кормандонро ба инобат мегиранд. Айни ҳол лоиҳаи қонун дар ҷараёни тарҳрезист ва аслан сохтори он анъанавӣ буда, дар он кулли меъёрҳо ва ҳуқуқу уҳдадориҳо ба назар гирифта хоҳанд шуд. Ин қабил қонун дар кишварҳои Эстония, Украина ва Федератсияи Россия қабул шудааст ва мо тавонистем, ки ба ин қонунҳо низ такя намоем. Аммо сари ҳар як банд мантиқан бояд таваққуф кард, ки то чӣ андоза мазмуни он ҳадафнок ва оммафаҳм оварда шудааст. Талош мекунем, ки дар сари ҳар як нишаст андешаи дигаронро ба назар гирем, то қонун адолатпазир бошад».
Маъмулан таҳсилоти расмӣ ва ғайрирасмиро бидуни худомӯзии ҳамарӯза тасаввур кардан имконнопазир аст. Масъалаи ҷорӣ будани таҳсилоти ғайрирасмӣ низ то андозае нодуруст қабул шудааст, ки ин сабаби аз назарҳо дур мондани онро ба миён меорад. Ҳол он ки дар ин самт муҳимият он аст, ки ҳар ду унсур якдигарро такмил медиҳанд, сатҳи табодули таҷрибагириро баланд мебардоранд, ҷаҳонбинии таҳсилкунандаро васеъ карда, сифати дониши ӯро беҳтару хубтар мегардонанд.
Ба андешаи ҷомеашинос Гулчаҳон Бобосодиқова: «Омӯзиши касбу ҳунар барои ҷомеаи имрӯз бояд мутобиқи замон сурат гирад. Имрӯз қонунҳои ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҳсилот то чӣ андоза ба таҳсилоти калонсолон мувофиқат мекунад, ин бояд дар мизони ченаки таҳсилотӣ ва ҳуқуқӣ муайян шавад. Мутаассифона, истилоҳи таҳсилоти калонсолонро дар кишвари мо хуб дарк накардаанд. Ҳатто маҳфуми омӯзиши ғайрирасмӣ аз расмӣ дигаргуна арзёбӣ мешавад. Ин масъалаест, ки дар сари он бояд АТКТ бо ҳамкорӣ бо Академияи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, олимон, ҳуқуқшиносон ва дигар коршиносон як Шӯрои машваратии ҳамоҳангсозро ташкил намуда, тарҳи хуби лоиҳаи қонун «Дар бораи таҳсилоти калонсолон»-ро таҳия ва пешниҳод кунанд».
Таассуфовар аст, ки имрӯзҳо имкониятҳои рушди таҳсилоти калонсолон маҳдуд аст, то ҳол фаъолиятҳо тибқи меъёрҳои куҳнашудаи ҳуқуқӣ ва афкори шахшудаи таълимотӣ амал мекунанд. Алишер Иззатуллоевич Ёрбобоев –мудири шуъбаи шуғл ва ҳифзи иҷтимоии Дастгоҳи иҷрояи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин маврид чунин гуфт: «Зарурати қабули қонун «Дар бораи таҳсилоти калонсолон» ба миён омадааст ва он доманаи таҳсилоти калонсолонро фарохтар хоҳад кард. Ҳоло дар кишвар гурӯҳи корӣ дар сатҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ёфтааст. Зикр кардан ҷоиз аст, ки қонуни мазкур набояд ҳамчун як қонуни соҳавӣ қабул шавад. Дар муҳокима ва таҳияи он иштироки ҷомеа зарур аст, ки ин усул воқеан ҳам қонунӣ буда, маҳз барои аҳолӣ манфиат меорад. Ҳамзамон қабули он комилан дар рушди системаи таҳсилоти калонсолон мусоидат хоҳад кард. Аммо ҳам паҳлуҳои гуногуни лоиҳаи қонун ва ҳам Консепсияи он қаблан мавриди омӯзиши коршиносон бояд қарор гирад. Имрӯзҳо таҳсилоти калонсолон ба як соҳаи мустақил табдил ёфтааст. Панҷ сол пештар танҳо 15 ҳазор аҳолии калонсол ба таҳсилот фаро гирифта мешуд. Имрӯз бошад, талаботи аҳолӣ ба касбомӯзӣ афзудааст, тибқи омор 86 000 нафар ба касбомӯзӣ фарогир шудаанд, ғайр аз ин 63 ҳазор омӯзишгоҳҳо фаъолият мекунанд, ҳамзамон курсҳои омӯзишӣ низ фаъолият доранд. Рушди Тоҷикистон аз соли 1997 то ба имрӯз 80 маротиб афзудааст. Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маркази омӯзиши таҳсилоти калонсолон, марказҳои омӯзишии соҳибкорӣ таъсис ёфтаанд. Тоҷикистон, ки дар ин самт дар давраи гузариш қарор дорад, бахусус барои қабули қонун «Дар бораи таҳсилоти калонсолон» бояд аз сохтори таҳсилоти калонсолон дар мамлакатҳои пешқадам бардоште гирад. Дар таҳияи лоиҳаи қонун «Дар бораи таҳсилоти калонсолон» низоми ягонаи таҳсилоти дигар кишварҳоро бояд ба таври густурда омӯхт, дар мавриди имконияти такмили ихтисос, фароҳамоварии шароит барои гирифтани кӯмаки машваратӣ ва воситаҳои техникии таълимӣ низ бояд андеша кард, то ки барои беҳтар кардани самти таҳсилоти калонсолон навтарин омилҳо ва мувофиқтарин усулҳоро дар кишварамон ҷорӣ намоем».
Хулоса, таҳсилоти калонсолон барои рушди инфиродӣ ва расидан ба дараҷаи ҳунармандии асил мусоидат хоҳад кард. Мутаассифона, дар ислоҳоти маориф аксаран барои рушди таҳсилоти касбӣ бештари омилҳо ба назар гирифта нашудаанд. Агар ҳама паҳлуҳо ва омилҳо дар қонуни нав «Дар бораи таҳсилоти калонсолон» мавриди пажӯҳиш қарор гиранд, пас Тоҷикистон метавонад, ки бо истифода аз усулҳои таълими модернӣ дар доираи меъёрҳои ҳирфавӣ як неруи бузургеро аз ҳисоби захираҳои меҳнатӣ тарбия намояд. Аммо ҳар мамлакат меъёр ва санадҳои ҳуқуқии худро дорад ва барои арзёбӣ, беҳтар кардани вазъи таҳсилоти калонсолон бидуни санадҳои ҳуқуқӣ коре ба анҷом намерасад.
Шамъигул АМИНОВА, журналист