Аммо чаро масъулин дар робита ба ин масъала «ҷомаашонро чаппа пӯшидаанд»?
Хосият Фозилова аз зумраи занони фаъолу маърифатпарвари шаҳри бостонии Истаравшан аст. Касби асосиаш омӯзгорист. Ду даъват вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Истаравшан ва вилояти Суғд интихоб гардидааст. Солҳо дар вазифаи муовини раиси шаҳри Истаравшан кор карда, аз вазъи мактабу маорифи шаҳр хуб огоҳӣ дорад.
Шунидам, ки баъди ба нафақа баромадан аз паи таъсиси Коллеҷи омӯзгорӣ дар Истаравшан шудааст.
Чанде қабл Хосият Фозилова бо як даста коғазу санад ба наздам даромада, ҳасрат кард:
- Намедонам, додамро ба кӣ гӯям? — гуфт ӯ ва ҳуҷҷатҳои дар дастбударо сӯям дароз кард.
Онҳоро варақ задам, аризаву мактубу пешниҳоду ҷавобҳо, аз қабили мактуби ҷавобии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10-уми феврали соли 2016, № 14/5/98 ба раиси шаҳри Истаравшан Н. Набизода, нусхаи қарори №1-и муассиси Муассисаи ғайридавлатии «Коллеҷи омӯзгории шаҳри Истаравшан» дар бораи таъсиси муассиса аз 11 апрели соли 2016, фармони № 1-и муассис аз 14 апрели соли 2016 дар бораи таъин намудани Х. Фозилова ба вазифаи директори Муассисаи ғайридавлатии «Коллеҷи омӯзгорӣ», Шаҳодатномаи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи бақайдгирии давлатии таъсисёбии муассиса аз 25 августи соли 2016, Иқтибос аз феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва санаи бақайдгирии давлатии таъсисёбии ҳамин муассиса (аз 25 апрели соли 2016), хулосаи Хадамоти давлатии санитарию эпидемиологии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 202 аз 7 июни соли 2016, мактуби ҷавобии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 апрели соли 2016 ба Х. Фозилова дар бораи ҳаллу фасл шудани масъалаи таъсиси Коллеҷи омӯзгорӣ, мактубҳои МИҲД-и шаҳри Истаравшан ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди тезонидани ҳуҷҷатгузории таъсисёбии коллеҷ ва ғайра буданд.
Масалан, раиси собиқи шаҳри Истаравшан Н. Набизода дар мактуби худ унвонии вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саид Нуриддин Саид, аз 20 июни соли 2016, № 412, барои дастгирии пешниҳоди МИҲД-и шаҳри Истаравшан дар бобати таъсиси Коллеҷи омӯзгорӣ изҳори миннатдорӣ карда, иттилоъ медиҳад, ки тибқи дастуру пешниҳодоти хадамоти дахлдори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муассиса пурра ба фаъолият омода гардидааст. Инчунин, нусхаи мактуби директори Коллеҷи омӯзгорӣ Хосият Фозилова ба вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саид Нуриддин Саид дар бораи ба фаъолият оғоз кардани коллеҷ ва дархост додани иҷозатнома барои ташкили гурӯҳҳои таҳсилоти томактабӣ ва ибтидоӣ аз 27 — уми майи соли 2016 замима гардидааст.
- Мақсад аз нишон додани ин аснод дар чист? — пурсон шудам ман.
- Ин номаи ҷавобии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба дархости МИҲД-и шаҳри Истаравшан дар бобати таъсиси Коллеҷи омӯзгорӣ дар шаҳри Истаравшан хонда бароед, — аз ман хоҳиш кард Х. Фозилова.
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мактуби худ ба раиси шаҳри Истаравшан Н. Набизода аз 10 феврали соли 2016 иттилоъ медиҳад, ки «Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мактуби шуморо аз 9 феврали соли 2016, № 04-187 ҷиҳати таъсис додани Муассисаи ғайридавлатии «Коллеҷи омӯзгории шаҳри Истаравшан» баррасӣ намуда, хабар додааст, ки бо дарназардошти эҳтиёҷоти муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ ба омӯзгорон таъсис додани муассисаи таълимии мазкурро дар шаҳри Истаравшан қобили дастгирӣ мешуморад.
Ҳамчунин, барои таъсис додани муассисаи таълимӣ ва фаъолияти самараноки он, тибқи меъёрҳои мавҷуда, бояд бинои таълимии мустақил, заминаи моддӣ — техникӣ, кадрӣ, маводи таълимӣ — методӣ, толори фарҳангӣ, майдончаи варзишӣ, синфхонаҳо, кабинетҳои таълимии ба талаботи нақша ва барномаҳои таълимӣ ҷавобгӯ ташкил карда шаванд.
Дар мавриди муҳайё будани меъёрҳои зикршуда, вазорат барои таъсис додани Муассисаи таълимии ғайридавлатии Коллеҷи омӯзгорӣ дар шаҳри Истаравшан зид нест. Муовини вазир».
