Чанде пеш Муассисаи давлатии «Маркази миллии тестӣ» (ММТ) таъсис ёфта буд. Аз 1 март то 15 апрели соли ҷорӣ дар шуъбаҳои минтақавии ММТ давраи бақайдгирии довталабон ба донишгоҳу донишкадаҳои кишвар оғоз меёбад. Алҳол фаъолияти марказ ва корҳои фаҳмондадиҳии низоми нави имтиҳонсупорӣ барои довталабон дар кадом сатҳ қарор дорад? Оё низоми нав ба сифати қабули донишҷӯён ва интихобу тарбияи мутахассисони боистеъдод таъсири мусбӣ мерасонад? Атрофи ин ва дигар масъалаҳо бо директори Муассисаи давлатии «Маркази миллии тестӣ» Савзалӣ Ҷаъфаров ҳамсуҳбат шудем.
-Пешрафти бесобиқаи илму техника тадриҷан ба сифати таълиму тарбия ва ба дигаргунсозии низоми таҳсил дар Тоҷикистон таъсир мегузорад ва ифтитоҳи Муассисаи давлатии «Маркази миллии тестӣ» гувоҳи гуфтаҳои болост. Ба андешаи шумо, ҳадафи аслии рӯйи кор омадани ин марказ аз чӣ иборат аст?
- Солҳои охир таҷдиду ислоҳоти соҳаи маориф бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дорад. Яке аз ин навгониҳо дар низоми таҳсилот ҷорӣ кардани усулҳои нави қабул ва ё арзёбии сатҳу сифати дониши хонандагон мебошад. Тавре ба мушоҳида мерасад, дар бештари кишварҳои ҷаҳон технологияи замонавӣ дар аснои арзёбии дониш мавриди истифода қарор дорад. Истифодаи низоми нави миллии тестӣ дар арзёбии дониши хонандагон тақозо мекунад, ки зимни таҳияи тестҳо равишҳои илмӣ таври муайян, бо истифода аз барномаҳои махсуси компютерӣ ба амал бароварда шавад. Яъне, технологияҳои информатсиониву коммуникатсионӣ, барномаҳои компютерӣ имконият медиҳанд, ки дар як вақти муайян миқдори зиёди хонандагон баҳогузорӣ шаванд. Дар ин самт яке аз бартариҳо аз он иборат аст, ки чунин баҳогузорӣ бе дахолати омилҳои инсонӣ ба амал бароварда мешавад ва ҷараёни имтиҳонотро таври шаффоф таъмин менамояд. То имрӯз қабули довталабон ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар аз рӯйи низоме сурат мегирифт, ки аз даврони шӯравӣ боқӣ монда, ба талаботи ҳозира ҷавобгӯй набуд. Яке аз ҳадафҳои асосии рӯйи кор омадани низоми нав таъмини дастрасии баробар барои тамоми қишрҳои ҷомеа ба таҳсилоти олии касбӣ мебошад.
- Ҷараёни бақайдгирии довталабон дар ин муассиса чӣ гуна сурат мегирад ва натиҷаҳои имтиҳон кай маълум мешавад?
- Низоме, ки таҳия шудааст, низоми даврӣ мебошад. Дар қиёс ба низоми солҳои пеш, оғози бақайдгирӣ, давраи имтиҳон ва давраи тақсимоти донишҷӯён як муҳлати муайянро фаро мегирад. Аз ҷумла даврае, ки барои довталаб муайян шудааст, давраи бақайдгирӣ мебошад, ки он аз 1 март то 15 апрели соли ҷорӣ идома меёбад. Дар ин муддат довталабон ба нуқтаҳои бақайдгирии наздик ба маҳалли зисташон муроҷиат карда, худро номнавис мекунанд. Бояд гуфт, ки сохтори Муассисаи давлатии «Маркази миллии тестӣ» аз раёсат, 11 шуъба, як бахш ва чор шуъбаи минтақавӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Қӯрғонтеппа ва Хоруғ иборат мебошад, ки довталабонро ба қайд мегиранд. Низоми нав якчанд бартарӣ дорад. Хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёна ба марказҳои бақайдгирӣ омада, вобаста ба хоҳишашон имкон доранд, ки даҳ ихтисосро аз донишкадаву донишгоҳҳо интихоб намоянд. Пас аз интихоби ихтисосҳо, мутахассисони марказ довталабонро дар шакли электронӣ дар компютер сабт мекунанд ва ба ин васила теъдоди нафарони ба донишкадаву донишгоҳҳо сабти номшуда ба осонӣ ҳисоб карда мешавад. Ҳоло зиёда аз 400 ихтисосе, ки дар донишкадаву донишгоҳҳо омӯзонида мешавад, вобаста ба наздикии ихтисосҳо онҳоро ба панҷ гурӯҳ тақсим кардем ва довталаб метавонад, ки аз он як гурӯҳи ихтисосҳоро интихоб кунад. Масалан, гурӯҳи ихтисосҳои табиӣ, техникӣ, иқтисодиёт, география ва амсоли инҳо, ки доваталабон метавонанд аз он гурӯҳҳо ихтисосҳоро интихоб кунанд.
Баъдан, дар марҳилаи дигар ба ҳар довталаб, то 31 майи соли 2014 даъватнома фиристода мешавад, ки дар ин даъватнома макону замони баргузории имтиҳон вобаста ба интихоби ихтисосҳояш мушаххас нишон дода мешавад. Мутобиқи ин даъватнома, имтиҳонҳои марказонида аз 1-ум то 12-уми июли соли равон сурат мегирад. Дар ин муддат довталабон ба марказҳои имтиҳон омада, давоми ду рӯз имтиҳонҳои тестиро месупоранд. Имтиҳони аввал аз донишҳои умумӣ, аз қабили фанҳои забони модарӣ, математикаи умумӣ, таърихи халқи тоҷик, асосҳои давлат ва ҳуқуқ мебошад. Дар рӯзи дуюм вобаста ба ихтисоси интихобкардаашон, фарз кардем, агар ихтисоси табиӣ-техникӣ бошад, довталаб аз математика, физика, химия имтиҳон месупорад. Дар ихтисоси филология, педагогика ва санъат бошад, аз фанҳои забон ва адабиёти тоҷик, таърих ва забони хориҷӣ имтиҳон месупорад. Барои равияи ҷомеашиносӣ ва ҳуқуқ бошад, аз таърих, ҳуқуқи инсон ва забони хориҷӣ имтиҳон қабул карда мешавад. Ҳамин тавр, ду рӯз вобаста ба ихтисоси интихобкарда аз довталабон имтиҳон гирифта мешавад. Яке аз бартариҳои низоми мазкур дар муқоиса ба солҳои қаблӣ дар он аст, ки дигар зарурати омадани довталабон аз ноҳияҳои дурдаст ба маркази шаҳри Душанбе намемонад. Яъне, дар марказҳои вилоятҳо онҳо метавонанд имтиҳонҳояшонро супоранд. Маводи имтиҳонӣ, аз ҷумла саволномаҳо дар Муассисаи давлатии «Маркази миллии тестӣ» таҳия гардида, дар ҳамин ҷо чоп мешаванд ва дар халтаҳо ва сандуқҳои махсуси бо пломбаи истифодаи яккарата баста, бо мошинҳои махсуси муҳофизатшаванда ба марказҳои имтиҳонӣ дастрас мегарданд. Дар назар аст, ки эълони натиҷаҳои имтиҳон якуми август тавассути сомонаи марказ ва шуъбаҳои минтақавии Муассисаи давлатии «Маркази миллии тестӣ» ба довталабон расонида шавад. Инчунин марҳилаи апелятсия низ гузаронда мешавад. Паз аз ин марҳила, тақсимоти довталабон ба донишкадаҳо сурат мегирад. Яъне, бо барномаҳои компютерӣ тақсимоти довталабон аз рӯйи алгоритми муайяне, ки таҳия шудааст, ба донишкадаву донишгоҳҳо тибқи хоҳиш ва холҳои кофии гирифтаашон роҳхат дода мешаванд. Яъне, довталаб мувофиқи шумораи холҳояш ба яке аз мактабҳои олӣ ва ихтисосҳои интихобкардааш қабул мегардад. То 15 августи соли ҷорӣ натиҷаи тақсимот ба довталабон расонида мешавад. Дар охир муайян хоҳад шуд, ки довталаб ба кадом донишкада ё донишгоҳ вобаста ба ихтисоси интихобкардааш фиристода мешавад. Инчунин довталаб дар муҳлати то 25 август бояд ба донишкада ё донишгоҳ ҳуҷҷатҳояшро пешниҳод кунад. Агар масъалаи шартномавиаш бошад, онро ба расмият медарорад ва аз якуми сентябр ба таҳсил оғоз менамояд.
- Маълум мешавад, ки муҳлати ҷамъбасти натиҷаҳои имтиҳон 19 рӯзро дар бар гирифта, якуми август эълон мешавад. Оё ин муҳлати тӯлонӣ нест?
- Ин чандон муҳлати дароз нест, зеро барои коркарди натиҷаҳои имтиҳон аз рӯйи технологияҳои тестӣ бояд якчанд марҳила кор бурда шавад. Яъне, барои коркарди маводи имтиҳонӣ, аз ҷумла саволномаҳо, ки пас аз супоридани имтиҳонҳо аз минтақаҳо ба Муассисаи давлатии «Маркази миллии тестӣ» ворид мешавад, коркарди он дар марказ бо истифода аз технология ва барномаҳои компютерӣ сурат мегирад. Аз ҷумла марҳилаҳои эътимодсанҷӣ, «сканернамоӣ», «берификатсия» вақти зиёдро талаб мекунанд. Дар назар аст, ки теъдоди довталабон аз рӯйи ҳисоби пешакӣ, ба 50 ҳазор нафар расад. Барои коркарди ҳамаи панҷоҳ ҳазор варақаҳои ҷавоб бояд марҳилаҳои технологӣ пурра иҷро карда шавад, то аз рӯйи талабот шаффофият таъмин гардад. Аз ҳамин нуқтаи назар, барои коркарди маводҳои тестӣ вақт лозим аст.