Дар робита ба ин, ҳамроҳи собиқ раиси шаҳри Истаравшан, алҳол вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии Истаравшан 23 Абдуллозода Иброҳим Ғоибназарӣ ба ҳузури вазири маориф ва илм рафтем. Вазир гуфт, ки «Мо розигиамонро дар бобати ташкил кардани Коллеҷи омӯзгорӣ дар шаҳри Истаравшан ба таври хаттӣ баён доштем. Рӯзҳои наздик ходимони Хадамот ба Истаравшан рафта, вазъи масъаларо месанҷанд ва барои комил гаштани базаи моддию техникии муассиса дархосту пешниҳодоташонро иброз мекунанд. Шумо бемалол ба кор ва қабули довталабон оғоз намоед».
Ҳамин тавр, тибқи супориши вазир кормандони хадамоти марбутаи назди вазорат чанд бор ба Истаравшан омаданд ва маслиҳату пешниҳодҳояшонро гуфтанд. Тибқи он бинои калону барҳавои дуошёнаро таъмири асосӣ кардем, ки иборат аз 14 синфхона, 8 компютер, як принтер, ду лаборатория, 70 миз, 140 курсӣ, 1500 нусха китобҳои илмию таълимӣ, як толори варзишӣ, ду утоқи муаллимон, утоқҳои сарвар ва муовини ӯ буда, хобгоҳ, синфхонаи компютерии бо шабакаи интернет пайваст мебошад. Асноди зарурӣ, аз қабили оиннома ва нақшаҳои таълимӣ, ҷадвали басти вазифаҳо, соатҳои таълимии омӯзгорон, рӯйхати кадрҳои педагогӣ иборат аз 18 нафар, ду доктори илм, ду номзади илм ва 14 мутахассиси варзидаро омода сохта, ба кор шурӯъ кардем. Ин моҳи июни соли 2016 буд. Тайи ин муддат Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд ҳуҷҷатҳои муассисаи моро ба расмият дароварда, дар ин бора мактуби ҷавобӣ ирсол медошт, вале ин кор сурат нагирифт. Моҳҳои июн ва июл бояд аризаи довталабонро қабул карда, оғози моҳи август имтиҳонҳои қабулро ба роҳ мемондем, вале мо натавонистем бе иҷозати расмии вазорат ин амалҳоро анҷом диҳем. Як соли дароз ман ба Душанбе, ба қабули вазир рафтаму шахсе, ки дар дафъаҳои аввал: «Муаллима, равед, аз паи таъсиси коллеҷ шавед, мо розӣ» мегуфт, якбора «ҷомаро чаппа пӯшида»: «Дар Истаравшан зарурати таъсиси Коллеҷи омӯзгорӣ нест, шакли онро тағйир диҳед, мактаб ё боғча ташкил кунед, мо розигӣ медиҳем» мегуфтагӣ шуд.
Барои он ки қабули хонандагонро соли 2017 ба роҳ монем, ман боз аз пайи масъала шудам. Раиси шаҳри Истаравшан Баҳром Иноятзода ташаббуси маро дастгирӣ карда, аз 4 майи соли 2017 унвонии вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саид Нуриддин Саид бо мақсади ҳалли мусбати масъала мактуб ирсол кард. Инак, беш аз дуюним сол гузашту натиҷа нест.
Ман барои иҷрои ҳама кор пасандози оилавиамро пурра сарф кардам. Нарасид, боз аз банк маблағи калон қарз гирифтам, зиёда аз ду сол аст, ки фоизи онро месупорам. Ҳамчун андозсупоранда дар назди мақомоти андоз низ дар ҳолати ногувор қарор дорам, чӣ кор кунам, додамро ба кӣ гӯям?, — гуфт ҳамсуҳбати ман.
Пештар мегуфтанд, ки аломати асосии шаҳри қадима дар маркази илму маърифат, дониш, фарҳангу тамаддун будани он аст.
Зиёда аз 20 сол аст, ки аҳли зиёи шаҳр тақозо менамоянд, ки дар шаҳри Истаравшан, ки имрӯз зиёда аз 260 ҳазор нафар нуфус дошта, наздик ба 100 ҳазор нафараш ҷавон мебошанд, Омӯзишгоҳи педагогӣ ташкил карда шавад. Вале роҳбарияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мактубу муроҷиатҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан ҷавоби рад медиҳад. Дар ҳоле ки дар шаҳри Панҷакент Донишкадаи омӯзгорӣ, дар шаҳрҳои Хуҷанду Конибодом Коллеҷи омӯзгорӣ ва дар ноҳияҳои камаҳолии Мастчоҳу Зафаробод омӯзишгоҳу коллеҷи педагогӣ ва дар ноҳияи Ҷаббор Расулов филиали Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров амал менамоянд, бо кадом сабаб шаҳри бостонии Истаравшан аз чунин имконият маҳрум аст?
Ҳусейни НАЗРУЛЛО, «Садои мардум»