-Он довталабоне, ки аз имтиҳон нагузаштанд, дар асоси ариза ҳаққи дубора супоридани имтиҳонро доранд?
- Асосан имтиҳонҳо як маротиба баргузор мегардад. Вале , вобаста ба ҷойҳои холимонда, дар асоси ҳамон натиҷаи аввалия, довталаб метавонад, ки дар имтиҳони дуюм иштирок кунад. Ин раванд дар назар дошта шудааст.
-Намунаи тестҳои Муассисаи давлатии «Маркази миллии тестӣ» вобаста ба барномаи таълимӣ аст?
- Барномаҳои имтиҳонӣ аз барномаи таълимии мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ интихоб шудаанд. Моҳи феврал барномаи имтиҳонӣ дар сомонаи марказ гузошта мешавад ва дастраси довталабон мегардад. Дар бораи намунаҳои тестҳо низ аллакай маводи ёрирасон омода шудааст ва моҳи феврал пешкаши хонандагон мешавад.
-Оё ҳаҷми маблағҳои пешпардохт аз ҷониби довталабон муайян шудааст?
- Пардохти маблағ зарур аст ва он аслан он барои хизматрасонии Муассисаи давлатии «Маркази миллии тестӣ» пешбинӣ шудааст. Алҳол ҳаҷми пардохти маблағ бо Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мешавад. Вақте бо ин ниҳод мувофиқа шуд, дар бораи ҳаҷми он ба довталабон маълумот медиҳем.
-Барои роҳ надодан ба тақаллубкориҳо нақши мутахассисони марказ аввалиндараҷа мебошад. Дар бораи фаъолияти кормандони марказ ва таҷрибаи андӯхтаи шахсони масъули имтиҳонгир чӣ гуфта метавонед?
- Алҳол он технологияҳои замонавие, ки дар марказ ҳаст, имкон медиҳад ҷараёни корбарӣ ва чопи маводро шаффоф ва одилона ба амал барорем. Мутахассисони Муассисаи давлатии «Маркази миллии тестӣ» давоми се сол аст, ки бо донорҳои хориҷӣ ҳамкорӣ намуда истодаанд. Онҳо ба мо дар ташкили семинарҳои тахассусӣ ва кӯмаки техникӣ мусоидат карданд. Давоми се сол мутахассисон дар ҳама самтҳо, аз ҷумла таҳияи тестҳо омода шуданд. Дар шуъбаҳои минтақавӣ низ бо баргузории семинар ва озмоишҳои махсус мутахассисон тайёр шудаанд. Инчунин дар пилотҳои махсус зиёда аз 20 озмоиш гузаронида шуд. Соли гузашта кормандони шуъбаи технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ низ дар семинарҳо иштирок намуда, курсҳои омӯзиширо гузаштанд.
Ҳамзамон, зимни бақайдгирӣ ва ҳам гузаронидани имтиҳонҳо кормандони дигари ёрирасонро ҷалб месозем. Пеш аз он ки онҳоро ба кор сафарбар намоем, эшон имтиҳон месупоранд ва тариқи конкурс ба кор қабул карда мешаванд. Яъне, аз нуқтаи назари неруи кадрӣ, марказ аллакай тайёрии ҳамаҷониба дидааст.
-То куҷо метавон умед баст, ки низоми нави имтиҳонсупорӣ барои баланд бардоштани сатҳу сифати таълим ва зинаҳои баъдинаи таҳсилоти кишвар мусоидат мекунад?
-Яке аз ҳадафҳои ҷорӣ намудани ин низом коҳиш додани ҳодисаҳои номатлуб, аз қабили коррупсия мебошад, ки дар ҷараёни имтиҳонҳо ба назар мерасид. Инчунин ҳадаф баланд бардоштани сифати таълим ва хубтар ба роҳ мондани интихоби довталабон мебошад, зеро аз довталаби омодашуда дар оянда ихтисосманди хубро интизор шудан мумкин аст. Яъне, ҳамаи ин ҷараёнҳо занҷирҳои сарбастаи ба ҳамдигар вобаста мебошанд. Агар мо довталаби хубро ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ интихоб намоем, аз он мутахассиси хуб мебарояд ва оянда ба ҷомеа ва кишварамон фоидааш бештар мерасад. Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки дар бисёр кишварҳо пас аз ворид кардани ин низоми таҳсилот вазъи омодакунии кадрҳо ва сифати таълим хеле хуб шудааст.
Хайруллои АБДУВАҲҲОБ, «Садои мардум»